ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

276

Санаи 17 октябри соли 2022 садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраҳои факултет ҷиҳати вохӯрӣ ва дар мавзуҳои муҳим суҳбат намудан бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқомакунанда ба хобгоҳҳои 6 ва 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.Зимни вохӯрӣ декани факултет Ҷаъфарзода Сайҳомид донишҷӯёнро ҷиҳати таҳсили худро ҳарчи хубтар ба роҳ мондан ва бо донишҳои муосир бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳм гузоштан даъват намуданд.Сипас, мудирони кафедраҳои факултет доир ба ҳифзи истиқлоли комил, ваҳдати сартосарӣ, сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар, ки ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад, суханронӣ намуданд.Дар охири вохӯрӣ музокира ва андешаҳои донишҷӯён шунида шуда, ба саволҳои онҳо аз тарафи садорати факултет ҷавобҳои мушаххас дода шуд.Садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ пайваста ҷиҳати назорати донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқомакунанда чунин вохӯриву суҳбатҳои судмандро ба роҳ мемонад.