ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСОН ВА РОССИЯ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

6

Ҷойгоҳи ИДМ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ

Воқеияти ибтидои асри XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд ва ҷойгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҳоли афзоянда аст.

ИДМ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва нигоҳ доштани робитаҳои таърихии собиқ давлатҳои шӯравӣ таъсис дода шуд. Дар ҳолати кунунӣ, ИДМ ҳамчун яке аз абзорҳои асосӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо байни иштирокчиёни он дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад. Ин ниҳод дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муосир нақши калидӣ дошта, ҳамчун созмони байналмилалӣ дар самти ҳифзи манфиати давлатҳои аъзо ва таҳкими равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолият дорад.

Заминаи умумии равандҳои муҳими сиёсӣ дар ин фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кардани ИДМ мебошад, ки хислати асосии он гуногунсатҳии равандҳо дар минтақа мебошад. Ҳуҷҷатҳои заминавии раванди таъсисии ИДМ иборат аст:

1. Созишнома оид ба ташкили ИДМ (8 декабри соли 1991 – Беларус, Россия, Украина);

2. Декларатсияи Алма-Ато (21 декабри соли 1991 – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина)

3. Оинномаи ИДМ (22 январи соли 1993 – Арманистон, Беларус, Гурҷистон (14 августи соли 2008 аз созмон баромад), Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Украина, Узбекистон);

4. Шартнома оид ба ташкил кардани Иттифоқи иқтисодӣ (24 сентябри соли 1993 – 12 кишвари ИДМ).

Бояд гуфт, ки мақсад ва вазифаҳои созмон ба моддаи 52 Оинномаи СММ мутобиқат менамояд, ки таъсиси ташкилотҳои амниятиро ба хотири «танзими ҳама гуна масъалаҳои муҳофизати сулҳ ва таъмини амнияти минтақавӣ” пешбинӣ менамояд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи ИДМ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, давлатҳои аъзо дар ин самт дар шакли дуҷониба ва бисрёҷониба фаъолият менамояд.

Марҳилаҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босуботро бо шарикони анъанавии худ – давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ меҳисобад ва бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар доираи Иттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо саъй хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳампаймонӣ бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти вежа медиҳад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои 7 мақомоти оинномавии Иттиҳод (Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсози фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ) буда, дар фаъолияти беш аз 80 сохторҳои соҳавии он фаъолона ширкат меварзад.

Дар тули таърихи 34-солаи Иттиҳод, аз тарафи мақомоти олии он беш аз 2807 қарор қабул гардидааст. Раёсат дар Иттиҳод бо тартиби алифбои забони русӣ аз як давлат ба давлати дигар гузашта, дар тули як сол амал мекунад. Дар ин ҷода, шаҳри Душанбе мунтазам мизбони ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои ИДМ мегардад. Аз ҷумла дар давраи сипаришуда дар Тоҷикистон 3 ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ баргузор гашта, дар рафти онҳо санадҳои барои фаъолияти созмон муҳим қабул карда шуданд.

5 октябри соли 2007 дар ҷаласаи Душанбе як қатор санадҳо, аз ҷумла Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ барои амалисозии он қабул гардиданд.

2-3 сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии “Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда” ва Барномаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” муҳокима карда шуданд.

28 сентябри соли 2018 дар зимни ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳо пойтахти кишварамон масъалаҳои ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳод, аз ҷумла таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният дар самти ҷанубии Иттиҳод ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, барномаҳову нақшаҳо чорабиниҳои дахлдор вобаста ба мавзуъҳои муҳокимагардида қабул карда шуданд.

Давраи навбатии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ мутобиқ ба Қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳод “Дар бораи раёсат дар ИДМ дар соли 2024”, ки 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек қабул гардид, дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Ҳамшарикии Тоҷикистон ва Россия

Бо дарназардошти мавқеи Федератсияи Россия дар ҷаҳон ва минтақа, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарокати стратегӣ бо ин кишвар аҳамияти хосса дорад.Тавсеаи муносибатҳо бо Федератсияи Россия дар асоси баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон ва Россия робитаҳои сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд пайваста нигоҳ медоранд. Дар соли 2024 мулоқотҳо ва гуфтугӯҳо миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, амният ва муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима шуданд. Ба ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

28 декабри соли 1993 дар иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат зимни дастурҳои барномавии худ ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар тазаккур дод, ки ҳавзаи якуми он «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад». Ӯ чунин авлавиятро дар мисоли ҳамкориҳо бо кишвари меҳварсози ИДМ – Федератисияи Россия шарҳ дода, қайд намуд, ки ба ривоҷу равнақи онҳо ду омил мусоидат мекунад:

1. Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, ки бо назардошти аҳамияти стратегии худ сарҳади ИДМ эълон шудааст ва аз тарафи сарҳадбонон ва Қувваҳои муштараки ҳомии сулҳи ИДМ ҳифз мешавад.

2. Пайвастагии гуногунҷиҳатаи ҳарбӣ-сиёсӣ бо Федератсияи Россия.

Аз соли 1992 байни Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 320 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-инсонӣ ва дигар самтҳо танзим мекунанд. Ҳуҷҷатҳои асосии ҳамкорӣ ин Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (аз 25 майи соли 1993) ва Созишнома дар бораи ҳамкории иттифоқчигӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудааст (аз 16 апрели соли 1999), мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш афзалиятнок будани муносибатҳои Тоҷикистону Россияро таъкид карда, зимни вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин 1 августи соли 2013, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Россия ва Тоҷикистонро муносибатҳои иттифоқчигӣ ва шарикии стратегии аз ҷониби вақт озмудашуда, ки омили муҳими устуворӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, бо ҳам мепайвандад».

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисрёҷонибаро дар тамоми соҳаҳо, ба хусус соҳаи амният тақвият дода, ҳамкориҳои амниятии давлатҳо дар доираи ИДМ низ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Ҳамкориҳои амниятии давлатҳо дар доираи ИДМ

Ҳамкориҳои амниятӣ яке аз самтҳои муҳимми муносибатҳои манфиатбори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи ИДМ арзёбӣ шудааст. Бинобар ин, ҳанӯз 20-уми марти соли 1992 аввалин муоҳидаи муштарак дар чорчӯбаи ИДМ баста шуд, ки Эъломия “Оид ба истифода набурдани қувва ё таҳдиди қувва бар зидди яке аз давлатҳои аъзои ИДМ” ба ҳисоб мерафт. Инчунин, бо қарори сарони давлатҳои аъзои ИДМ – Шурои вазирони мудофиаи ИДМ созмон дода шуд, ки ҳамчун мақомоти олии машваратии Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ доир ба масъалаҳои ҳарбӣ ва амниятӣ пазируфта шудааст.

Заминаи фаъолияти муштараки Тоҷикистону Россия оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ин ташкили Қувваҳои дастаҷамъии сулҳхоҳи ИДМ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аз ин давра, ҳамкориҳои амниятии ду давлат пайваста дар доираи ИДМ рушд ёфта истодаанд.

Аз ҷумла, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти таъмини амнияти сарҳадӣ дар доираи ИДМ яке аз авлавиятҳоро дар сиёсати хориҷии ҷонибҳо касб намудааст. Хусусан ин ҳамкориҳо ба минтақаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тааллуқ дорад. Дар муносибат бо ин, ягона мақомоти ҳамоҳангсозанда – Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ мебошад, ки соли 1992 созмон дода шудааст. Дар доираи ИДМ Федератсияи Россия вазифаҳои асосиро ҷиҳати ташкили сохторҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тҷикистон ба дӯш гирифт. Ҳамкориҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар доираи Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ дар марҳилаи кунунӣ идома доранд.

Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи ИДМ ҳамкориҳоро дар самти мудофиаи фазои ҳавоӣ дар сатҳи лозима ба роҳ мондааст. Дар соли 1995 Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ ташкил карда шуд, ки вазифаи асосии он дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мудофиаи фазои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани амалиёти мувофиқашудаи муштараки қувваҳои мудофиаи зиддиҳавоии иттиҳод ҳангоми имкони пайдо шудани таҳдиди хатари ҳавоӣ-кайҳонӣ таҷассум ёфтааст.

Яке аз самтҳои хеле муҳимми ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи ИДМ, ин фаъолияти сулҳҷӯёна ба ҳисоб меравад. Қобилияти пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот меъёрҳои муҳимми муассирии ИДМ мебошад. Дар заминаи меъёрҳои қарордодию ҳуқуқӣ созмондодашуда, амалиёти сулҳҷӯёни ИДМ барои ҳифзи сулҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд.

Айни замон, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи ИДМ масоили шидиди мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои интиқоли он, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва мусаллаҳшавӣ сурат гирифта истодааст, ки хатари ҷиддӣ ва афзуншавандаро ба амнияти байналмилалӣ эҷод мекунад. Мавриди зикр аст, ки яке аз соҳаҳои асосиии ҳамкориҳои ҳарбӣ ин беяроқгардонӣ ва назорати халъи силоҳ тибқи Созишнома дар бораи қувваҳои мусаллаҳи анъанавӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад ва мутобиқшавии он ба шароитҳои муосир ҳамчун кафили амнияти дастаҷамъии ИДМ ҳисобида мешавад.

Самти муҳими ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Россия дар доираи ИДМ мубориза муқобили терроризму ифротгароӣ аст. Дар ин самт, мақомотҳои қудратии ду давлат ҳамкориҳои наздики амниятиро ба роҳ монда, фаъолияти муштаракро барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон, баргардонидани ҷинояткорон ба кишварҳои якдигар, табодули иттилооти зарурӣ, пешгирии ҷинояткорӣ роҳандозӣ менамоянд.

Яке аз шаклҳои афзалиятноки ҳамкории воҳидҳои тафтишотӣ амалӣ намудани амалҳои мурофиавӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад. Бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, дар ҳарду кишвар мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд, махсусан таъхирнопазир мегардад.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чун шарикони анъанавӣ робитаҳои мутақобилан судмандро дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба дастгирӣ намуда, пайвасата доираи ҳамкориҳои амниятиро дар чаҳорчӯбаи ИДМ ҷиҳати пешгирии низоъҳои минтақавӣ, таъмини суботи сартосарӣ, тақвияти низоми амнияти дастаҷамъӣ ва мубориза муқобили таҳдиду хатарҳои муосир тавсеа мебахшанд.

Розиқов Ф.М. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ