ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ОНЛАЙНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

318

Имрӯз таҳти раёсати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи онлайнӣ бо роҳбарони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба дастуру супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида баргузор гардид. Дар толори калони ДМТ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовинони ректор, садоратҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, раисони шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони шуроҳои диссертатсионӣ ҷамъ омада, дар ҷараёни баргузории ҷаласа иштирок намуданд.Зимни баргузории ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имкониятҳои Ҳукумати мамлакат дар самти илму таълим суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки доир ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат ва чораҳои пешгирӣ бо терроризм ва экстремизм байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ байни донишҷӯён, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода мекунанд, аз байн бурдани норасогии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои олии касбӣ ва дигар масъалаҳои илму маорифи кишвар корро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шаванд. Дар робита ба масъалаҳои баррасишуда роҳбарон ва масъулини донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.