“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об ва ҳафзи пиряхҳо дар ҷаҳон пешсаф аст. Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони Миллали Мутаҳид ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузи назаррас ва нақши барҷаста дорад. (Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, Душанбе, 2024).
Дар ҷаҳони муттамаддин, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналналхалқӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои ҷаҳон баҳри дарёфти роҳи ҳалли масоили дорои хислати глобалӣ дошта, баръало ба назар мерасад. Дар рафти ин фаъолияти босамар, ҷалби амалҳои созандаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ пайваста зоҳир мегардад.
Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.
Ба ҳамин мақсад, барои пешгирии ин гуна хавфу хатарҳо ва барои таъмини зиндагии сазовор ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ ташаббуси беназир ва фарогири минтақаҳову давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфанд.
Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), ки аз соли 2025 то 2034 идома хоҳад кард, бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин иқдом дар пайи ташаббусҳои дигари Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028”, форуми байналмилалии об дар Душанбе ва Конфронси СММ оид ба об (Ню-Йорк, 2023), як марҳилаи нав дар сатҳи ташаккули дипломати ва илмии кишвар дар масоили глобалӣ мебошад. Пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эълони даҳсолаи криосфера нишон медиҳад, ки ин ду кишвар нақши фаъоли илмӣ ва сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебозанд. Маҳз Тоҷикистон буд, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амният ва рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ намуд. Иқдоми нав, яъне Даҳсолаи криосферӣ бештар ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об равона гардидааст. Дар заминаи таҳаввулоти иқлимӣ, махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он ҳазорон пиряхҳо вуҷуд доранд, омӯзиши дақиқ ва ҳамоҳангшудаи криосфера аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Таъкиди Пешвои миллат ба пиряхҳо аз ҷумла ба он сабаб аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуданд, ки ҳамчун манобеи оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) (2025-2034) ширкат ва суханронӣ карда, як қатор пешниҳодҳоро низ ба миён гузоштаанд.
– вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист;
– обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва норасоии оби тоза;
– паёмадҳои харобиовари обшавии пиряхҳо;
– таъсири манфии иқлим ба иқтисодиёт, экосистемаҳои кишварҳо ва ҳаёти инсонҳо ёдовар шудаанд.
Зимни мулоқот ёдовар шуд, ки қариб 60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳҳои Тоҷикистон воқеъ аст.
Қобили зикр аст, ки тӯли 20 соли ташаббускориҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим 14 қатъномаи Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби Созмони Миллаи Муттаҳид ҷонибдорӣ шудааст.
Имрӯзҳо, коҳишёбии пиряхҳо нигаронкунанда буда, таҳдиди он ба амнияти тамоми мардуми сайёра хатар дорад. Тибқи таҳлили коршиносон ба криосфераи минтақа то соли 2050 метавонад ба як миллиард аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, ки бо мақсади омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим дар Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии худ аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуд, ки ҳамкориро баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш диҳанд.
Бояд гуфт, чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои яхшиносӣ дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус баргузор шудааст. Дар он роҳбарони 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.
Бо қабул гардидани ин Қатънома, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ба роҳ мондани тадқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ба талошҳои рушди устувор, солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, даъват ба амал оварда шуд, ки тавассути пешбурди фаъолиятҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва бар асари ин тағйирот, дар криосфера дар ҳама сатҳҳо мусоидат намуда, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Тоҷикистон таърихи тӯлонии пажуҳиши пиряхҳо ва идоракунии устувори обро дорад. Бо ин мақсад Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки вазифаҳои он мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолати пиряхҳо дар ҷумҳурӣ, ки ҳаҷми пиряхҳои дар онҳо мутамарказ буда, зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд надмуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера возеҳу равшан тасдиқ кард.
Роҳбари давлат инчуни таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон, дар охири моҳи майи соли равон, дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал, дар шаҳри Душанбе баргузор намудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки конфронси мазкур барои дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар замоне, ки тағирёбии босуръати иқлим ба инсоният хатар эҷод мекунад, мушкилоти вобаста ба об пешорӯи башар қарор мегирад ва ин бори дигар собит менамояд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саривақтӣ ва ниҳоят зарурӣ мебошанд.
МИРЗОЕВ ҲАБИБҶОН – номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ