ТАЪСИРИ МАНФИИ КОРРУПСИЯ БА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

36

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.

Дар айни замон Конвенсияи мазкурро 140 давлат ба имзо расонида, 80 кишвари дигар тасдиқ намудаанд. Миёни тасдиқкунандагон, ки ҳамзамон аъзои он низ мебошанд, давлатҳои Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳастанд. Ин шартномаи байналмиллалӣ чораҳоро барои пешгирии фасод, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳамчунин, раванди ҳамкориҳои байналмилалиро дар мубориза бо он дар бар мегирад. Он давлатҳои аъзоро барои гузаронидани сиёсати зидди фасодӣ, қабул намудани конунҳои мутобиқ ба он ва равона намудани мақомоти махсусро барои мубориза бо ин зуҳурот вазифадор менамояд.

Коррупсия таъсир амиқе бар муносибатҳои байналхалқии муосир дорад ва метавонад бо заиф сохтани давлатҳо, эҷоди бесуботӣ, ноамнӣ ва пояҳои иқтисодӣ, заиф сохтани ниҳодҳои демократӣ, заминасозӣ мушкилоти ҷаҳонӣ шавад. Ин падида бо коҳиши машрӯъияти давлатҳо, харҷу марач дар ҳокимият ва қонун, нобудсозии эътимоди умумӣ, заминаро барои бесуботии сиёсӣ ва амниятӣ фароҳам мекунад, ки ин худ ба муносибатҳои байналхалқии муосир таъсири бузурги манфӣ мерасонад.

Коррупсия дар муносибатҳои байналхалқии муосир паҳлуҳои гуногун дорад, аз ҷумла фасоди сиёсӣ, ки раванди рушди сиёсиро заиф месозад ва чолишҳои асосиро барои ҳукуматҳо ва шаҳрвандон эҷод менамояд. Ин фасод бо набудани рушд иртибот мустақим дорад ва метавонад ба заифии ҳукумати матлуб бианҷомад.

Фасоди сиёсӣ – ин шакли фасод, таъсири манфие ба равандҳои сиёсӣ ва рушд ифо мекунад ва чолишҳои асосӣ барои низоми сиёси ва шаҳрвандон ба вуҷуд меоварад.

Иртибот бо рушду тавсеа – фасоди сиёсӣ ва норасоии рушд, иртиботи мутақобила ва дутарафа доранд, ба ин маънӣ, ки яке дигареро метавонад, ташдид кунад.

Сустии ҳукумат – фасод ба унвони яке аз чолишҳои муҳими ҷаҳони муосир, метавонад сохторҳо ва коромадии ҳукуматҳои матлубро нотавон кунад.

Таъсироти коррупсияро дар муносибатҳои байналхалқии муосир чунин муайян менамоем;

Заифии давлатҳо – коррупсия машрӯъияти давлатҳоро ба вижа дар кишварҳое, ки дар ҳоли рушд қарор доранд, коҳиш медиҳад. Ин падида метавонад омили бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ шавад, ки ба шеваи худ ба муносибатҳои хориҷӣ ва суботи минтақавӣ таъсири манфӣ расонад.

Эҷоди бесуботии иқтисодӣ – коррупсия боиси нобаробарии манобеъ, норасоӣ дар бозор ва коҳиши сармоягузориҳои хориҷӣ мешавад. Ин падида метавонад иқтисодӣ кишварҳоро заиф сохта ва вобастагии онҳоро ба кӯмакҳои хориҷӣ афзоиш диҳад.

Заиф сохтани ҳокимияти давлатӣ ва қонунӣ – коррупсия, махсусан, дар дастгоҳи қонунгузорӣ ё судӣ, ҳокимияти давлатиро заиф месозад ва ба ҷои адолат, равобити мубтани бар нуфуз ва реннт ( рент ё ба забони англисӣ Rent- маънои ба иҷора доданро дорад. Яке аз намудҳои муайяни фасод дар ҷомеаҳои сиёсӣ, махсусан, дар ҷомеае, ки рушд наёфтааст ё дар ҳоли руштанд) шакл мегирад. Ин падида метавонад боиси сар задани ихтилофҳои байналмилалӣ шавад, ба вижа коррупсия дар муомилоти байналмилалӣ дохил бошад.

Таъсири манфӣ ба эътимод ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ – коррупсия, эътимоди байни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро коҳиш медиҳад. Вақте ки як давлат ҳамчун кишвари фасодзада муаррифи мешавад, дигар кишварҳо дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ бо он бо тардиди бештар бархӯрд мекунанд.

Афзоиши ҷиноятҳои созмонёфта ва терроризм – коррупсия метавонад ба унвони биштаре барои фаъолиятҳои муҷримона ба мисли, пулшӯӣ (отмывание денег) ва фирори сармоя амал кунад. Инчунин метавонад ба гурӯҳҳои террористӣ имконият диҳад, то дар кишварҳои заифшуда аз коррупсия барои таъмини молӣ ва фаъолиятҳои густурдаи хеш баҳраманд шаванд.

Заифсозии низоми демократӣ ва ниҳодҳои маданӣ – фасоди сиёсӣ, масъулиятпазирии давлатро коҳиш медиҳад ва намояндагии воқеии мардумро дар сиёсатгузориҳо таъриф мекунад. Ин падида боиси заиф шудани ниҳодҳои демократӣ шуда, гурӯҳҳои фишор ва носолимро пурзӯр месозад, ки ин метавонад ба суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъсири манфӣ гузорад.

Дар ниҳоят, коррупсия ба муносибатҳои байналхалқии муосир таъсири амиқи худро гузошта боиси харҷу марач дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ мегардад ва эътимоду боварии иштирокчиёни онро аз миён мебарад.

Ҷамшед Абдуллоев, дотсенти факултети муносибатҳои байналхалкии ДМТ