Об манбаи нахустин ва асосии қонеъ гардонидани талаботи инсонҳо буда, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо муҳим мебошад. Бояд гуфт, ки об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад, бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад.
Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҳалли масоили мушкилоти об пайваста ташаббусҳои муфид ва судманд менамоянд ва бо дарки баланди масъулият ду даҳсолаи охир ташаббусҳои хирадмандона ва дурандешонаро дар соҳаи обу иқлим аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мавҷудбуда, аз ҷумла бад шудани ҳолати муҳити зист ва ҳифз намудани захираҳои табиии об ҷалб намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба обу иқлим, ки яке аз мушкилоти глобалии имрӯзу фардои сайёра маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Аз ташуббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ин марҳилаҳоро номбар намуд:
– Моҳи октябри соли 1999 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои оби тоза равона гардад ва соли 2003-юм соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор кабул кард. Дар робита ба ин, аз 30-юми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалӣ доир ба “Соли байналхалқии оби тоза” доир гардид, ки дар кори он намояндагони 53 кишвар, 93 ташкилоти байналхалқӣ ва олимону мутахассисони маъруфи ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
– Соли2003 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуда, таклиф ба миён гузошт, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби 140 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар доираи ин даҳсола чорабиниҳои гуногун вобаста ба об доир гардиданд.
– Соли 2013 дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои даҳсолаи байналмиллалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон намудани соли 2013 низ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт ва дар заминаи он аз 28 то 30 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалӣ доир гардид.
– 21-уми декабри соли 2016 тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси чоруми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушти устувор солҳои 2018-2028” бо дастгирии зиёда аз 190 кишвар қабул гардид. 21-уми марти соли 2018 дар рӯзи байналмиллалии об бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи байналмиллалии “Об барои рушти устувор солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид.
– 14-уми декабри соли 2022 Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим пазируфт. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21-уми март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳоро барои мизбонии нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29-ум то 31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе омодагӣ дида истодааст.
Дар замоне, ки тағирёбии босуръати иқлим ба инсоният хатар эҷод мекунад, мушкилоти вобаста ба об пешорӯи башар қарор мегирад ва ин бори дигар собит менамояд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саривақтӣ ва ниҳоят зарурӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиуистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонидошта дар соҳаи обу иқлим саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Саидова Фарзона, н.и.ф., дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатхои байналхалқӣ,
Маҳмудзода Мунира, н.и.ф., муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатхои байналхалқӣ