ДУШАНБЕ – ШАҲРИ УМЕДУ ОРЗУҲО

1155
  • Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эҷодиву иттилоотӣ ва нерӯи зеҳнӣ ҳамчун рамзи саодату осудагӣ ва шаҳри умеду орзуҳо ба фардои дурахшону пешрафтаи Тоҷикистони биҳиштосо рӯз то рӯз ободу зебо ва рушд намуда истодааст.

Тайи чанд соли охир дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизи мо ба марҳалаи рушду пешравӣ ба таври бесобиқа қарор гирифтааст. Танҳо дар давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, дар шаҳри Душанбе беш аз 3200 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Маҷмааи “Истиқлол”, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар як марҳилаи бисёр кӯтоҳ, дар баробари бо гулу дарахтони зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт, даҳҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо шароити муосир ва тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарии сокинон қарор гирифтааст. Имрӯз боғҳои фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”, “Кӯли ҷавонон”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Аҳмади Дониш”, “Садриддин Айнӣ”, “Умари Хайём” ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез ва гулбадомон гардида, ба макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии ҳамарӯзаи сокинони мамлакат гардидааст.

Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан ҳамчун падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории мо машҳури дунё мегардад. Акнун пойтахти кишвари азизи мо ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавӣ ва пешрафтаи ҷаҳон ва макони дилфиреби сокинони мамлакат гардидааст.

Моро месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз тенҷиву осудагӣ бо риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Ҷовид АЛИЕВ,корманди ДМТ