Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон санаи 27-июн рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифта мешавад. Сайре ба ин санаи таърихи барои дарки амиқи арзиши ин неъмати бебаҳо басо зарур аст. Пас аз ҷанги бародаркушу хонумонсуз, ки ҳазорҳо шаҳрвандони моро бесаробон, садҳо нафари дигарро аз Ватан беватан, мулки ободу зеборо ба вайрона табдил дод, расидан ба Ваҳдати миллӣ як неъмате буд, ки орзуву ормони ҳамаи халқи тоҷик буд. Бо ҷоннисориҳои абармардони миллат, бевосита Пешвои муаззаму мабуби дилҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки новобаста ба ҳар ҳолат дар раванди гуфтушунидҳо иштирок ва билохира санади муҳими таърихиро ба имзо расониданду миллати парокандаи тоҷикро ба Ватан сарҷамъ карданд, хушбахтона тӯли 27 сол мешавад, ки мо шаҳди ширинии ин санаи муборакро мечашем.
Вахдати милли хамчун падидаи нодири даврони сохибистиклолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашави қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нести раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.
Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имруз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастани дорад. Бо тадбир ва талошхои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати точик аз вартаи нобуди наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандустонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи тоҷик мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гироми дорем ва ҳифзу нигахдори намоем”.
Бояд махсус қайд намоем, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ миллати тоҷик тавонист дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимои ва фарҳанги, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали ба сатҳи баланд бардорад. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумат барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.
Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асоситарини рафъи ихтилофоти дохили ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омузишу истифодаи созмонхои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башари қарор дорад. Мо ҳоло амик дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.
Чорабинии байналмиллалие, ки рузҳои 10-ум то 13 июни соли ҷорӣ оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 2000 нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои СММ, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карданд, шаҳодати Ваҳдату якпорчагӣ, сулҳу осоиш ва тинҷиву амонии кивари маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Воқеан, халқи тоҷик ҳар солгарди ба имзо расии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар баробари рӯзи истиқлолият қадр менамоянд, азиз медоранд ва онро ботантана ҷашн мегиранд. Дар охир бо як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоямонро ҷамъбаст намуданием: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад…».
Бигузор ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳу сафои он, ҳамзистию осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, якмаромӣ, якпорчагии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда бод!
Мудири кафедраи мутолиоти Шарқ н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.А.