Ҳамкориҳои мутақобила миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев

145

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев (Евразийского Национального Университет им. Л.Н. Гумилева) рӯзи 07 ноябри соли 2023 дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ вохӯрии судманди устодони ду донишгоҳ сурат гирифт. Дар ин вохӯри асосан ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултет бо устодони Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев сурат гирифт.

Дар ин семинари илмӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев – доктори илмҳои сотсиологӣ Садвокасова Айгуль Какимбековна, номзади илмҳои сотсиологӣ Накипбаева Жанар Абдуакановна, доктори PhD Элмира Отар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ Садвокасова А.К. дар мавзуи “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байниқавмӣ дар Қазоқистон” (Государственная политика в сфере межэтнических отношений Казахстана), Накипбаева Ж.А. дар мавзуи “Омӯзиши нақш ва ҷойгоҳи занони ҳайатҳои қавмии Қазоқистон дар шаклгирии ҳуввияти иҷтимоӣ” (Изучение роли и места женщин этнических групп Казахстана в формировании социальной идентичности) ва Элмира Отар дар мавзуи “Тоҷикони Қазоқистон: гузашта ва ҳозира” (Таджики казахстана: прошлое и настоящее) баромад намуданд.

Дар охир миёни устодон ва меҳмонон доир ба нақш ва ҷойгоҳи халқи тоҷик дар таърихи Қазоқистон табодули афкор сурат гирифта, умедворӣ гардид, ки дар оянда ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар хоҳанд шуд.