Дарси кушоди устоди кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

244

Мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ рӯзи 24–уми сентябри соли 2022 дарси кушоди д.и.с., профессори кафедраи мазкур Муҳаммадзода П.А. баргузор гардид.

Профессори кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода П.А. дар курси 4-уми ихтисоси 1-23.01.01.00 (муносибатҳои байналхалқӣ), гурӯҳи англисӣ аз фанни “Хадамоти дипломатӣ ва консулӣ” (Diplomatic and consular service) дарс мегуяд.

Дарси кушоди д.и.с., профессор Муҳаммадзода П.А. дар ин курс дар мавзӯи “Барқарорнамоӣ, нигоҳдорӣ ва рушди муносибатҳои дипломатӣ” (Establishment, maintenance and development of diplomatic relations) рӯзи 24–уми сентябри соли 2022 доир гардид.

Дар раванди дарси кушоди д.и.с., профессор Муҳаммадзода П.А. мудири кафедра дотсент Салимов Ф.Н., Раиси Шурои методӣ дотсент Шарипов А.Н., намояндаи садорати факултет н.и.т. Мирзоев Ҳ.Т., ҳайати устодони кафедра н.и.т. Анвари Сафарӣ ва асс. Ғафорзода Ф.Ҷ. иштирок намуданд.

Раванди дарси кушод тавассути презентатсия ва пешниҳоди санадҳои намунавӣ (эътимоднома ва номаи бозхонд) доир гардида, муҳтавои барқарорӣ, дастгирӣ ва рушди муносибатҳои дипломатӣ дар шароити муосир барои донишҷӯён шарҳ дода шуд. Инчунин, дар раванди дарс устод қоидаҳои асосии барқароркунии робитаҳои дипломатиро миёни давлатҳо, зарурати таъсиси сафоратхона ва муассисаҳои консулиро дар кишварҳои хориҷӣ, таъйини намояндагиҳои доимӣ барои муаррифии давлат ва ҳифзи манфиатҳои давлат ба донишҷӯён шарҳ дода шуд.