Қадрдонии донишҷуёни факултет

410

Санаи 02.12.2021 дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои раёсати донишгоҳ ва комёбиҳои илмии чанде аз устодону кормандони донишгоҳ (супоридани дипломҳои номзадию докторӣ) муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон, дастаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва роҳбарони онҳо бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Боиси таъкид аст донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (гуруҳи англисӣ)  Кабирова Маҳноза Зафаровна ва Тоиров Муҳаммад Набиҷонович  барои иштироки фаъол дар сатҳи факултет давраҳои умумидонишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни  ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз руйи номинатсияи ихтироъкорӣ сарфароз гардиданд.

Зимнан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва дастовардҳои тозаи илмияшон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.