Чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо: Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

719

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи менеджменти Роҳтаки Ҳиндустон, санаи 4-5-уми марти соли 2022 конференсияи байналмилалиро таҳти унвони “Чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо: Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ” (Framework of engagement: Afghanistan in focus of Central And South Asian nations) баргузор менамояд. Дар кори конференсия иштироки олимон, муҳаққиқон,
коршиносон, мутахассисони ватаниву хориҷӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳо ва идораҳои дахлдори давлатӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.

  1. Равандҳои сиёсӣ ва этникии Афғонистони муосир;
  2. Афғонистон ва ҷойгоҳи он дар сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон;
  3. Заминаҳои ташаккули буҳрони Афғонистон;
  4. Афғонистон ва эҷоди таҳдиду чолишҳои амниятӣ барои Осиёи Марказӣ ва
    Ҷанубӣ;
  5. Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ва Афғонистон;
  6. Омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар рушди робитаҳои Афғонистон бо кишварҳои
    Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ;
  7. Дурнамои ташаккули вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи
    Марказӣ ва Ҷанубӣ
    Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
    Оғози кори конференсия: соати 9:00.
    Иштирок дар конференсия дар шакли ҳузурӣ ё ғайриҳузурӣ амалӣ мешавад. Даъватнома
    барои иштирок баъд аз пешниҳоди хуҷҷатҳои зарурӣ (дархост ва матни фишурда/мақола)
    ирсол мегардад.
    Кумитаи тадорукот аз муаллифон хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми таҳия
    фишурдаҳо/мақолаҳо қоидаҳои зеринро риоя намоянд:
  • саҳифаи андозааш А4, шакли китобӣ, ҳошияҳо аз чор тараф – 20мм;
  • хуруфи шакли Times New Roman Times New Roman бо андозаи – 14;
  • сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ,
    унвони илмӣ, ҷойи кор, баробаркунии матн аз тарафи рост;
  • сатри дуюм – номи мақола БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробарии матн дар байни
    саҳифа;
  • сатри сеюм – матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст,
    фосилаи байнисатри 1,5 баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа;
  • рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз ибораи «Адабиёти истифодашуда»
    оварда шуда, бо тартиби алифбоӣ омода карда мешавад. Ҳуруфи оддӣ, андозаи 12;
  • ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда дар шакли [2,45] омода
    карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва
    рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
  • ҳаҷми матни фишурда/мақола на бештар аз 20 саҳифа (бо расм, ҷадвал ва рўйхати
    адабиёти истифодашуда). Мақолаҳо бояд бо аннотатсия (фишурда) ба се забон ҷамъбаст
    гардад.
    Дархост барои иштирок ва матни мақолаҳо бояд то 20 феврали соли 2022 ба
    почтаи электронии amrsharif@mail.ru ё farrukh.n.salimov@gmail.com ирсол карда шаванд.
    Намунаи дархост барои иштирок:
  1. Ном ва насаб; 5. номи маърўза;
  2. ташкилот; 6. номи бахши конференсия.
  3. дараҷаи илмӣ, унвон; 7. Шакли иштирок (бевосита/ ғоибона).
  4. суроға, телефон, e-mail
    Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба н.и.т., дотсенти кафедраи дипломатия ва
    сиёсати хориҷии ҶТ Шарипов А.Н. бо рақами (+992) 988-50-10-11 муроҷиат намоед.
    Кумитаи тадорукот