ТАВОНУ ҚУДРАТ ДАР ИТТИҲОД АСТ

744

Ваҳдат дар маҷмӯъ ягонагӣ, сарҷамъӣ, иттиҳод, мақсади ягона, созиш ва роҳи ягона аст. Ваҳдат дар доираи қавм, миллат, дину мазҳаб, иттиҳод ва созмону ташкилот вуҷуд дошта метавонад. Дар кадом шакле ва ё усуле набошад, ваҳдат барои гурӯҳи муттаҳидшуда нахустин муваффақият дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳо маҳсуб меёбад. Ваҳдат кафолати амалишавии тамоми ҳадафҳо дар доираҳои мухталиф аст. Дар ҳама шаклу усул ваҳдат самари нек ба бор меорад. Ваҳдати оилавӣ дар сарҷамъии оила, ваҳдати ҷомеа дар суботу талошу заҳмат баҳри пешрафт ва ваҳдати миллӣ дар ягонагии миллат ҷиҳати расидан ба орзуву ормонҳо инъикос мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом ҳолате, ки набошад ваҳдат падидаи мусбӣ арзёбӣ мешавад. Ваҳдат самари ақли солиму ҷаҳонбинии мукаммал аст. Ҳар яке аз шаклҳои ваҳдат дар навбати худ арзиш ва аҳаммияти хосса доранд.

Имрӯз нодиртарин шакли ваҳдат – ваҳдати миллӣ мебошад, ки кафили муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллат аст. Омӯзиш ва таҳлилу баррасии таърихи умумиҷаҳонӣ исбот менамояд, ки ҳамон халқе мондагору тавоно боқӣ мемонад, ки ваҳдати миллӣ дорад. Дар гузашта ваҳдат боиси ташаккули давлату шоҳигариҳои зиёде гардида буд, ки заминаҳои рушди миллатҳои алоҳидаро гузошт.

Вале зиддияту муборизаҳо ваҳдатро шикаста, боиси заволи аксар давлатҳо ҳам гардид.

Ваҳдати халқҳои алоҳида боиси ташкили империяҳои бузурге чун Ҳахоманишиҳо, Юнону Мақдуния, Рум, Порт, Муғулҳо, Усмониён, Англия ва Иттиҳоди Шуравӣ гардида буд. Ваҳдати миллӣ метавонад дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ тағйироти куллиро ба вуҷуд биёрад. Он заминаи ташаккули акторҳои нави муносибатҳои байналмилалӣ гардида, вобаста ба замону макон ҳатто тавозунро тағйир медиҳад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодир дар охири асри XVIII заминаи ташаккули нахустин давлатҳои миллиро дар Аврупо гузошт. Дар меҳвари ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама озодӣ ва истиқлоли миллӣ қарор дорад. Ягонагӣ ва сарҷамъии миллат заминаи тамоми муваффақиятҳоро мегузорад.

Аксаран халқҳое, ки ба истиқлолу озодӣ расидаанд аз ваҳдат маншаъ мегирад. Ваҳдат ба миллат тавоноӣ ва қудрати таъсиррасонӣ ҳадя мекунад. Он имкон медиҳад, ки дар навбати аввал истиқлоли сиёсӣ ва баъдан иқтисодию фарҳангӣ ба миллат муяссар гардад.

Таҷрибаи таърихи миллати тоҷик нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии эҳёи миллат дар ҳама лаҳзаҳои таърихӣ дар ваҳдат буд. Мубориза муқобили юнону мақдуниҳо, арабҳо, турку муғулҳо ва дигар аҷнабиён боис шуд, ки тоҷикон ҳастии хешро ҳифз намуда, дар ҳар лаҳза давлатдорӣ ва фарҳанги миллиро эҳё намоянд.

Мутаассифона дар солҳои 1992-1997 Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт, ки ба сари миллату давлати тоҷик бадбахтиҳои зиёде овард. Дар ин лаҳзаи муҳимми тақдирсози таърихӣ барои миллати тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳама муҳим созишу ягонагӣ буд, ки он заминаи сулҳу суботро мегузошт.

Дар Иҷлоисия 16-уми Шурои Олӣ бахт ба рӯи миллати тоҷик хандиду роҳбаре интихоб карда шуд, ки кафили сулҳу субот ва ҳастии миллати тоҷик гардид. Дар чунин ҳоле, ки давлати нав ба истиқлолрасидаро хатарҳои тақсимшавӣ ва миллатро парокандашавӣ таҳдид менамуд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Новобаста ба ҷавонӣ ва мураккабии вазъи сиёсӣ ба Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҷиҳати ба ваҳдат расидани миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон муваффақ шавад. Дониш, таҷриба ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллати тоҷик ба ҳам ояду хатари нест гардидани давлати ҷавони соҳибистиқлол бартараф карда шавад.

Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ ру ба ру гардидаанд таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир асту барои бартараф намудани бӯҳронҳои сиёсӣ аз он истифода намудаистодаанд.

Воқеан, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии хатарноке буд, ки барои миллату давлат харобии зиёд ба бор овард. Вале ба ҳам омадани миллат ва имзои Созишномаи сулҳ имкон фароҳам овард, ки заминаҳои давлатдории миллӣ уствор гардонида шавад.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки то имрӯз миллати тоҷик дар раванди эъмори давлатдории миллӣ ба муваффақиятҳои зиёду мондагор ноил гардад. Дар заминаи ин сиёсат, ки ҳадафи меҳвариашро устувор намудани ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон ташкил медиҳад, ҳадафҳои муҳиму стратегии давлат бо маром амалӣ гардидаистоданду шаҳрвандон ба зиндагии шоиста муаяссар гардидаанд. Ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳз дар заминаи ваҳдати миллӣ ва талоши ҷомеа рӯз то рӯз дар ҳоли беҳшавӣ қарор дорад.

Сиёсати муваффақи дохилӣ заминаи сиёсати мукаммали хориҷии кишварро гузошт. Дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба аъзогии созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста, бо кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монд. Имрӯз дар меҳвари сиёсати хориҷии мамлакат ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад, ки асоси онро таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад.

Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои мухолиф ба мизи гуфтушунид нишаста, дар хусуси истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонида шуд. “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” заминаи роҳи минбаъдаи рушди кишварро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд гузошт. Бо ин сарнавишти миллату давлати тоҷик ба дасти чеҳраи барҷастаи мондагори миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба суди ин меҳану ин миллат муайян карда шуд. Бори дигар миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки дар дарозои таърих номи худро чун миллати соҳибдавлат ва соҳибистиқлолу соҳибтамаддун нигаҳ дорад.

Хулоса ваҳдати миллӣ заминаи тамоми дастовардҳо дар давраи соҳибистиқлолии кишвар буда, миллатро ба ягонагиву созандагӣ оварда мақоми давлатро дар минтақа ва ҷаҳон устувор менамояд.

Ваҳдат қудрати миллату давлат аст. Силоҳи асосии миллат муқобили тамоми қувваҳои бадхоҳ танҳо ваҳдату ягонагӣ аст.

Пояндаву ҷовид бод Ваҳдати тоҷикон!

Ҷаъфаров Сайҳомид – н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ