Cеминари ҷумҳуриявии илмиву назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмин ва ҳифзи субот дар паҳнои Авруосиё”

545

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 29-
уми сентябри соли 2021 семинари чумҳуриявии илмиву назариявиро дар мавзӯи «Нақши
Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмин ва ҳифзи субот дар паҳнои Авруосиё”
(бахшида ба 20 солагии таъсиси СҲШ) баргузор менамояд. Дар кори семинар иштирок
ва баромади олимон, муҳаққиқон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони вазорату
кумитаҳо, идораҳои дахлдори давлатӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳу
донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.
Мақсади семинари илмиву назариявӣ: таҳлил, баррасӣ ва арзёбии нақш ва
мақоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар масоили таъмин ва ҳифзи суботу амнияти
минтақавӣ дар паҳнои Авруосиё мебошад.
Дар рафти семинар баррасии масоили зерин дар назар аст:

  1. Заминаҳои таърихии ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ва нақши он дар
    муносибатҳои байналхалқи муосир.
  2. Созмони ҳамкории Шанхай ва масоили сиёсиву амниятӣ дар паҳнои Авруосиё.
  3. Тоҷикистон – Созмони ҳамкории Шанхай: ҳамкорӣ ба хотири амният ва суботи
    минтақавӣ.
  4. Ташаккули равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ,
    сармоягузориву молиявӣ ва фарҳангиву гуманитарии давлатҳои аъзо дар доираи
    Созмони ҳамкориҳои Шанхай.
  5. Тамоюл ва дурнамои ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ва масоили амну
    суботи минтақавиву глобалӣ.
  6. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
    Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳаввули Созмони Ҳамкории Шанхай.

Забонҳои кории семинар: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Оғози кори конференсия: соати 10:00.
Иштирок дар семинар дар шакли бевосита ва ғоибона амалӣ карда мешавад. Даъватнома
барои иштирок баъд аз пешниҳоди хуҷҷатҳои лозимӣ (дархост ва матни фишурда/мақола)
ирсол мегардад.
Кумитаи тадорукот аз муаллифон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми омоданамоии
фишурдаҳо/мақолаҳо қоидаҳои зеринро риоя намоянд:

  • саҳифаи андозиаш А4, шакли китобӣ, ҳошияҳо аз чор тараф – 20мм;
  • хуруфи шакли Times New Roman Times New Roman бо андозаи – 14;
  • сатри якум – ҳарфи авали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ,
    унвони илмӣ, ҷойи кор, баробаркунии матн аз тарафи рост;
  • сатри дуюм – номи мақола БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробарии матн дар байни
    саҳифа;
  • сатри сеюм – матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст,
    фосилаи байнисатри 1,5 баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа;
  • рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз ибораи «Адабиёти истифодашуда»
    оварда шуда, бо тартиби алифбо омада карда мешавад. Ҳуруфи оддӣ, андозаи 12;
  • ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда дар шакли [2,45] омода
    карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва
    рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
  • ҳаҷми матни фишурда 5-8 саҳифа (бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти
  • истифодашуда). Мақолаҳо бояд бо аннотатсия (фишурда) ба се забон ҷамъбаст гардад.

Дархост барои иштирок ва матни мақолаҳо бояд то 1сентябри соли 2021 ба почтаи электронии farrukh.n.salimov@gmail.com ирсол карда шавад.

Намунаи дархост барои иштирок:

  1. Ном ва насаб;
  2. номи маърӯза;
  3. ташкилот;
  4. номи бахши конференсия.
  5. дараҷаи илмӣ, унвон;
  6. Шакли иштирок (бевосита/ ғоибона).
  7. суроға, телефон, e-mail

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба муовини декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Басиров Б.С. бо рақами (+992) 907-58-78-88 муроҷиат намоянд.

Кумитаи тадорукот