Ваҳдат- заминаи пешрафт ва шукуфоии миллат

1356

Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид .Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад»

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон  (суханрони ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом 27.06.2018, шаҳри Конибодом)

Имрўз  падидаи ваҳдати миллӣ мавзўи баҳсу мунозираҳои назариявӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи генералии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гар­донд ва гузашта аз ин  пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст.

Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик – яъне рўзи ба имзо расидани Созшпномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  дарёфт, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше  буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.

Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кўтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокртиву ҳуқуқбунёд  шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, нерўҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ  ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрўи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад, Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчўбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.

Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рў овард, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд.

Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон мо, ҳар як фарди соҳибақл бояд  дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрўзаву дурўза нест , маҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуд доштаро талаб мекунад.

Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва  ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ў, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рўҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд

Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

Рушан аст ки  муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал  фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадр, мўҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалии Раҳмон изҳор доштаанд:  «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.» 

          Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре, ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ки аз ин гуфтаҳо бар меояд, гуфтугўи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурўҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст натиҷаи ҳамин рўҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои муаззами Миллат  амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.  

          Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандўстиву инсондўстӣ, озодфикуриву илмдўстӣ, ваҳдати милливу дўстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.

 Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши сарвари кишвар, аниқтараш пешвои ҷомеа Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад,  Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рўбарў буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рў ба рў шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрўз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикис­тонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок барои ҳар давлате мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, минҷумла Россия, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Хитой, Эрон, Афғонис­тон ва садҳо кишварҳои дигар, ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваф­фақият­ҳои ў медонанд. Бо кўшишу талоши Президент Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои нав андешида шуда, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз меша­ванд, нақшаҳои бузург ба оҳистагӣ дар кишвар амалӣ мегарданд.

Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ  тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, барои дар муддати кўтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пеш­раф­ти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ,  Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кўмак ва ҳамкорӣ дароз карданд.

Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минта­қа­виву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрўзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Имрўз ҳама эътироф кардаанд, ки танҳо Тоҷикистон тавонист бо туфайли сиёсати воқеъбинона ва прагматикии президент Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили ДОИШ, Ҷунбиши Толибон ва гурўҳҳои террористии байналхалқӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин мушкил ба мардуми ҳамҷавори  Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кўмаки воқеии худро расонад.

Президенти Тоҷикистон аз рўзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медид. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.

Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фаро­гири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, пешво на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунад, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъ­мини захираҳо таҳия ва татбиқ месозад. Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кўтоҳ мақо­моти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қону­ниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оварад. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушах­хаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд.

Таърихи сисолаи  Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Эмомалии Раҳмон тавонист таваҷҷўҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунад ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намояд: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – нерўгоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст. Суханрониву муроҷиатҳои Пешвои Миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва ба дарки воқеияти имрўза баён шудаанд.

Эмомалии Раҳмон аз ҷумлаи аввалинҳо дарк кард, ки бузургтарин монеъа дар роҳи худшиносиву ваҳдати миллат фақр аст. Зеро ҳар ҷо ки фақр аст, дар он ҷо ақибмондагӣ ҳаст, бемаърифатӣ ҳаст, ҷаҳлу фасод ҳаст, бедодгарӣ ҳаст, ихтилоф миёни манофеъи табақоти ҷомеа ҳаст ва дар чунин шароит низоъу нифоқ ҳам боло мегирад. Ҳар ҷо, ки иқтисод таназзул кунад, фақр густариш меёбад, фарҳанг ва арзишҳои маънавиву ахлоқӣ беқадр мешаванд ва фасоду табоҳӣ авҷ мегирад. Нобаробариҳои иҷтимоӣ амиқтар мегарданд ва барои мардуми фақир роҳ ба сўи маърифат баста мешавад. Ин ҳама, яъне фақру нобаробарии иҷтимоӣ, беадолатӣ, бемаърифатӣ, фасод, риоя нашу­дани ҳуқуқу озодиҳои мардум аз ҷумлаи омилҳои ваҳдаткуш мебошанд. Маҳз дарки ҳамин маънӣ мақомоти роҳбариро ба қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ овард.

Пешвои миллат  на танҳо дар соҳаи сиёсат ва идораи давлат ба пешравиҳои назаррас муваффақ гашт, балки тавонист заминаи устувори иктисодиёти миллиро гузошта, барои устувории муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти озод роҳ кушояд. Силсилаи тадбирҳои ҳукумат дар боби боло бурдани иқтисоди хурду калон ва кишоварзӣ шаҳодати ҳоланд. Имрўз ба ҳамаи мутаассисон ва донишмандони соҳаи иқтисод маълум аст, ки дар муддати кутоҳ барқарор сохтан ва аз ҳоли харобӣ берун кардани иқтисодиёт дар шароити бўҳрони амиқи иқтисодиву молиявии аз даврони шуравӣ ва ҷанги дохилӣ ба мерос монда кори осон набуд.

Фаъолияти самаранок ва инкишофи иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқи чорабиниҳои вусъатбахши иштироки ҷумҳурӣ дар тақсими байналмилалии кор чи аз роҳи инкишофи муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва чи аз тариқи инкишофи раванд­ҳои ба ҳамгароӣ нигаронидашуда имконпазир намебуд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кўшиш меку­над, ки рушди босуботи соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёт, ба вижа  энергетика таъмин карда шавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон нерўгоҳи барқи обии «Помир-1» ва 26 нерўгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуда, тибқи шартномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои Русия ва Эрон со­хтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО-и Роғун, Сангтўда-1 ва Сангтўда-2 оғоз ва чандтои онҳо пурра ва кисман мавриди истифода қарор гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки дар сурати татбиқи амалии дурнамои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон то соли 2025 дар кишвар ҳамасола зиёда аз 80 миллиард киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд.

Барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо қувваи барқ ва содироти он ба кишварҳои минтақа дар баробари сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи инти­қоли он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин бобат сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», ки маблағи иҷрои он 550 миллион сомониро ташкил медиҳад, анҷом шуда, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба иҷрои лоиҳаи со­хтмони хатҳои интиқоли барқи Роғун-Кобул-Ҳирот-Машҳад ва Роғун-Кобул-Исломобод суръат бахшида мешавад. Дар маҷмуъ барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакатамон бо дарназардошти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Истифо­даи самараноки маблағҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон медиҳанд, ки истиқлолияти энерге­тикии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон со­хтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад. Кушода шудани роҳи мо­шингарди Кўлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби Истиқлол дар ағбаи Анзоб, панҷ пул дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар дастовардҳои муҳим мебошанд.

Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо таъмини рушди ус­тувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи ҷаҳор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд.

Имрўз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқло­лият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати мил­лӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокими­яти дав­ла­тии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, кор­хо­наву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиё­сӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрван­дӣ мебошанд.

Акнун падидаи ваҳдати миллӣ мавзўи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи генералии пешрафти Тоҷикистон  арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гар­донд ва гузашта аз ин,  пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!

Хабибҷон Мирзоев 

Адабиёт

1. Медоуз Д. Х., Медоуз Д. Л., Рендерс Й. За пределами  роста: предотвратить  глобальную катастрофу, обеспечить устойчивое будущее.-М., 1994.

2. Акилова М. Интеграция Республики Таджикистан в процессе глобализации // Ученые записки Худжанского государственного университета им. Академика Б. Гафурова. Гуманитарные науки. Выпуск № 1 (29) 2012.

1. Х.Самиев. Пешвои миллат. Лидер нации. The leader of nation. // маҷмуаи Пешвои миллат. Душанбе, 2016. Сс.124 – 142 .

2 . Х.Самиев. «Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо».- // Маҷмуаи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ». – Душанбе, 2017 сс…31 – 36.

3 . Х.Самиев.  Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. // Ба қуллаҳои дониш, 21.06.2017, №1112 (1418), СС.4-5.

4. Х.Самиев. Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. Khovar.tj. 27 июни соли 2017.

5  Х.Самиев. Пешвои вохид ва чомеаи муттахид. Паёми Донишгохи миллии Точикистон, 2011, 4(68). сс.256-262

7. Х.Самиев..Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон – омили муҳими расидан ба ваҳдати миллӣ?  Ваҳдат, Давлат, Президент. (Иншои ваҳдат). – Душанбе, 2007. ҷ. VI. сс.148-156.

3.Нуриддинов Р.Ш., Нуриддинов Ф. Р. Модернизация как алтернатива гибели государства, или некоторые особенности модернизационных процессов в Таджикистане// Вестник ТНУ. Сери