Афзалиятҳои асосии барномаи таҳсилоти магистратура

32

🎓 Магистратураи «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатия» — пайванди назария ва амалия дар сатҳи касбӣ

Ин барномаи таълимӣ барои донишҷӯёне таҳия шудааст, ки мехоҳанд дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, дипломатия ва равобити байналмилалӣ фаъолият намоянд.

📌 Афзалиятҳои асосӣ:
▪️ Ҳайати омӯзгорон иборат аз дипломатҳои амалкунанда ва собиқадор

▪️ Мундариҷаи фанҳо мутобиқ ба воқеияти сиёсати байналмилалӣ: сиёсати хориҷии Тоҷикистон, амнияти глобалӣ, дипломатияи иқтисодӣ

▪️ Шеваҳои таълимӣ — бо иштироки фаъоли донишҷӯ: муҳокимаҳои илмӣ, таҳлили вазъиятҳо, кор бо матни расмӣ

▪️ Забонҳои таълим: тоҷикӣ ва русӣ

▪️ Имкони иштирок дар табодули илмӣ ва таҳсил дар хориҷ

▪️ Омӯзиш бар асоси низоми кредитии ECTS (Болонӣ)

📍Таҳсилоти амалии академикӣ (стажировка) дар вазорату идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ.

🌐 Сомона: www.tnu.mo.tj