ҚУДРАТИ ҶАҲОНИИ ДАВЛАТ АЗ ИТТИҲОДИ МАРДУМАШ МАНШАЪ МЕГИРАД

428

Инсон чун мавҷудоти табиӣ ва ҷамъиятӣ аз замони пайдоиш то имрӯз дар талоши қудрату тавонмандӣ ва ба ин монанд ҳадафҳо расидан аст. Ҳамеша ва ҳамагӣ инсонҳо талош менамоянд, ки дар ҷомеа нуфуз ва мақоми бештар дошта бошанд. Инсонҳо дар алоҳидагӣ, дар доираи гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва дар охир давлатҳои миллии худ, ки ифодагару ҳимоятгари манфиатҳояшон мебошанд, кушиши тавонманд шудан доранд. Ин тавонмандӣ чи дар доираи оила ва чи дар ҷомеа аз иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ вобаста мебошад. Ягонагӣ ва иттиҳод имкон медиҳад, ки манфиатҳои умумӣ ҳифз ва амалӣ карда шаванд. Дар маҷмуъ рушди ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста аз иттиҳоду ваҳдат маншаъ мегирад.

Аз таҷрибаи ҳаёти башарӣ бармеояд, ки ҳамон миллате дар масири эъмори давлати тавоно пирӯз мегардад, ки дар иттиҳод ва ягонаӣ ба сар барад. Иттиҳоду ягонагӣ шароити ташаккул ва рушди босуботи ҷомеаро фароҳам оварда, ба тамоми аъзои он манфиатовар аст. Дар маҷмуъ ягонагӣ, сарҷамъӣ, иттиҳод, мақсади ягона, созиш ва роҳи ягона ваҳдат номида мешавад. Ғолибан иттиҳод дар доираи қавм, миллат, дину мазҳаб ва созмону ташкилот вуҷуд дошта метавонад. Дар кадом шакле ва ё усуле набошад, ваҳдат барои гурӯҳи муттаҳидшуда нахустин муваффақият дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳо маҳсуб меёбад.

Ваҳдат кафолати амалишавии тамоми ҳадафҳо дар доираҳои мухталиф аст. Дар ҳама шаклу усул ваҳдат самари нек ба бор меорад. Ваҳдати оилавӣ дар сарҷамъии оила, ваҳдати ҷомеа дар талошу заҳмат баҳри пешрафт ва ваҳдати миллӣ дар ягонагии миллат ҷиҳати расидан ба орзуву ормонҳо инъикос мегардад.

Новобаста аз замону макон ваҳдат падидаи мусбӣ арзёбӣ мешавад. Ваҳдат самари ақли солиму ҷаҳонбинии мукаммал аст. Ҳар яке аз шаклҳои ваҳдат дар навбати худ арзиш ва аҳаммияти хосса доранд.

Дар айни замон нодиртарин шакли ваҳдат – Ваҳдати миллӣ мебошад, ки кафили муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллат аст. Омӯзиш ва таҳлилу баррасии таърихи умумиҷаҳонӣ исбот менамояд, ки ҳамон халқе мондагору тавоно боқӣ мемонад, ки ваҳдати миллӣ дорад.

Дар замони гузашта ваҳдат боиси ташаккули давлату шоҳигариҳои зиёде гардида буд, ки заминаҳои рушди миллатҳои алоҳидаро гузошт. Вале зиддияту муборизаҳо ваҳдатро шикаста, боиси заволи аксар давлатҳо ҳам гардид.

Ваҳдати халқҳои алоҳида боиси ташкили империяҳои бузурге чун Ҳахоманишиён, Юнону Мақдуния, Рум, Порт, Муғулҳо, Усмониён, Англия, Амрико ва Иттиҳоди Шуравӣ гардида буд. Тоҷикон дар раванди таърихи пурғановати хеш тавассути иттиҳоду сарҷамъӣ тавонистанд дар муқобили аҷнабиёне чун юнону мақдуниҳо, арабҳо ва турку муғулҳо истодагарӣ намуда, ҳастӣ ва озодии хешро ҳифз намоянд. Ваҳдати миллӣ метавонад дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ тағйироти куллиро ба вуҷуд биёрад.

Он заминаи ташаккули акторҳои нави муносибатҳои байналмилалӣ гардида, вобаста ба замону макон ҳатто тавозунро тағйир медиҳад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодир дар охири асри XVIII заминаи ташаккули нахустин давлатҳои миллиро дар Аврупо гузошт. Дар меҳвари ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама озодӣ ва истиқлоли миллӣ қарор дорад. Ягонагӣ ва сарҷамъии миллат заминаи тамоми муваффақиятҳоро мегузорад. Аксаран халқҳое, ки ба истиқлолу озодӣ расидаанд аз ваҳдат маншаъ мегирад. Ваҳдат ба миллат тавоноӣ ва қудрати таъсиррасонӣ ҳадя мекунад. Он имкон медиҳад, ки дар навбати аввал истиқлоли сиёсӣ ва баъдан иқтисодию фарҳангӣ ба миллат муяссар гардад.

Таҷрибаи таърихи миллати тоҷик нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии эҳёи миллат дар ҳама лаҳзаҳои таърихӣ дар ваҳдат буд. Мубориза муқобили аҷнабиён боис шуд, ки тоҷикон дар ҳар лаҳза давлатдорӣ ва фарҳанги миллиро эҳё намоянд.

Мутаассифона дар солҳои 1992–1997 Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт, ки ба сари миллату давлати тоҷик бадбахтиҳои зиёде овард. Дар ин лаҳзаи муҳимми тақдирсози таърихӣ барои миллати тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳама муҳим созишу ягонагӣ буд, ки он заминаи сулҳу суботро мегузошт.

Дар чунин ҳоле, ки давлати нав ба истиқлолрасидаро хатарҳои тақсимшавӣ ва миллатро парокандашавӣ таҳдид менамуд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Новобаста ба ҷавонӣ ва мураккабии вазъи сиёсӣ ба Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҷиҳати ба ваҳдат расидани миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон муваффақ шавад. Дониш, таҷриба ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллати тоҷик ба ҳам ояду хатари нест гардидани давлати ҷавони соҳибистиқлол бартараф карда шавад.

Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидаанд таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир асту барои бартараф намудани буҳронҳои сиёсӣ аз он истифода намудаистодаанд.

Воқеан, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии хатарноке буд, ки барои миллату давлат харобии зиёд ба бор овард. Вале ба ҳам омадани миллат ва имзои Созишномаи сулҳ имкон фароҳам овард, ки заминаҳои давлатдории миллӣ уствор гардонида шавад.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки то имрӯз миллати тоҷик дар раванди эъмори давлатдории миллӣ ба муваффақиятҳои зиёду мондагор ноил гардад. Дар заминаи ин сиёсат, ки ҳадафи меҳвариашро устувор намудани ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон ташкил медиҳад, ҳадафҳои муҳимму стратегии давлат бо маром амалӣ гардидаистоданду шаҳрвандон ба зиндагии шоиста муаяссар гардидаанд. Ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳз дар заминаи ваҳдати миллӣ ва талоши ҷомеа рӯз то рӯз дар ҳоли беҳшавӣ қарор дорад.

Сиёсати муваффақи дохилӣ заминаи сиёсати мукаммали хориҷии кишварро гузошт. Дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба аъзогии созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста, бо кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монд. Имрӯз дар меҳвари сиёсати хориҷии мамлакат ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад, ки асоси онро таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ кафолати амалишавии манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Амнияти миллӣ, суботи сарҳади миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллату давлат, якпорчагии Ватан, истиқлолу озодӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои иқтисодӣ, тавонмандии давлат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз талошу заҳмати имрӯзи мо вобаста мебошад, ки он ҳам нишони ваҳдату иттиҳоди ҷомеа аст. Иттиҳод ба миллат нерӯ ва тавонмандӣ бахшида, фазои мусоидро фароҳам месозад.

Ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мушкилоти дохилӣ ҳалу фасл гардида, кишвари мо ба субъекти фаъоли муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёбад. Имрӯз Xум{урии Тоҷикистон на танҳо дар роҳи таҳкими ваҳдати дохилӣ пирӯз шуд, балки ҷиҳати шикасти падидаҳои номатлуб ва ҳалли масъалаҳое, ки боиси мураккаб гардидани муносибатҳо дар сатҳи байналмилалӣ мегарданд, талош дорад. Ин талоши Тоҷикистон дар ташаббусҳои сатҳи байналмилалии роҳбарияти олии он таҷассум гардидаистодааст. Мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, радикализми динӣ, ҳалли мушкилоти норасоии оби нушокӣ, пешгирии тағийрёбии иқлим ва ғайра аз ташаббусҳои Сарвари давлати мо мебошад, ки дар меҳвари он ҳамгироӣ ва ба ҳам овардани ҷомеаи ҷаҳонӣ новобаста аз нажод, қавмият ва дину мазҳаб қарор дорад. Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Тоҷикистон давлати ташаббускор ва ҳимоятгар аз арзишҳои башариро дида ба миллати тоҷик ҳамчун миллати мутаммаддин муносибат менамоянд. Ҳамчунин, бо ташаббуси давлати мо дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ даҳҳо ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ бо ширкати сарони кишварҳои хориҷӣ баргузор гардидаистодааст, ки самараи дилхоҳ медиҳад. Ваҳдат имкон дод, ки Тоҷикистон мизбони конфронсу ҳамоишҳои ҷаҳонӣ гардида, боварии ҷомеаи ҷаҳон ба ин кишвари ҷавон боз ҳам афзояд. Иттиҳоду ягонагӣ боварии ҷомеа ҷаҳониро афзуда ҳазорон шаҳрвандони хориҷӣ имрӯзҳо ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Дар маҷмуъ ваҳдати миллӣ заминаи тамоми дастовардҳо дар давраи истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, миллатро дар руҳияи ягонагиву созандагӣ ба ҳам оварда, мақоми давлатро дар минтақа ва ҷаҳон устувор менамояд. Ваҳдат қудрати миллату давлат аст. Силоҳи асосии миллат муқобили тамоми қувваҳои бадхоҳ танҳо ваҳдату ягонагӣ аст. Бо дарназардошти ин ҳама имрӯз бо қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки баҳри боз ҳам устувор намудани иттиҳоду ваҳдати ҷомеа талош намоем. Талошу заҳмати мо дар ин роҳи пуршараф иҷрои вазифаи муқаддаси хеш дар назди миллату давлат мебошад, ки қисми меҳварии онро баланд бардоштани сатҳи маърифату хиради ҷомеа ташкид медиҳад.

Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович – н.и.т., дотсент,декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ