ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ҲАЙАТИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

481

Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ чунин вохӯрӣ бо коллективи факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолияти шашмоҳаи самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалии факултет ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати омода намудани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, дифои рисолаҳои номзадию докторӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои илмӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки дар донишгоҳ барои устодон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, раёсати донишгоҳ омодааст, ки дар ҳама самт омӯзгоронро дастгирӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки дар факултет имкониятҳо барои омода намудани мутахассисон муҳайё мебошад. Аз ҷумла, синфхона барои омӯзиши забонҳои англисӣ, арабӣ ва чинӣ, 2-синфхонаи компютерӣ (синфхонаи имтиҳонӣ ва лингофонӣ), (толори видеоконференсияҳо), 7- синфхонаи видеопроектор бо тахтаи электронӣ баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар охир декани факултет Ҷаъфаров С.Х., дотсентон Мамадазимов А.М., Баротзода Ф.Б. ва Шарипов А.Н. дар робита ба беҳтар иҷро намудани нақша- чорабиниҳо ва дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ пешниҳодҳо намуданд.