ДИПЛОМАТИЯИ ДУШАНБЕ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

510

(бахшида ба Рӯзи пойтахт)

  • Дипломатия ҳамчун воситаи асосии амалигардонии ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Ин тамоюл дар ташаккули истилоҳи “дипломатияи соҳавӣ” инъикос мегардад. Зери ин ибора шакл ё соҳаҳои гуногуни дипломатӣ фаҳмида мешаванд, ки ба сифати афзалияти сиёсати хориҷии давлатҳои алоҳида қарор дода шудаанд. Масалан, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор соҳаи дипломатӣ, аз қабили дипломатияи иқтисодӣ, обӣ, фарҳангӣ-башардӯстона ва иттилоотӣ ба таври алоҳида ишора шудаанд.

Аз ин рӯ, дар замони муосири рушди ҷомеаи инсонӣ дар шароити гуногунрангии равандҳои ҷаҳонишавӣ, на бояд моҳияти тавсеаи дипломатияи шаҳрҳои пешсафи ҷаҳон низ нодида гирифта шавад. Робитаҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки манфиати шаҳрҳои бузург тавҳам шуда, дар асри XXI лоиҳаҳои бузург ва дурнамодошта татбиқ карда шаванд.
Ташаккули мафҳуми дипломатияи шаҳрӣ дар замони муосир дар заминаи тавсеаи иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ ва пурзургардии соҳаҳои дипломатӣ дар самтгирии сиёсати хориҷии давлатҳо ба вуҷуд омадааст. Зеро имрӯз дар сиёсати ҷаҳонӣ давлатҳо, созмонҳои байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ширкатҳои фаромиллӣ, бонкҳои ҷаҳонӣ, ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва ҳатто шахсони алоҳида ҳамчун субъект баромад менамоянд. Пас савол матраҳ ин аст, ки оё шаҳрҳо метавонад ҳамчун иштирокчӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ баромад намоянд?
Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ тавсеаи алоқаҳои иртиботӣ миёни роҳбарони шаҳрҳои пешсафи ҷаҳон аҳамияти бештар пайдо менамоянд. Тақвияти равандҳои шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) дар замони муосир шаклгирӣ ва рушди алоқаҳои байнишаҳриро фаъол намуда, ин самт барои пойдории робитаҳои судманди байнидавлатӣ хеле муҳим шуморида мешавад.
Бунёди шаҳрҳои инноватсионӣ, технологӣ, экологӣ ва ҳушманд имкон медиҳад, ки на танҳо ҳамкориҳои созанда миёни шаҳрҳо тақвият пайдо намоянд, балки муаррифии дастовардҳои хоссаи шаҳр ва шаҳрсозиро дар арсаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад.
Раванди рушди шаҳрҳои ҷаҳон воқеан иқтидори бузурги аҳолии шаҳрҳоро нишон медиҳад, ки онҳо лоиҳаҳои ғайриоддии умумиҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллиро барои беҳтар шудани сифати ҳаёти аҳолии шаҳр иқдомгузорӣ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки шумораи аҳолии шаҳр яке аз ченаки инқилоби технологӣ мебошад, зеро то соли 2050 тақрибан 68% аҳолии дунёд дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд намуд. Табодули мутақобилаи идеяҳои созанда ва алоқамандии муваффақонаи шаҳрҳо дар саҳнаи ҷаҳонӣ боиси тавсеаи гуногунрангӣ ва рушди шаҳрҳо гардида, сифати лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва технологии шаҳрҳоро баланд мегардонад.
Имрӯз маҳз дар низоми шаҳрдорӣ (агломератсияи шаҳрӣ) идеяҳои пешсаф ҷиҳати танзими як қатор мушкилиҳои ҷаҳон (ҷойгир кардани аҳолии зиёд, таъминоти моддию маишӣ, таълимӣ, тандурустӣ, рушди шаҳрҳои экологӣ ва ҳушманд) нуҳуфта аст.
Бинобар ин СММ ҳадафи 11-уми барномаи рушди устувор то соли 2030-ро ба мавзуи “Шаҳр ва ҷомеаҳои устувор” бахшидааст, ки ҳадафҳои баланд бардоштани нақш ва нуфузи ҳокимияти худидории маҳаллӣ ва таъмини намояндагии онҳо дар равандҳои умумиҷаҳонӣ; ворид кардани тағйиротҳо дар унсурҳои асосии инфросохтори шарҳрҳо ба хотири дастгирии равандҳои демократӣ, фаъолияти пурсамар, навоварии ҳокимияти маҳаллӣ ва наздикии онҳо ба шаҳрвандон; таъмини самаранок ва демократии равандҳои умумиҷаҳонӣ дар шаҳрҳо ва ғайраро пайгирӣ менамояд.
Бинобар ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷрибаи истифодаи усулҳои дипломатияи шаҳрӣ дар сиёсати хориҷӣ рӯи кор гирифта мешаванд ва дар ин самт фаъолияти байналмилалии шаҳри Душанбе нақши асосӣ дорад. Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори шаҳрҳои бузурги пешрафта ва марказҳои муҳимми муколамаи масъалаҳои умумиҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Шаҳрдорӣ бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар самти густариши дипломатияи шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бинобар ин таҳлили дипломатияи шаҳрӣ дар мисоли Душанбе аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Таҳлили ҳамкориҳои байналмилалии шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се усули анъанавии дипломатияи шаҳрӣ рӯи кор мегирад, ки дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ низ ишора шудааст.
Якум, самти шаҳрҳои шарик мебошад. Имрӯз шаҳри Душанбе дар пешбурди сиёсати хориҷии кишвар фаъол буда, бо шаҳрҳои Москав, Оренбург, Тошканд ва Нур-Султон (Остона) шаҳрҳои шарик ба ҳисоб меравад ва дар доираи ин ҳамшарикӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда мешаванд;
Дуюм, самти бародаршаҳрӣ аст. Дар ин замина шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Боку (аз 3 марти соли 2022), Нур-Султон (Остона) (аз 23 сентябри соли 2021), Хайнан (аз 12 декабри соли 2018), Чиндао (аз 18 сентябри соли 2018), Ашкобод (аз 2 ноябри соли 2017), Сямэн (аз 20 июни соли 2013), Анқара (аз 11 декабри соли 2003), Минск (аз 21 июли соли 1998), Урумчӣ (аз 31 августи соли 1997), Теҳрон (аз моҳи июли соли 1995), Шероз (аз 16 феврали соли 1992), Санкт-Пертербург (аз 6 октябри соли 1991), Мазори Шариф (аз 13 июли соли 1991), Ройтлинген (аз 24 марти соли 1990), Боулдер (аз 8 майи соли 1987), Клагенфурт (аз соли 1972), Лоҳур (аз 15 сентябри соли 1976), Монастир (аз 24 ноябри соли 1967), Сано (аз 25 июни соли 1967) ва Лусака (аз моҳи августи соли 1966) созишномаи бародаршаҳрӣ баста, ҳамкориҳои судмандро дастгирӣ менамояд.
Инчунин, “дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод ба имзо расид”.
Сеюм, самти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ. Дар асоси ин усул, шаҳри Душанбе бо чунин созмонҳои байналмилалие, ки дар самти тақвияти дипломатияи шаҳрӣ фаъолият мекунанд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст:
1.Ташкилоти Умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (United Cities and Local Governments) (аз соли 2006);
2.Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (Sister-Cities International) (аз соли 2004);
3. Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (аз соли 1998);
4.Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (Boulder-Dushanbe Sister Cities)(аз соли1982);
5. Федератсияи Умумиҷоҳонии шаҳрҳои туристӣ.
Дар ин замина, рӯзҳои 9-10 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи VI-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳри Осиё” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байнишаҳрии Осиёро баҳогузорӣ намуд. Дар ин форум, роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳрҳои қитъаи Осиё ҳузуран ва маҷозӣ иштирок намуданд. Дар охири чорабинӣ, Эъломияи Душанбе ба хотири муайянсозии ҳамкории шаҳрҳои Осиё дар соли оянда қабул гардид.
Дар баробари ин, таҷрибаи дипломатияи Душанбе дар самтҳои пешбурди фаъолияти байналмилалӣ заминаҳои мусоидро барои коркард ва истифодаи дигар усулҳои дипломатияи шаҳрӣ фароҳам меорад. Имрӯз шаҳри Душанбе дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, конференсияҳои ҳалли мушкилиҳои минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ, намоишгоҳҳои молу маҳсулот, баргузории мусобиқаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ таҷрибаи бузург дорад. Аз ин рӯ, тақвияти чунин усулҳои дипломатияи шаҳрӣ метавонад дар соҳибнуфузгардии шаҳри Душанбе месоидат намояд.
1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ (конференсияҳо, симпозиюмҳо, намоишгоҳҳо) табдил ёфтааст. Дар тули 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланд доир гардидааст. Махсусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуд, ки “14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланди СММ баргузор мегардад”.
2. Имрӯз дар самти табдили Душанбе ба як шаҳри ҳушманд низ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Чуночӣ, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 “Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Дар ин замина ҳамкориҳои судман бо дигар шаҳрҳои ҳушманд ва инноватсионӣ ба роҳ монда мешаванд.
3. Шаҳрдории Душанбе ба хотири ворид гардидани шаҳр ба қатори шаҳрҳои бетарафи иқлимӣ (тоза аз партовҳои зарарнок) чораҳои зарурӣ андешида истодааст ва дар ин самт ба хотири касби таҷриба бо дигар шаҳрҳои муваффақ ҳамкорӣ менамояд. Аз соли 2019 маъмурияти шаҳри Душанбе бо барномаи “Шаҳри сабз”-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба хотири коркард ва татбиқи Нақшаи амали “Шаҳри сабз”-и Душанбе ҳамкорӣ дорад. Барномаи мазкур барои беҳтар намудани 7 соҳаи асосии шаҳрдорӣ – энергетика, таъминоти оби ошомиданӣ, нақлиёт, биносозӣ, саноат, партовгоҳҳо, истифодаи замин ва гуногунрагии табиати шаҳр фаъолият менамояд.
4. Душанбе ҳамчун шаҳри муколамавии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе даври 10-уми муколамаи амниятии Ҳирот (Herat Security Dialogue) доир гардид, ки масъалаҳои муҳимми амниятӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, бояд мукаламаи Душанбе (Dushanbe Dialogue) ҳамчун саҳнаи баррасӣ ва баҳогузории масъалаҳои амниятии минтақа ва ҷаҳон тақвият дода шавад ва бо ин роҳ, Душанбе дар фаъолияти байналмилалии хеш аз ин фишанги дипломатияи шаҳрӣ бештар истифода намояд.
5. Душанбе ҳамчун шаҳри равандсози муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” оид ба “Пурзуркунии раванди сулҳ ва рушд” доир гардид. Бо дарназардошти ин, тақвияти раванди Душанбе (Dushanbe process) ҳамчун саҳнаи баррасии мушкилиҳои гулобаӣ тақвият дода шавад. Ин омил метавонад ҷиҳати муаррифии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри иқдомгузор дар танзими мушкилиҳои ҷаҳонӣ, махсусан танзими мушкилиҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат намояд.
Бо дарназардошти фаъолияти байналмилалии шаҳри Душанбе метавон гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи шаҳрӣ нақши устуворро касб намуда истодааст. Маъмурияти шаҳри Душанбе низ барои табдили пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба як шаҳри пешрафта ва навовар бо дигар шаҳрҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ мондааст. Бинобар ин дар ин самт аз фишангҳои дипломатия Душанбе бояд бештар истифода карда шавад.
Ҷанбаҳои таърихӣ ва муосир, мафҳум ва назария, таҷрибаи амалӣ ва фаъолияти байналмилалии шаҳри Душанберо таҳлил намуда, метавон гуфт, ки шаҳрҳо ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд. Дар ин самт, дипломатияи шаҳрӣ ба яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ табдил ёфтааст ва аз усулҳои ин соҳаи дипломатия ҷиҳати дастгирии робитаҳои дӯстона ва ҳамшарикӣ ба хотири таъмини рушд, некуаҳволии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври васеъ истифода мегардад.

Анвари САФАРӢ,
н.и.т, м.к. кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ