Дарси кушоди устоди кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

214

Мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ рӯзи 11–уми октябри соли 2022 дарси кушоди н.и.т., дотсенти кафедраи мазкур Шарипов А.Н. баргузор гардид.

Дотсенти кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов А.Н. дар курси 4-уми ихтисоси 1-23.01.01.02 (фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ), гурӯҳи тоҷикӣ аз фанни “Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ” дарс мегуяд.

Дарси кушоди н.и.т., дотсенти кафедра Шарипов А.Н. дар ин курс дар мавзӯи “Хусусияти хадамоти дипломатии ИМА дар замони муосир” рӯзи 11 –уми октябри соли 2022 доир гардид.

Дар раванди дарси кушоди д.и.т., дотсенти кафедра Шарипов А.Н. мудири кафедра, н.и.т., дотсент Салимов Ф.Н., намояндаи садорати факултет, н.и.т. Мирзоев Ҳ.Т., ҳайати устодони кафедра н.и.т. Анвари Сафарӣ ва асс. Ғафорзода Ф.Ҷ. иштирок намуданд.

Раванди дарси кушод тавассути презентатсия ва инъикоси санадҳои калидии сиёсати хориҷии ИМА доир гардида, ҷанбаҳои таърихии зуҳури дипломатияи Амрико, марҳилаҳои рушди хадамоти дипломатии он ва хусусиятҳои хоси сиёсати хориҷии ин давлат дар замони муосир барои донишҷӯён шарҳ дода шуд. Инчунин, дар раванди дарс устод усулҳои муосири дипломатияи ИМА, масъалаи ҳамшарикӣ дар сиёсати хориҷии Амрико, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлат, сохтори мақомотҳои марказӣ ва хориҷии ин давлат, ҳайати кадрӣ ва ҷанбаҳои маблағгузории фаъолияти намояндагиҳои хориҷии Амрико ба донишҷӯён баррасӣ гардиданд.

Иштирок доштанд: мудири кафедра, дотсент Салимов Ф.Н.

Намояндаи садорати факултет, н.и.т. Мирзоев Ҳ.Т.

Устодони кафедра: н.и.т. Анвари Сафарӣ, асс. Ғафорзода Ф.Ҷ., Фарзонаи Ш.