Либоси миллӣ рукуни асосии миллӣ мебошад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ таҳти сарпарастии Шӯъбаи кор бо занон ва духтарони ДМТ зери унвони “Тоҷикона мепушем” акси тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.
Имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо иштироки занону духтарони факултет аксияи “Тоҷикона мепушем” гузаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани ҳисси миллии духтарон нисбат ба либоси миллӣ мебошад.
Атласу адраси Суғд, чакани Хатлон, гулдузии Рашт, либоси зебои Бадахшон зебандаи ҳар духтари тоҷик аст, ки аксҳои онҳо исботи ин гуфтаҳост.