ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «МУҲАҚҚИҚИ БЕҲТАРИНИ ИДМ» ЭЪЛОН ГАРДИДАНД

251

Донишҷӯёни курси 3-юми факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кабирова Маҳноза ва Тоиров Муҳаммад дар бахши инноватсия дар озмуни байналмилалии «Муҳаққиқи беҳтарини ИДМ», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни ҷавонону донишҷӯёни ИДМ доир гардид, ғолиб омада, бо дипломи дараҷаи 1 ва нишони ифтихории «Муҳаққиқи беҳтарин ИДМ» сарфароз гардиданд.

Ғолибият муборак бошад!