ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН” БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

231

Имрӯз, 01 феврали соли 2023, дар асоси фармоиши ректори ДМТ оид ба баргузор намудани озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”- и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тафаккури миллӣ” бахшида ба 75 солагии ДМТ даври аввали факултетӣ миёни донишҷӯёни курсҳои 1-4 ва магистрантони курсҳои 1-2-и факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёну магисторони факултет фаъолона ширкат намуданд. Тибқи нақшаи баргузории озмун 10 савол дар шакли хаттӣ пешниҳод гардид. Нишондодҳо зимни посухҳо назаррас буданд ва итминони бовар аст, ки донишҷӯёну магистрантон дар давраҳои минбаъда низ фаъолона иштирок хоҳанд намуд.