ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР: РУШДИ ҲАМКОРИҲО

541

Бо таваҷҷуҳ ба нуфуз ва эътибори байналмилалӣ ва минтақавии Давлати Қатар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобил бо ин давлат қадамҳои устувор мегузорад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 маротиба (солҳои 2007, 2008, 2017, 2024) ба Давлати Қатар сафар кардааст. Роҳбарияти Давлати Қатар бошад 3 маротиба (солҳои 2007, 2019, 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Сафарҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони сатҳи олии ҳар ду кишвар ба рушду ташаккули муносибатҳои мутақобил таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

21 январи соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ташриф бурданд.

Дар ҷараёни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми Давлати Қатар, аз ҷумла Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал-Ғоним, раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ, мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб, Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ, Раиси Шурои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ, Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ, доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот намуд.

Дар доираи ин сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳо сурат гирифт. Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хурокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.

Дар натиҷа миёни ҷонибҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

– Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

– Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

Бо амалӣ гаштани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо метавон гуфт, ки ҳамкориҳои ба худ сатҳу сифати нав гирифта, вориди марҳилаи ҷадиди муносибатҳои байналмилалӣ мегардад.

Қамаров А.З. ва Тупалов Ғ.Ш.,устодони кафедраи мутолиоти Шарқ