ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ВА МАЪНИИ РАНГҲОИ ОН

9

“Парчам таҷассумгари таърихи куҳан,

фарҳанги баланд, анъана ва урфу

одатҳои мардуми тоҷик мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон.

Парчами миллӣ яке аз муқаддасоти давлатӣ буда, симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд. Вобаста ба таъриху фарҳанг, урфу одатҳо ва ахлоқу маънавиёти миллати тоҷик парчами миллии мо шомили рангҳои сурх, сафед, сабз ва зард (тоҷу ситароҳои он) аст, ки ин интихоби рангҳо тасодуфӣ нест. Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз даврони бостон то кунун замон расидаанд.

Худи масъалаи рамзҳои рангӣ яке аз масъалаҳои меҳварии вобастагии байни рангҳо ва равони инсонҳо ба ҳисоб меравад. Пайдоиши рамзҳои рангӣ ва мазмуни он ба муносибати байни инсонҳо, воқеаву ҳодисаҳои ҳаёти мардум ва фарҳангу маданияти байни онҳо вобастагӣ дорад.

Ҳанӯз дар ҷомеаи ориёиҳо ранги сафед вижаи руҳониён, сурх вижаи размиён ва сабз вижаи мардуми кишоварзу чорводар будааст:

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (авестоӣ: ahura.mazdā-; порсии миёна: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (авестоӣ: vayu- / vayaw-; паҳлавӣ: порсии миёна: way — ба маънии фазо, — эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (авестоӣ: θwāša-; порсии миёна: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.

Чуноне ки маълум аст, ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам будаанд, ки бо номи дирафш машҳур аст ва он дар даврони Сосониён аз чор ранг иборат буд: сафед, сурх, сабз ва зард.

«Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулф» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфтааст.

«Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-» буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд.

Мардуми тоҷик доир дирафш ва рамзи рангҳои дирафш маълумотҳои амиқу дақиқ доштанд.

Масалан, рангҳои сафед ва ранги зарди тиллогин яке аз рангҳои муҳиму асосии мардуми тоҷик буд, ки ҳамчун рамзи офтоб, равшанӣ, зиндагии нек ва неъматҳои он шинохта мешуд.

Ранги сурх низ ранги муқаддас буд. Ин ранг рамзи ҷавонмардӣ, ҳимматбаландӣ ва шарафмандии бузургмардони миллати тоҷик дониста мешуд.

Ранги сабз низ аз рангҳои махсуси мардуми тоҷик буд ва он рамзи қуввату тавоноӣ, инчунин рамзи рушду ташаккули миллату давлат дониста мешуд.

Тоҷикон дар тӯли таърих соҳиби парчамҳои гуногун буданд, ки дар хусуси онҳо маълумоти амиқу дақиқ пайдо нест.

Парчами имрӯзаи миллати тоҷик яке аз рамзҳои муҳимми Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт:

«Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Маҳмудзода М.Қ. н.и.ф., муаллими калони

кафедраи мутолиоти шарқи

факултети муносибатҳои байналмилалӣ