ВАҲДАТ – ТАФАККУРИ СОЗАНДА ВА ИРОДАИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

7

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Созишномаи умумӣ санади наҷотбахши миллат, кишвар ва давлати мо мебошад. Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Ҳар гоҳе сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд ҳар касе кушиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё баён намояд. Вале воқеият ин аст, ки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои худ изҳор дошта буданд: Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Воқеан ҳам инъиқоди Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллист. Ваҳдате ки тайи зиёда аз бист сол ҷомеаи тоза бунёди мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавониста, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту Ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Баркарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт,

Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокртиву ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

Раҳои бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.

Зикр бояд кард, ки иншооти бузурги бо заҳмати аҳлонаи мардум бунёдгардида на танҳо аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки нақши бузурги милливу сиёсӣ низ доранд.

Зеро маҳз тавассути бунёди зерсохторҳои коммуникатсионӣ мо Тоҷикистони амалан чандпораро ба сарзамини воҳид табдил додем.

Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад.

Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон иштирокчии фаъоли беш аз 50 созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ бо ташаббусҳои оламшумули ва созанда саҳми худро мегузорад.

Тоҷикистон иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони аҳднономаи амнияти Дастаҷамъи буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти анъанавию ғайрианъанавии имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.

Тавре ки бармеояд, таъиноти муҳимми сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст.

Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамақониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектхои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории бегаразона ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои тарафайн доранд густариш медиҳад.

Дар маҷмуъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм, кочоқи маводи мухаддир, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масъулона дар ҳалли масъалаҳот мухимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила неруҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиклолият бузургтарин дастовардхои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди хизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд. Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯии байналхалқии мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчубаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.

Ҳ. МирзоевАбдуллоев Ҷ.Т.,устодони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ.