Ҷаласаи гурӯҳи кории машваратии минтақавӣ оид ба таҳияи пешниҳодҳо оид ба шаклҳои татбиқи ҳуқуқи озодии эътиқод ва виҷдон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ

390

Санаи 24-25 ноябри соли 2020 дар Маркази коршиносиву таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории машваратии минтақавӣ барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба шаклҳои татбиқи ҳуқуқи озодии эътиқод ва виҷдон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.

Ҳадафи чорабинӣ:

1) Таъсиси гурӯҳи кории минтақавии машваратӣ барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба шаклҳои татбиқи ҳуқуқи озодии эътиқод ва виҷдон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон. Муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи озодии эътиқод ва таҳлили васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи озодии эътиқод ва ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ: кейсҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

2) Мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи озодии эътиқод ва виҷдон барои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва пешгирии радикализатсия.

3) Таҳияи маводи таҳлилӣ аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои минтақавӣ.

Фишурдаҳои чорабинӣ:

  • Кишварҳои иштирокчиро зарур аст, ки платформае таъсис диҳанд, ки дар он таҷрибаи худро дар самти пешбурди озодии эътиқод ва пешгирии ифротгароии хушунатомез маълумот диҳанд.
  • Муайян кардани умумият ва фарқияти ҳар як кишвар дар соҳаи ташвиқи озодии эътиқод ва пешгирии ифротгароии хушунатомез
  • Таҳияи фаҳмиши амиқи равандҳои динии ҷорӣ дар ВАО
  • Муайян кардани тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи озодиҳои динӣ
  • Таҳияи механизми татбиқи тавсияҳо оид ба такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи озодии эътиқод

Таҳқиқотҳои мазкур аз ҷониби Намояндагии Корпоратсияи ғайритиҷоратӣ “Search for Common Ground” дар доираи татбиқи лоиҳаи «Protect to Prevent» омода гардиданд:

-24 ноябр – “Таҳлили асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии озодии виҷдон дар Тоҷикистон”;

-25 ноябр – “Таҳлили расонаҳои иҷтимоӣ оид ба озодии виҷдон ва ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон”.

Тадқиқотҳои мазкур аз ҷониби Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ, Ташкилоти ҷамъятии “Тахлил” анҷом дода шуд.

Муаллифони таҳқиқот: мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ дотсент Фаррух Салимов, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф. Рустам Азизӣ, устоди кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ н.и.с. Шералӣ Ризоён