УСУЛИ НАВИ КОРБАРӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

339

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳо бо устодону кормандони факултети муносибатҳои байналмилалӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳои факултет мавриди таҳлил қарор гирифт. Зимнан гуфта шуд, ки фаъолияти факултет зери таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад, зеро хадмкунандагони факултети мазкур дар самти рушд бахшидани равобити байналмилалии ҷумҳурӣ хидмати назаррас менамоянд. Гуфта шуд, ки бояд омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир вазифаи асосии факултет қарор шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар фаъолияти факултет баъзе мушкилиҳо, аз қабилӣ набудани маҷмуи барномаҳои таълимӣ, сари вақт ҳозир нашудани устодон дар дарсҳо, нагузаштани дарсҳои кушод, дуруст ба роҳ намондани фаъолияти докторантон PhD ва набудани табодули устодону донишҷӯён ба муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар дида мешаванд. Дар ин самт ректори донишгоҳ ба садорат ва мудирони кафедраҳо дастурҳои мушаххас дода, аз шеваи нави корбарӣ роҳ гирифтанро талаботи замон донист.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ масъалаҳои тарбиявӣ ва созмонҳои зертобеъи ин самтро мавриди таҳлил қарор дода, ҷоннок намудани сохторҳои тарбиявии факултетро роҳи ҳалли мушкилиҳо ва боиси аз пештара бештар фаъол гардидани факултет номиданд.