- Санаи 21 феврали соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати вохӯрӣ ва дар мавзуҳои муҳим суҳбат намудан бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқомакунанда ба хобгоҳи 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни вохӯрӣ декани факултет муҳтарам Ҷаъфаров С.Х. оид ба масъалаҳои риояи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гуруҳҳои экстремистию террористӣ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон», таҳсили худро ҳарчи хубтар ба роҳ мондан ва масъалаҳои ҷорӣ суҳбати судманд анҷом доданд.
Ҳамчунин дар идомаи сӯҳбат доир ба ҳифзи истиқлоли комил, ваҳдати сартосарӣ, сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар, ки ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад суханронӣ намуданд.
Дар охири вохӯрӣ музокира ва андешаҳои донишҷӯён шунида шуда, ба саволҳои онҳо аз тарафи садорати факултет ҷавобҳои мушаххас дода шуд.