Дар Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм диққати махсус дода мешавад. Пешвои миллат рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳими рушду такомул ва пешравии давлату миллат медонанд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола нисбати кормандони ин соҳа ғамхориҳои назаррас аз ҷониби Пешвои миллат дида мешавад. Аз моҳи сентябри соли 2025 баланд бардоштани маоши кормандони ин соҳа шаҳодати гуфтаҳои болост.
Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат низ соҳаи маориф ва илм яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Возеҳ аст, ки пешрафти соҳаи маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро
ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки
сифати аҳоли на ба шумораи он балки ба сифати маориф ва саводнокии аҳолии он ба шумор меравад. Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар даврони истиқлолият шумораи мактабҳои миёна ба 4037 расонида шуд, соли 1991 дар кишвар 13 муассисаи олӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият доштааст ва ин нишондиҳанда бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар ба 48 расонида шуда, айни замон дар ин муассисаҳои олӣ беш аз 214 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудданд, ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ин соҳа мебошад. Ҳамҳамон дар Паём Пешвои миллат ба таҳсили ҷавонони кишвар дар кишварҳои гуногун таваҷҷуҳ доданд, ки тули соҳибистиқлоли 117 ҳазор нафар ҷовонони мо дар кишварҳои гуногун таҳсили илм намуда мутахассисони баландихтисоси соҳа гаштанд. Айни замон шумораи донишҷуёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда ба зиёда аз 42 ҳазор нафар мерасад. Ин нишондиҳанда донистани забонҳои хориҷии ҷавононро нишон медиҳад, зеро дар ин донишгоҳҳо бе донистани хуби забонҳои хориҷӣ таҳсил намудан ғайриимкон аст. Пешвои миллат ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкидҳои зиёд намуданд.
Барои дар сатҳи зарурӣ аз худ намудани забони хориҷӣ аввал мо забони модариро бисёр хуб омӯзем аз ин ҷост, ки гуфтанд:
Ҳар кас ба забони худ сӯхандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Пешвои миллат дар баромадашон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” чунин қайд намуданд: “Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.
Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд”.
Аз ҷумла дар Паёми имсола муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироиҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахасссоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд». Пешвои миллат барои дар сатҳи баланд омӯхтани забонҳои хориҷи дастур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷи аз муассисаҳои томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин радиф бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, тайёр намудани кадрҳои баланихтисоси забондон дар факултет синфхонаҳои омӯзиши забони хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълими забономӯзӣ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба тамоми кушишу малака ба роҳ монда шудааст.
Мо, олимон, омӯзгорон ва аҳли зиё бояд ин нуктаҳои Паёмро роҳнамои фаъолияти илмию омӯзгории хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба зинаи имрӯзаи илми муосир расонидани хонандагону донишҷӯён набояд малакаю таҷрибаю заҳмати хешро дареғ дорем. Дар доираи суханони пурмуҳтаво ва дастури оқилонаю олии Пешвои миллат ва барои ба сатҳи баланди илмӣ ва забондонӣ расидан, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён зарур аст.
Раҳмонов М. А. Тупалов Ғ.Ш. устодони кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ