ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ МУБОРАК БОШАД!

203

Ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати иштирок, баромад ва қироати шеърҳо дар ҷашнвора ва форумҳои маҷози (онлайн) – и байналмилалӣ соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.

Чунончӣ, ба сертификатҳои байналмилалӣ декани факултет Ҷаъфаров С.Х., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Анвари Сафарӣ, донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ Насриддинова Раъно ва Боева Санам ҷиҳати баромад ва қироати шеърҳо дар форуми байналмилалии фарҳангӣ-маънавӣ бахшида ба “Рӯзи кайҳонавардӣ” аз 14 апрели соли 2023 сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, ба сертификатҳои байналмилалӣ профессор Олимов М.А., дотсент Розиқов Ф.М., муаллими калон Анвари Сафарӣ ва донишҷӯёни ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ Азизов Комронҷон, Кароматуллоева Мафтуна, Сидиқова Ҳанифа ҷиҳати баромад ва қироати шеърҳо дар фестивали байналмилалии тарҷумаи шеър бахшида ба “Гиромидошти хотираи Н.А. Заболотский” аз 18-уми апрели соли 2023 сарфароз гардонида шуданд.