Ҷаҳони Тоҷикон

765

Дар Пайёми пурмуҳтавои охирини худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати омӯзиши ҳаматарафаи мероси фарҳангиву илмиро алоҳида таъкид намуданд. Ин Пайёми сарвари кишвар чун дастури сармашқи кули зиёиёни кишвар буда, моро водор менамояд, ки дар ин самт фаъолияти худро дучандон ҷоннок намоем.

Дар радифи ҳамин сиёсати тамаддунофарини роҳбари давлат олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси машварати илмии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ва донишгоҳ як силсила лоиҳаҳои илмиро амали карда истодаанд. Яке аз лоиҳаҳои илмии умедбахши донишгоҳ ва вазорат ин- кофтуков ва ҷобаҷо гузоштани мероси хаттии ниёгон буда, аз халиҷи Бангола то халиҷи Босфорро фаро гирифтааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи давлати Сомониён халқи тоҷик раванди ташаккулёбии худро бо мувофаққият ба итмом расонида, дар адабиёт ва илмҳои гуногуни ҷаҳон ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Ин дастовардҳо  натанҳо  ҷаҳони исломро фаро гирифт, балки ба тамаддуни ҷаҳонӣ низ ҳиссаи назарраси худро гузошт. Имрӯзҳо ин омил чун «ренессанси исломӣ» ба ҷаҳониён маълуму машҳур мебошад. Таҳқиққотҳои солҳои охири олимони ҷаҳон нишон дод, ки ҳиссаи бузурги ин «эҳёи тамаддуни исломи»ро намояндагони минтақаи Вароруд ва Хуросон, ки аксарашон тоҷикон буданд, гузоштанд.

Ин раванди тамаддунофаринӣ аз вазирони бузурги хилофати Аббосиён -Бармакиён оғоз ёфта дар давраи даҳ амирони фарҳанги воло доштаи Сомониён ба нуқтаи олии худ расид. Ин гуфтаҳо дар ғояи «Буи Ҷуи Муллиёни» Устод Рудакӣ, «Ал-Қонуни» Ибн Сино, «Шоҳномаи» безаволи Устод Фирдавсӣ, алгебраи Хоразмӣ, ихтироъи астролябияи Абу Маҳмуд Хуҷандӣ, «Таърихи» Табарӣ, асари «Ҳиндустони» Берунӣ ва садҳо беҳтарин намунаҳои илму фанҳои гуногунро дарбар мегиранд, бо ғурур номбар кардан мумкин.

Таҳлилҳои  таърихиву муқосавӣ ва мундараҷавии  (контент-анализ) мо нишон дод, ки дар ин «ренессанси исломӣ», ғишти аввалини онро сулолаи бузурги вазирони Бармакиён  гузошта ва  девори бузурги онро амирони Оли Сомон бардоштанд, ки он фаъолияти  фарҳангӣ  барои ҳар як сулолаи баъдин (аз Ғазнавиён то Манғитиён) мояи интихор будааст. Албатта ин машғулияти тамаддунофарини Бармакиен-Тоҳириён-Сомониён бетартиб набуда, балки дар асоси як ғояи хеле қавӣ дар таи 200 сол амалӣ гардидааст, ки маҳсули он то оғози асри ХХ ҳифз шудааст. Меҳвари ин ғояи бунёди- ҳифзи забони модарӣ- тоҷикӣ аз фишори забонҳои арабӣ ва туркӣ буда, онро Сомониён ва пешрафтагони онҳо хеле бомуваффақият иҷро намуданд. Амалигардонидани ин сиёсат бе коркарди як  стратегияи қавӣ ғайриимкон буд. Барои ҳамин мо итминони комил доштем, ки ҳамаи амирони Сомониён дар асоси як стратегия, ки аз тарафи асосгузори ҳақиқии ин давлати абарқудрат Исмоили Сомонӣ коркарда кардааст, ба ҳаёт дам ба дам татбиқ намуданд. Афсус, ки асарҳои зиёди давраи Сомониён то имрӯзҳо боқӣ намонданд, барои ҳамин ба фарзияи мо ин стратегияи мукаммал шартан номи «Ҷаҳони Тоҷикон» дорад. Ин стратегия дар таркиби худ аз назари мо на кам аз ҳафт қисми ҷудонашаванда: забони тоҷикӣ чун забони расмии давлат; такмили (10) девонҳои давлатӣ бо роҳбари вазири бузург; эҷоди консепсияи «аморат/султонат» (бар муқобили «имомат»); дастгирии мазҳаби ҳанафӣ дар ислом; синтези «тоҷику-турк»; сарпарастии аҳли «қалам» ва ғамхӯрии рушди шоҳроҳи абрешим дошта, онҳо якдигарро тақвият дошта, мавқеи волои тоҷиконро на танҳо дар Вароруду Хуросон, балки  дар минтақаҳои наздик ва дури он  нигаҳ доштааст.

Баъди давлати Сомониён ин стратегия, асосан, анъанаҳои хуби парастории аҳли илму маърифати онҳо аз тарафи меросхурони наздик ва дури онҳо (Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ғуриён, султонҳои Деҳлӣ ва Бангола, Темуриён, Усмониён ва дигарон)  идома ёфтанд. Сабаби асосии садсолаҳо идома ёфтани ин таҷрибаи беназири тамаддуни ҷаҳонӣ дар идома ёфтани истифодаи забони тоҷикӣ дар забони идораи он давлатҳо ба шумор меравад. Ин анъанаҳои фарҳангдӯстӣ дар баъзе аз давлатҳои Осиё то замони нав давом дошт. Вориди аврупоиён ба кишварҳои Осиё ба давом ёфтани ин анъана монеъгии сахт эҷод намуданд ва анъанаҳои тоҷикӣ бо сиёсати русҳо ва инглизҳо иваз карда шуд.

Вазъият то ба он ҷо расид, ки олимони Аврупо имрӯз оиди фарҳанги гумшудаи Осиёи Марказӣ, ки ҳазор сол яке аз пешқадамтарин минтақаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт, сухан мероранд. Яке аз пешқадамтарин мутахассисони имрӯзи Амрико оид ба Осиёи Марказӣ профессор Фредерик Старр дар китоби нави худ «Маорифи гумшуда. Давраи тиллои Осиёи Марказӣ аз истилои араб то давраи Темуриланг» (Москва,2017) дастовардҳои ин давраи дар ҳақиқат беҳтарини минтақаи моро холисона таҳқиқ менамояд. Лекин ин олими амрикоӣ дар фишурдаи (аннотатсияи) ин китоби илмиву таҳлилии худ бо афсус таъкид менамояд, ки «имрӯзҳо Осиёи Марказӣ дар назари  ҷаҳониён- якчанд ҷумҳуриҳои камбизоати дар канораи замин аз назари Офаридгор дур монда, ки фарҳанги камранг доранд». Албатта, чунин баҳогузори ба минтақаи мо, ки асоси фарҳангдории онро, асосан, ниёгони мо таъмин менамуданд, моро қонеъ карда наметавонад.

     Барои ҳамин академик Муҳаммадюсуф Имомзода се сол қалб як консепсияи эҳёи фарҳанги халқи тоҷикро бо ғояи  «Бозгашт ба Ватан» ро пешниҳод намуд, ки ҳадафи асосии он дарёфт, ҷамъоварӣ ва баргардонидани мероси хаттии ниёгон аз хориҷи кишвар  ба Ватан ва гузоштани онҳо ба манзури ҳамватанон, мебошад. Барои амалигардонидани ин ташаббуси саривақти, ки ҳатто дар Пайёми охирини Пешвои миллат алоҳида таъкид гардид, олимони кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар дохили дигар сохторҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ саҳми худро доранд. Тибқи ақидаи устод Имомзода дар хориҷи кишвар, асосан дар Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Кафқоз, Муғулистон, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон адабиёти бисёрсоҳаи ниёгони мо (бо забони тоҷикӣ) хеле зиёд буда, даври омӯзиши ҳаматарафаи онҳо, баргардонидани нусхаҳои онҳо ва ба манзури хонандаи тоҷик гузоштани онҳо расидааст. Олимони тоҷик ба назари профессор Фредерик Старр оид «маорифи гумшуда»и кишвар ва минтақа розӣ шуда наметавонанд, танҳо «парокандагии» онро дар қаламравӣ кишварҳои гуногуни ҷаҳон эътироф намуда, ба баргардонидан ва шиносоӣ бо мундариҷаи пурмуҳтавои он шурӯъ намуданд.

Як гуруҳ олимони тоҷик аз донишгоҳ ва академияи миллии илмҳои кишвар дар оғози соли ҷорӣ ба марказҳои илмии Ҳиндустон сафар намуда бо китобхона ва ганҷинаҳои китобдории он шинос шуданд. Нахустин натиҷаҳои таҳқиқотҳои саҳроии мо баниҳоят аҷиб буд. Маълум шуд, ки миқдори дастхатҳои тоҷикии ниёгони мо дар ин кишвари бузург, аз назари мо, аз маҷмуи дастхатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон чанд маротиба зиёд мебошад. Барои ҳамин мо дар асоси сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ ҳавзаи эҷодии ниёгони мо, ки барои идораи давлатҳои гуногуни Ҳиндустон аз Вароруд омаданд, ба се ҳавза: ҳавзаи Деҳлӣ, Бангола ва Панҷоб тақсим намудем. Фаъолияти худро аз дуртарин ҳавзаи эъҷодии ниёгони худ- Бангола, ки дар соҳили халиҷи Бенгалия ҷойгир аст шурӯъ намудем. Ҳар як таҳқиқоти мо натиҷаи ғайричашмдошт пурмаҳсул буд:

  1. Аз соли 1204 то соли 1837 дар қаламрави султонати Бангола забони тоҷикӣ қарийб 635 сол вазифаи забони давлатиро иҷро менамуд. Танҳо с. 1837 аз тарафи инглизҳо, ки аллакай 70 сол (аз с. 1757) ин вилояти пешрафтаи Ҳиндустонро идора мекарданд, забони тоҷикӣ ба забони онҳо иваз карда шуд. Барои ҳамин асарҳои забони тоҷикӣ зиёд буда, лекин ҳолати нигаҳдории онҳо беҳбудиро металабад;
  2. Аввалин чопи сангии дастхатҳои тоҷикӣ (дарӣ-форсӣ) дар чопхонаҳои муосири шаҳри Колката (пешин Калкута) амалӣ шуда, ба китобхонаҳои ҷаҳон паҳн шудааст;
  3. Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар ҷаҳон дар шаҳри Калкута аз тарафи маорифпарвари  ҳиндутабор Раҷа Ром ба номи «Мират- ал-ахбор» солҳои 1823-1824 аз чоп баромада, ба мавзуъоти мубрами онвақтаи Ҳиндустон бахшида шудааст;
  4. Дар шаҳри Колката ду маркази илмӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд, ки яке –Ҷамъиятӣ Осиёгӣ (Asiatic Society), ки аз с. 1787 фаъолият дорад, дар қатори нигоҳбинии дастхатҳои нодир (хати Канишка, шоҳаншоҳи Кушониён) боз дорои дастхатҳои нодир ба забони тоҷикӣ мебошад. Дуюмин марказ- «Ҷамъияти Эронӣ» (Iranian Society), ки аз с. 1944 фаъолият дошта, дорои китобхонаи нодири дастхатҳои тоҷикӣ ва маҷаллаи илмӣ «Индо-ираника»  мебошад.
  5. Шумораи шоирон ва мутаффакирони тоҷик дар Бангола ва кули Ҳиндустон ҳамон қадар зиёд шудааст, ки коршиноси Ҳиндутабор Дас бо тахаллуси «Хушгӯ» китоби сеҷилдии худро «Сафинаи Хушгӯ» бо феҳристи ному насаби зиёда аз 1400 нафари онҳоро бо намунаи ашъори онҳо таълиф кардааст. Ҳолат то ба он ҷо расидааст, ки зиёиёни  ҳиндутабор аз назми тоҷик мафтун шуда, ба эъҷоди шеърҳо ба ин забон гузаштаанд.

Ин таҳқиқотҳо  дурустии нақтаи назари устод Имомзодаро, ки гуфтааст: «аз охири асри XV то охири асри XIX  (аз устод Ҷомӣ то устод Дониш)  ҳавзаи эъҷодии халқи тоҷик, асосан, ба Ҳиндустон кӯч бастааст» боз аз нав тасдиқ менамояд.

Ҳайати гуруҳи илмии Донишгоҳи миллӣ ва Академияи миллии илмҳо бо натиҷаҳои назаррас аз Ҳиндустон бо нусхаҳои 43 дастхатҳои нодир, ки аз он 10 номгуи адабиёти авастоӣ, ва номгуи  9 852 дастхати тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, баргашт.

Имрӯзҳо тибқи дастгирии роҳбарияти вазорати маориф ва илм ва донишгоҳи миллӣ бунёди «Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ» ба анҷом расидааст. Аллакай як қисми дастхатҳо чун корҳои паҷӯҳиши аз тарафи муҳаққиқони марказҳои илмии кишвар омухта истодаанд.

Нахустин таҳқиқотҳои саҳроии мо нишон дод, ки амирони дурандеши Сомониён як стратегияи мукаммали «Ҷаҳони Тоҷикон»ро коркард карда ва он васеъ амалӣ карданд,ки мо онро бояд  ҳаматарафа омӯхта, ба ҷаҳониён пешкаш намоем.

Мамадазимов А.

Сиёсатшинос, дотсенти кафедраи

 минтақашиносии хориҷии ДМТ