ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҚАЗОҚИСТОН

244

Дӯстии халқҳои тоҷику қазоқ решаҳои амиқ дорад. Аммо ҳамкории мутақобилаи онҳо аз нимаи аввали асри XVI оғоз мегардад, зеро дар ҳамин давра ташаккули халқи қазоқ ба анҷом мерасад.

Бо ташаккули халқҳои қазоқ ва таъсиси Хонигарии қазоқ дар соли 1470 муносибат миёни халқҳои тоҷику қазоқ хусусияти пурмазмун ва нисбатан сермаҳсулро касб намуд. Шоирони асрҳои XV-XVIII қазоқ ба монанди Асан Кайги, Актам Бердӣ ва дигарон на танҳо адабиёти тоҷикро хуб медонистанд, балки ғояҳои баланди инсонпарварии онро дар ашьору достонҳои худ таҷассум менамуданд. Бисёр олимон ва ҳокимони асримиёнагии қазоқ забони тоҷикиро чун забони илму фарҳанг, хуб медонистанд.

Масалан, Султон Муҳаммад Муъмин марди донишманде буда, қисми зиёди «Шоҳнома»-ро аз ёд медонист. Муаллифи асри XVI писари Ҳошимбек – Қадиралибек асари муаррихи маъруфи асри XIII Рашидаддини Ватвот «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро ба таври мухтасар ба забони туркӣ гардонида, шаҷараи хон ва султонҳои асрҳои ХV-ХVI-ро тартиб додааст.

Самти дигари ҳамкории адабии халқҳо тарҷумаи осори олимону шоирони тоҷик ба шумор меравад. Дар адабиёти қазоқ чунин шоироне буданд, ки эҷодиёти безаволи адабиёти классикии тоҷику форс, ба мисли “Шоҳнома”, “Гулистон”, “Калила ва Димна”, “Лайлӣ ва Маҷнун” ва дигарҳоро ба забони хеш тарҷума менамуданд.

Инкишофи минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи тоҷикону қазоқҳо ба ду давра тақсим мешавад: 1) Муносибат дар чаҳорчӯбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ -Аморати Бухоро, Хонигарии Қуқанд ва Хонигарии Хева (Зиёиёни қазоқ бо асарҳои таърихию адабии тоҷику форсҳо ошноӣ пайдо мекарданд. Зиёда аз он равшанфикрони қазоқ дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд ва Хоразму Кӯқанд таҳсил намуда, бо арзишҳои маънавию адабӣ ва инсондӯстии халқи тоҷик ошно мешуданд ва сипас онҳоро миёни мардуми Дашти Қипчоқ паҳн мекарданд. Ҳамаи ин боиси бавуҷуд омадани заминаи наздикшавии тоҷикону қазоқҳо гашт.

Ба қавли аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев «Сарчашмаҳои дӯстӣ байни халқҳои мо ба умқи асрҳои миёна мерасад. Фарҳанги умумӣ, таърих, анъанаҳои қазоқҳо ва тоҷикон он заминаи мустаҳкаме мебошанд, ки дар он ҳамкории бисёрҷанбаи мо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба бунёд меёбанд»); 2) баъди истилои минтақа аз ҷониби Россия.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ халқҳои қазоқ ва тоҷик дар ҳайати як давлат қарор дошта, дар доираи низоми ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ умур ба сар мебурданд. Дигари ҳамкории адабии халқҳо тарҷумаи осори олимону шоирони тоҷик ба шумор меравад. Шакли дигари ҳамкории мутақобилаи ҷумҳуриҳо гузаронидани Даҳа ва Ҳафтаҳои адабиёту санъат мебошад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи ташакули оилаҳои интернатсионалистӣ ё миллати ягонаи шуравӣ, таҷрибаи мубодилаи донишҷӯён, супоришҳои ҳизбӣ ба рушди ҳамкории халқҳои шуравӣ, аз ҷумла тоҷикон ва қазоқҳо мусоидат намуд. Омили дигари ҳамкории халқҳо ва ҷойгиршавии халқҳо дар ҳудуди якдигар азхудкунии заминхои бекорхобидаи Қазоқистон аст, ки дар миёнаи солҳои 50-ум оғоз шуда, дар рафти он 25 миллион гектар заминҳо ба низоми заминҳои кишт ворид гардиданд. Аз ҷамоҳири бародарӣ 600 ҳазор нафар кормандон муҳандисони техникӣ, мутахассисони кишоварзӣ, механизаторон, бинокорон ва ғайра ҷалб карда шуданд. Дар кори азхудкунии заминҳои бекорхобида 30 миллат, азхудкунии конҳои нафти Манқишлоқ — 42 миллат, дар сохтмони шаҳри Темиртау зиёда аз 40 миллат иштирок доштанд. Табиист, ки дар байни онҳо намояндагони халқи тоҷик низ буданд. Бунёди неругоҳи барқӣ-обии “Норак” низ намунаи чунин ҳамкорӣ мебошад.

Аз оғози соли 1990-ум Қазоқистон муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро бо ИМА, ИА, Чин, Россия ва кишварҳои ИДМ ба роҳ мондааст. Яке аз шарикони муҳимми сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ байни ҶТ ва Қазоқистон 07.01.1993 барқарор гаштанд.

Аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва маънавӣ-фарҳангӣ ҷараён гирифтанд, ки асоси онро ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавофуқ дар бисёр масоили муҳими байналхалқӣ, ки аз манфиатҳои тарафайн бармеоянд, ташкил медиҳанд.

13-уми январи соли 1993 байни ҷонибҳо «Аҳднома оиди асосҳои муносибат байни ҶТ ва ҶҚ» ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии муносибатҳои кишварҳо-эҳтироми истиқлолияти миллӣ, баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшиш ба барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар сатҳи идориро муайян гаштанд. Бояд таъкид кард, ки ин замина дар асоси сафари сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваста буд.

Саҳми ҶҚ баҳри ба даст омадани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон кам нест. Даври чоруми музокироти байни тоҷикон аз 22-юми май то 2-юми июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато баргузор шуд. Ба ақидаи коршиносони байналхалқӣ музокироти байни тоҷикон дар Алмаато на танҳо аз ҷиҳати созишҳои мушаххас, балки ҳамчун омили давомдиҳии музокирот дар оянда нақши муҳим бозидааст. Зиёда аз он намояндагони ҳукумати Қазоқистон аз рӯзи аввали музокираи тоҷикон дар Москва аз 6-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 (Москва) дар гуфтушунидҳо ҳамчун намоянда иштирок намуда, баъди анҷоми музокирот ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон дар қатори Рocсия, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Туркманистон баромад карданд. Мардуми қазоқ гурезаҳои иҷбории тоҷикро паноҳ дода, ҳангоми вазъи бӯҳронии кишвар ёрии башардӯстонаи хешро низ аз мо дареғ надоштанд. Ҳангоми адои хизмат дар неруҳои дастаҷамъонаи ҳофизи сулҳ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон 50 нафар сарбозони қазоқ ҷони худро аз даст доданд.

Агар муносибатҳои иқтисодии ду кишвар дар охири асри ХХ назар андозем, пас маълум мегардад, ки ин давраи муносиботи кишварҳо дар сатҳи таъсисёбӣ буда, аз баъзе камбудиҳо ва норасоиҳо орӣ нест. Дар соли 1992 бо назардошти вазъи сиёсии кишвари мо табодули мол байни кишварҳо 27,6 миллион долларро ташкил намуд. Дар соли 1993 табодули мол байни кишварҳо 81,7 миллион долларро ташкил намуд, вале ин нишондод дар соли 1994 ба 43 миллион долларро поин омад. Ин нишондод соли 1995 боз ҳам поинтар омада, 33,6 миллион долларро ташкил намуд. Ҳамзамон, аз ҳисоби коҳиши содирот салҳои савдои хориҷӣ хусусияти манфиро касб намуд. Дар соли 1996 ҳаҷми табодули мол бо Ҷумҳурии Қазоқистон якбора афзоиш ёфта 76,7 миллион доларро ташкил намуд. Вале нишондоди мазкур дар соли 1997 поинтар омада ба 52 миллион доллар баробар шуд. Тоҷикисион дар байни шарикони тиҷоратии Қазоқистон ҷойи 7-умро ишғол менамояд, ҳол онки Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ҷойи 3-юмро ишғол менамояд. Таъғирёбии нишондодҳои иқтисодӣ аз набудани суббот ва муназзами дар ин самт дарак медиҳад. Вале чуноне ки дар боло қайд намудем ноустувории сиёсӣ дар кишвар, набудани иқлими мусоиди сармоягузорӣ, касодии бозори дохилӣ ба рушди ҳакориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ монеъ гардиданд.

Тавофуқи кӯшишҳои сиёсати хориҷии кишварҳо дар асоси бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ аз қабили СММ, ИДМ, СҲШ, САҲА, СААД сурат мегирад. Соҳаҳои ҳамкориҳо дар ин созмонҳо фарох буда, аз коркарду мутобиқати амалҳои сиёсати хориҷӣ баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ то батанзимдарории фазои густурдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, амнияту ҳамгироиро дар бар мегирад. Таҳлили натоиҷи иштироки кишварҳо дар созмонҳои мазкур аз наздикӣ ва мувофиқати мавқеъи тарафайн оиди масоили муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ ба мисли афзоиши равандҳои ҳамгирои, таъмини амнияти минтқавию байналхалқӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддар ва ғайра шаҳодат медиҳанд.

Дар соҳаи фарҳангӣ бошад муносибатҳо нисбатан чашмрас ҷараён доштанд. Дар раванди инкишофи таърихӣ ва таҷрибаи алоқаҳои мутақобила муайян гардидааст, ки робитаи воқеъии халқҳо баъзан ҳамчун омили ҳалкунандаи ташаккули муносиботи иқтисодӣ ва фарҳангӣ баромад менамояд. Маҳз тавассути чунин робита тоҷикону қазоқон метавонанд якдигарро хубтар фаҳманд ва табодули фарҳангии хешро ба роҳ монанд.

Дар оғози ҳазораи навин бинобар истиқрори сулҳу субот, оғози рушди иқтисод дар ҶТ, афзоиши таваҷҷуҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва оғози амалиёти байналхалқии зиддитеррористӣ дар Афғонистон ҳамкориҳои ҶТ бо ҶҚ рушд намуданд.

Сафари аввалини расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 4-уми октябри соли 2000 саҳифаи нави муносибатҳои кишварҳоро ифтитоҳ бахшид. Дар натиҷаи сафар 8 ҳуҷҷати хусусияти байниҳукуматӣ ва байниидорӣ ба имзо расида пойгоҳи аҳдномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории кишварҳоро тақвият дод.

Ҳар ду кишвар сиёсати бисёрсамтиро пеша намуда, барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои манфиатдори ҷомеаи ҷаҳонӣ омодаанд. Вале новобаста аз ин самти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус нисбати якдигар афзалиятнок боқӣ мемонад.

Самти афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо- саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, сохтори мошинсозӣ, комплекси агросаноатӣ, саноати сабук, энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт мебошад. Аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон маъмулан қувваи барқ, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷӣ содир мешавад. Аз Қазоқистон ба ҷумҳурии мо ғалла ва маҳсулоти ғалладона, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, металл ва нуриҳои минералӣ ворид мешавад. Динамикаи инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратӣ хусусияти мусбиро доро буда, ҳамасола дар афзоиш аст.

Тамоюли дигари ин марҳилаи ҳамкорӣ- сатҳи баландтари равобит ва ҳамкории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар шаҳрҳои Алма-ато ва Душанбе ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон ва Қазоқистон» ва «Қазоқистон ва Тоҷикистон» таъсис ёфтанд.

Яке аз воқеаҳои муҳимтарини марҳилаи мазкур ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 4-5- уми моҳи майи соли 2006 мебошад. Дар ҷараёни сафари расмӣ 7 ҳуҷҷати муҳимми байнидавлатӣ ва байниидорӣ ба имзо расиданд. Санадҳои мазкур, аз ҷумла раванди муҳоҷирати меҳнатии муҳоҷирони тоҷик, боркашонии автомобилӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат оид ба ҷавонон, илм ва маорифро танзим менамоянд.

Дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ оид ба сиёсати хориҷӣ, баромадҳои расмӣ ва Паёмҳои солона муносибат бо Қазоқистон дар баробари дигар шарикони стратегӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро касб менамояд.

Сафарҳои минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар дар солҳои 2008, 2010 ва 2011 таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар гаштанд.

Динамикаи мусбати ҳамкориҳо бо боздидҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон дар соли солҳои 2007, 2008 ва 2014 ба даст омаданд.

Ин сафарҳо на танҳо заминаи ташаккули пойгоҳи аҳдномавӣ-ҳуқуқӣ байни кишварҳо, балки боиси наздикии мавқеъ, дарки амалҳои дастаҷамъона ҷиҳати умқи равандҳои ҳамгироӣ ва зарурати таъмини амнияти минтақавӣ гаштанд.

Рушди тадриҷӣ ва ҳадафманди ҳамкориҳо дар солҳои истиқлолият заминаи гузариш ба муносибатҳои шарикии кишварҳо гардид, ки далели он ақди “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Созишномаи мазкур сатҳи ҳамкории кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда миёни онҳо шароити мусоидро дар самти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии Нурсултон Назарбоев, 14 сентябри соли 2015 таъкид намуда буд, ки “Мо ба ташрифи Шумо ба Тоҷикистон аҳамияти беандоза медиҳем. Бовар дорам, ки ин боздид бо муҳтаво ва самтгириаш имкон дорад дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаҳои нав боз намояд”.

Президенти аввали Қазоқистон Н.А.Назарбоев дар рафти сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 14 марти соли 2018 ба Қазоқистон сурат гирифта буд, қайд намуд: “Мо ҳеҷ гоҳ мушкилоти ҳалношуда надоштем, ҳамдигарро ҳамеша ва дар ҳолатҳои гуногун, аз ҷумла дар миқёси байналхалқӣ дастгирӣ менамоем”.

Нуқтаи авҷи ташаккули ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳо имзои Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқӣ мебошад, ки 4 майи соли 2023 дар заминаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст.

Кишварҳо роҳи асосии эмин мондан аз фишори байналхалқиро дар ҳамкории густурда дар доираи ниҳодҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, пеш аз ҳама ИДМ, СҲШ, СААД, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналхалқӣ мебинанд. Хислати мусбии чунин амалкарди ҳамкории кишварҳо дар он аст, ки онҳо новобаста аз мушкилоти мавҷуда дар ҳамоҳангӣ бо қудратҳои минтақавӣ ба ҳалли масоили байнидавлатӣ даст меёбанд.

Дар оғози ҳазораи навин муносибатҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон бо чунин хусусиятҳо фарқ менамоянд:

1) Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо, агар соли 2000 табодули мол миёни ду кишвар 88,1 млн долларро ташкил диҳад, пас ин нишондод дар соли 2023 тақрибан ба 1500 млн.доллари ИМА баробар гардид, ки аз рӯйи ин нишондод Қазоқистон дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баъд аз Россия ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

2) Таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқӣ миёни кишварҳо аз 50 ҳуҷҷат дар соли 2007 то ба 140 адад дар соли 2024 расид, ки он ба таъмини устувори муносибатҳои кишварҳо дар тамоми соҳаҳо мусоидат менамояд.

3) Ташаккули сифатии ҳамкориҳои фарҳангӣ. Рӯзҳои фарҳангии кишварҳо дар ҳудуди якдигар ба таври мунтазам сурат мегиранд.

Дар баробари ҷамъиятҳои дӯсти дар ҳудуди якдигар, марказҳои илмӣ –фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ва маркази фарҳангии қазоқӣ бо номи “Байтерек” дар Душанбе фаъолият менамоянд.

Дар Қазоқистон ҳаҷми зиёди диаспораҳои тоҷикӣ зиндагию фаъолият намуда дар асоси санаду меъёрҳои миёни ду кишвар қабулгардида ба имтиёзҳои муайян, аз қабили будубош дар ҳудуди якдигар бе бақайдгирӣ то 30 рӯз ва дар ҳоли ба қайд гирифтан то 90 рӯзи зиндагӣ имконият меёбанд.

Дар маҷмуъ равобит ва ҳамкории Тоҷикистон ва Казоқистон дар оғози садаи XXI амалан ба марҳалаи сифатан нав – марҳалаи ҳамкории бунёдӣ ва ҳамёрии васеи сатҳи муосир ворид мешаванд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ду кишвари дӯст ва пешрафту ободии минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ мебошанд.

ШАРИПОВ АМРИДДИН, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ