Донишҷуён ва хобгоҳ

444

Таърихи 21-10-2021 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ вохурии садорат ва устодон бо донишҷӯёни факултет, ки дар  хобгоҳ зиндагӣ менамоянд баргузор гардид. Бояд қайд намуд ки ин вохурӣ дар  асоси нақша чорабиниҳои бахши тарбиявии факултет ва Донишгоҳ баргузор гардид. Сароғоз декани факултет муҳтарам Самиев Х.Д ҳозиринро ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашнҳои дарпешбуда  шодбош намуда хониши аълову ахлоқи намунавиро таманно намуданд. Қайд намуданд,  ки  коллективи устодони факултет дар бораи тарбияи ҷавонон вазъи истиқомати онҳо дар хобгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ, бетараф набуда ҳамаи онҳо дар ин самт масъулияти баланд дошта, саҳмгузоранд.

Баъдан муовини декан оид ба тарбия Ғайратова Ф.А, Раиси бахши бонувони факултет Ғаффорзода Ф.А, Раиси Шурои сарпарастони факултет Мирзоев Ҳабибҷон фикру ақидаҳои худро доир ба вазъи кунунии хобгоҳҳо,  фаъолият, тартиби низом, рафтори донишҷуёни факултет дар хобгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ баён доштанд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда теъдоди донишҷуёни факултет дар хобгоҳи №6 36-нафар (29-писар, 7-духтар), хобгоҳи №1 3-нафар (писар), хобгоҳи №7 2 нафар (духтар) дар умум 40-нафар донишҷуён дар хобгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ истиқомат менамоянд. Таъкид гардид ки қоидаҳои дохилихобгоҳҳӣ,  сари вақт ҳозир шудан ба хобгоҳ, тозагии манзилу муҳити хобгоҳ, рафтори намунавӣ бо кормандон ва мутассадиёни хобгоҳҳо, иштирок дар чорабиниҳои бахши хобгоҳ аз ҷониби донишҷуён бе ягон мамоният  риоя карда шавад. 

Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.