Таърихи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои он

1248

Масъалаи ҳамгироӣ аз оғози истиқлолияти сиёсии кишварҳои минтақа ҳамчун зарурати таъхирнопазири идомаи ҳамкориҳои таърихӣ матраҳ мегардад, вале он дар сатҳи коршиносӣ, илмӣ, ва сиёсӣ ба таври амиқ омӯхта нашудааст. Зиёда аз он худи мафҳуми ҳамгироӣ ба тариқи мухталиф тафсир мегардад. Ягон кишвар намехоҳад, ки ҷиҳати роҳандозии амалии он аз баъзе салоҳиятҳои миллӣ даст кашида нақш ва мақоми сохторҳои байнидавлатиро тақвият бахшанд. Вале ин маънои онро надорад, ки кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ барои умқи ҳамкорӣ ва расидан ба ҳамгироии минтақавӣ кӯшиш накарда бошанд. Вобастагии иқтисодии кишварҳо новобаста аз равандҳои мухолиф асосан боқӣ монд. Зиёда аз он ин вобастагӣ дар чаҳорчӯбаи минтақа амиқ гардида, тадриҷан инкишоф ёфт. Ба ин ҳолат якчанд омилҳо мусоидат намуданд, ки кишварҳои минтақаро ба ҳамгироии дохилиминтақавӣ такон доданд:

– омили хатари умумӣ – зарурати таъмини амният ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро водор намуд, ки дар ин ва ё он сатҳ талошҳои муштарак анҷом диҳанд. Тавре маълум аст, аксарияти хатарҳои муосир ба минтақа аз Афғонистон таҳдид менамояд;

– омили ҷуғрофӣ–кишварҳои минтақа дар як минтақаи ҷуғрофӣ қарор доранд;

– зарурати истифодаи муштараки захираҳои табиӣ – ҳарчанд иқтисоди кишварҳои хислати рақобатнок дорад (кишварҳои минтақа ба бозори ҷаҳонӣ бо номгӯи ягонаи захираҳои табиӣ ворид мешаванд), дар дохили минтақа мубодилаи захираҳо ҷараён дорад. Дар баробари ин вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз захираҳои якдигар афзоиш ёфта истодааст;

– шабакаи ягонаи иттилоотӣ–таъсиси шабакаи ягонаи ВАО ва забони русӣ метавонад ба инкишофи ҳамкории кишварҳо замина гардад;

– мероси собиқ маҷмӯи хоҷагии халқи шӯравӣ – вобастагии иқтисодӣ, коммуникатсияҳои умумӣ, роҳҳои нақлиётӣ, низоми ягонаи энергетикӣ, қубурҳои нафту газ ҳоло низ кишварҳои минтақаро пайванд месозанд;

– омили демографӣ- дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бозори ягонаи қувваи корӣ вуҷуд надорад. Ба ин амр набудани ниҳоди ба қайдгирӣ ва қонунгузориҳои муҳоҷиратӣ дар кишварҳои минтақа сабаб гаштаанд. Новобаста ба ин ҷараёни муҳоҷират байни кишварҳо дар бораи тамоюлҳои муайяни ташаккули бозори меҳнат дар доираи минтақа шаҳодат медиҳад[1];

– омили мазҳабӣ – густариши дини ислом ва равияи суннии он дар Осиёи Марказӣ, ҳарчанд сатҳи диндории аҳолӣ ва нақши ислом дар ҳар як кишвари минтақа мухталиф мебошад;

– омили миллӣ–дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳолии бисёрмиллӣ бо мавҷудияти теъдоди зиёди диаспора ва ирредентҳои миллатҳои ҳокими кишварҳои ҳамҷавор зиндагӣ менамоянд. Ин амр кишварҳоро бо пайвандҳои иловагӣ наздик месозанд;

– гузаштаи ягонаи таърихӣ – ҳамаи кишварҳои муосири Осиёи Марказӣ пурра ва ё қисман ба Аморати Бухоро ва хонигарии Қуқанд, баъдан империяи Россия шомил буданд[2].

Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиёи Марказиро омилҳои зиёд аз қабили: гузаштаи таърихӣ, анъанаҳои таърихӣ, дин мепайвандад. Дар ҳама кишварҳо ҳолат ва мушкилоти ягона ба назар мерасанд. Аз ҷониби дигар, омилҳои хориҷӣ низ зарурати тақвияти ҳамкориҳои минтақавиро тақозо менамоянд:

– Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ дар чорроҳи коммуникатсияҳои қадим ва муосир, аҳамияти бузурги геополитикӣ бо назардошти наздикии марказҳои қудрати минтақавӣ, иқтидори транзитӣ, захираҳои буурги табиӣ, пеш аз ҳама маводи сӯхт, иқлими мусоид, бозори муайяни фурӯши мол ва фарҳанги хоси минтақавӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ аҳамияти зиёд дорад;

– дар замони муосир бинобар шиддат гирифтани рақобати қудратҳо ва афзоиши таҳдид ва таъсири хатарҳои муосир мебояд то кишварҳои мустақили минтақа талошҳои худро баҳри амнияти дастаҷамъӣ ва умқи ҳамгироӣ муттаҳид намоянд. Осиёи Марказӣ бо захираҳои бузурги манбаъҳои маводи тавлидкунандаи неру ва манбаъҳои маъданӣ ва бархӯрдор будан аз вазъияти ҳамлу нақлии бартар аз муддатҳо пеш ба нуқтаи баҳамрасии манфиатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии бозигарони бузурги сиёсати ҷаҳонӣ табдил гардидааст.

Ба навиштаи Ҳалфред мак Киндер Осиёи Марказӣ бахше аз қалби Авруосиё (Ҳартланд)-ро ташкил медиҳад. Ба андешаи ин назарияпардоз, «касе, ки Ҳортландро назорат мекунад, Авруосиёро назорат мекунад. Касе, ки Авруосиёро назорат мекунад, бар тамоми ҷаҳон назорати худро барқарор менамояд»[3].

– дар минтақа мушкилоти зиёди экологӣ, иқтисодӣ, сарҳадӣ, иҷтимоӣ ба назар мерасанд, ки зарурати ҳалли муштарак ва дастаҷамъонаро тақозо менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир самти минтақавӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад;

– истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва арзишҳои умумӣ имкони гирифтор нашудан ба доми геополитикӣ ва вобастагӣ аз кишварҳои абарқудратро фароҳам меорад.

Боиси таъкид аст, ки новобаста аз пешбурди моделҳои мухталифи инкишофи иқтисодӣ ва майл ба қудратҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ самти ҳамкорӣ бо якдигар дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун афзалиятнок боқӣ монд.

29 июли соли 1993 Созишномаи байниҳукуматии Алмаато дар бораи чораҳои умқи ҳамгироии иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки баъдан Қирғизистон ба он ҳамрроҳ гардид. 30 апрели соли 1994 байни Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Аҳдномаи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба оғози Ҳамкории Осиёи Марказӣ (ЦАС) замина гузошт. Вале аз соли 1995 Туркманистон сиёсати бетарафиро интихоб карда аз равандҳои минтақавӣ дар канор монд

Соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмон ҳамроҳ шуда, номи созмон ба – Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАЭС) табдил ёфт. Дар маҷмуъ, дар чаҳорчӯбаи он 50 лоиҳаи иқтисодӣ тасдиқ гардида, 160 ҳуҷҷат ба имзо расид[4].

Бо назардошти афзудани таъсири хатарҳои муосир ва болоравии нақши амният соли 2001 созмон дар мулоқоти Тошканд ба Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (ОЦАС) тағйири ном кард. Таваҷуҳи асосӣ аз масоили иқтисодӣ ва мушкилоти амниятӣ – сиёсӣ равона гардид. Бо назардошти узвияти Россия соли 2005 Созмон бо Ҷомеаи иқтисодии Авру-Осиё (ЕврАзЭС) пайваст шуда, фаъолияташро қатъ намуд.

Агар омилҳои умқи ҳамгироӣ дар минтақа мавҷуд буда, афзалияти ҳамкории минтақавӣ асоси сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил намоянд, пас чаро раванди ҳамгироии кишварҳо дар марҳилаи таърихии аввали истиқлолият ноком гардид?

Барои дарки омилҳои номуваффақ будани равандҳои ҳамгироӣ, ки аз оғози истиқлолият бинобар зарурати нигоҳ доштани ҳамкориҳои мавҷуда дар фазои Осиёи Марказӣ, қарор гирифтан дар баробари воқеияти қатъи фаъолияти Иттиҳоди Шӯравӣ (имзои созишномаи Беловежск аз ҷониби сарварони кишварҳои славянӣ) ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти мадди назар манша гирифта буд, омӯзиши тамоми паҳлуҳои масъала ва ҷанбаҳои таъсиррасон ба ин равандро омӯхтан лозим аст:

  • Аз лиҳози назариявӣ дар панҷ кишвар (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ба омӯзиши мақоми геополитикии минтақа ва аҳамияти кишвари худ шуруъ намуданд. Дар ин радиф ҳар яке аз кишварҳо нуфузи минтақаро дар шароити муосир таъкид карда, ба давлати худ нақши чорроҳа, купрук, марказ ва ғайраро тарҷеҳ медоданд;
  • Кишварҳо ба наздикӣ аз тобеияти шакли империю тоталитарӣ берун шуда намехостанд, ки дар фазои нав (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) дучори тобеияти шакли муосир гарданд;
  • Аз даврони Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои дохилиминтақавиро бевосита ҳал накарда, интизори дастурҳои Москва ва муколамаи он бо Тошканд буданд;
  • Вобастагии амиқи кишварҳои минтақа дар даврони шӯравӣ аз якдигар ба истиснои самти коммуникатсия, шабакаҳои энертегикӣ ва иқтисод возеҳ набуд (дар қиёс бо ҷамоҳири қисмати аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ);
  • Ҳамаи кишварҳои минтақа тақрибан бо номгӯйи ягонаи маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ ворид мешаванд;
  • Ҳар як кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба бозингарони алоҳидаи ҷаҳонӣ такя менамояд (Россия, Ғарб, Туркия);
  • Мавҷудияти тафовути нисбӣ ва умқи омӯзишҳои назариявӣ, ки фарзияҳои духураи гуногунро ба вуҷуд оварда (“кишварҳои болообу-поёноб”, “фарҳангӣ туркӣ-форсӣ”, “тарзи ҳаёти муқимӣ-кӯчманчӣ”, “демократия ва авторитаризм”), минбаъд онҳоро ба монеаи умқи ҳамгироӣ табдил доданд;
  • Рақобати Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои пешсафӣ дар минтақа, ташаккул наёфтани механизмҳои ниҳодии тақвияти пешсафии онҳо – сиёсати бисёрсамтӣ ва ташаббусҳои минтақавию байналхалқӣ – сиёсати инзивоъгароӣ ва худхоҳӣ;
  • Ворид шудани Россия ба ниҳодҳои ҳамгироӣ ва қатъи фаъолияти Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (соли 2005), афзоиши иқтидори низоъомез дар минтақа баъди қатъи фаъолияти созмон;
  • Мавқеи мухталиф ва назари роҳбарони минтақавӣ нисбат ба ҳамгироӣ/ таъсири кишварҳои абарқудрат/шиддати равандҳои геополитикӣ дар ҷаҳон (2001, 2011);
  • Мушкилоти дарки аҳамияти ҳамкорӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳо/ ташаккул наёфтани ниҳодҳои ҳамгироӣ, қатъи ташаккули ҳамгироӣ аз боло бе ҷалби оммаи мардум, рушди ниҳодҳои дипломатияи мардумӣ (фарҳанг, маориф, ҳамкорӣ, иқтисод ва мубодила). Истифодаи таҷрибаи мусбати ниҳодҳои ҳамгироӣ (Ҳамкории Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ) ва дарки камбудиҳои ҷойдошта (таҷрибаи ҷойдошта Центразбат/Хазинаи наҷоти баҳри Арал, таъкиди самти минтақавии ҳамкорӣ ва афалияти он дар тамоми асноди давлатӣ ва баромадҳои расмии кишварҳои минтақа;
  • Муайян кардани дурнамои рушди ояндаи ҳамгироии панҷ кишвар – дар шакли алоҳида ва ё дар ҳайати механизмҳои дигар (СҲШ/СААД/ИИАО/ИДМ)
  • Ҳатто тамоми кишварҳои абарқудрат (ИМА, Ҳиндустон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ) Осиёи Марказиро ҳамчун воҳиди ягонаи ҳудудӣ ва геополитикӣ арзёбӣ мекунанд;
  • Тақвияти иродаи сиёсии роҳбарони минтақа тавассути кумаки ҷомеаи коршиносон, олимон ва зиёиён бо роҳи нишон додани афзалият ва ҷанбаҳои мусбати равандҳои ҳамгироӣ, тавсияҳои мушаххас ва сарзаниши амалҳои худхоҳона ва алоҳида, истифодаи арзишҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳудудӣ-ҷуғрофӣ. Ворид шудани тамоми қишрҳои ҷомеаи кишварҳои минтақа ба раванди суръатбахшӣ, умқ ва самаранокии ҳамгироӣ, ба хусус ҷавонон, ки солҳои зиёд зери таъсири рақоати кишварҳои минтақа ва сиёсатҳои худхоҳонаю бадбинии якдигарӣ тарбия ёфтаанд. Тағйири ақидаи оммаи мардум ва дарки афзалиятҳои ҳамгироӣ;
  • Гузашт ва имконияти таъсиси механизмҳои мушаххас ва дорои нуфуз дар самти мубодилаҳои минтақавӣ;
  • Ташкили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои алоҳида, ба мисли Иттиҳоди аврупоии ангуишту фулод;
  • Инъикоси дӯстии мустаҳкам ва коҳиши зудранҷӣ (таърихи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даврони истиқлолият);
  • Ҳамоҳанг сохтани арзишҳои миллӣ ва пешгирии таҷовуз дар самти азхудкунии ғановати таърихии минтақавӣ ё миллатҳои дигар/даст кашидан аз сиёсати пуштибонии иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак;

Ташаккули вазъи нави минтақавӣ ва дурнамои равандҳои ҳамгироӣ

Баъди қатъи фаъолияти Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ тадриҷан масъалаҳои мушкил дар равобити кишварҳои минтақа возеҳ мегарданд. Дар ин радиф, коҳиши сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар назаррас буданд. Ба хусус, аз соли 2009 баъди эъломи бунёди неругоҳи барқӣ-обии Роғун бо қувваи худӣ ҷониби Ӯзбекистон тадриҷан ба қатъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон шуруъ намуд. Новобаста аз умумиятҳои зиёд ва вобастагиҳои иқтисодӣ баъзе масъалаҳои дохилии Тоҷикистон ва “мушкилоти экологӣ” хислати сиёсӣ касб карда, омили монеи ҳамкории мутақобилаи кишварҳо мегаштанд. Вайрон намудани қитъаи роҳи оҳани Термез – Омӯзанг, коҳиши бесобиқаи гардиши тиҷоратии солона ва сард гаштани фазои муносибатҳои сиёсӣ ва “ҷанги иттилоотӣ”аз қабили онҳоянд[5].

Чунин оҳанги ҳамкорӣ дар муносибати Ӯзбекистон бо кишварҳои дигари минтақа низ ба назар расида, буҳронҳои умумиҷаҳонӣ, аз қабили “Баҳори араб”, афзоиши нуфузи Толибон дар Афғонистон, зуҳури ДИИШ ва қазияи Украина ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонид.

Танҳо баъди ба сари қудрат омадани Президенти нави Ӯзбекистон аз соли 2016 заминаи васеъшавии ҳамкории кишварҳои минтақа фароҳам омад. Эҳёи фазои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобила аз заминаи таърихии муносибати халқҳо сарчашма мегирад, ки тӯли қарнҳо дар минтақа ташаккул ёфта буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми марҳилаи истиқлолият ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медод.

Ба қавли Пешвои миллат “Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст”.[6]

Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳаммияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро таъкид менамоянд. Масалан, Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев қайд намуда буд, ки: “Муносибатҳои мутақобилаи зич бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо ниҳоят заруранд, ки ба сарҳадҳои умумӣ, алоқаҳои бавуҷудомадаи хоҷагидорӣ, пурракунӣ ва вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ, умумияти таърихӣ ва қавмӣ-фарҳангӣ вобастаанд”.[7]

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин гуфта буданд, ки “Мо ба татбиқи усули “Афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон – Осиёи Марказӣ” оғоз намудем. Дар ниҳоят дар минтақаи мо фазои тамоман нави сиёсӣ бунёд ёфта, алоқаҳои мутақобила мустаҳкам мегарданд, ки ба эътимоди тарафайн ва ҳусни ҳамсоягӣ асос ёфтаанд”[8].

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари риоя намудани меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини амният, волоияти ҳуқуқи инсон, демократикунонӣ, маориф, илм, фарҳанг ва тайёр кардани кадрҳо соҳаҳои калидие мебошанд, ки бояд ҳамкориҳои мутақобила дошта бошанд.

Қазоқистон барои рушди ҳамгироии дохилиминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба мақсади коҳиши иқтидри низоъомез, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳалли ихтилофҳои обӣ-энергетикӣ ва ғайра кӯшиш менамояд[9].

Ҳамоҳангии мавқеъ ва амалҳои сарварони кишварҳои минтақа заминаи оғози марҳилаи навро фароҳам оварданд, ки ба умқи ҳамкорӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти мавҷуда ва таъмини амният равона гашта буд.

 18 марти соли 2018 дар шаҳри Остона мулоқоти аввалини машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Туркманистон, ки онро Раиси Парлумон намоянагӣ мекард) дар он масъалаҳои обу энергетика, таъмини амният. ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иқтидори транзитӣ-нақлиётӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ гаштанд

29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи дуюми машваратии сарварони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи дуюм диққати асосӣ ба зарурати мувофиқати назари ягонаи кишварҳои минтақа нисбати масъала ва қазияҳои ҷаҳонӣ, ташкили Форуми сармоягузории ОМ дар Тошканд ва пешниҳоди мулоқотҳои ҳамасолаи роҳбарони Палатаҳои тиҷоратӣ-саноатии кишварҳои минтақа баррасӣ гардид.

Дар рафти ҷаласа Қазоқистон пешниҳоди ақди Аҳдномаи ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ ба хотири рушди осиёи Марказӣ дар асри XXI –ро намуд, ки бояд усулҳои асосии ҳамкории кишварҳои минтақаро инъикос намоянд.

Дар мулоқоти Тошканд собиқ Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев ҳамчун рамзи қадрдонӣ аз ташаббусҳои умқи ҳамкориҳои минтақавӣ раиси ифтихории ҷаласаи машваратӣ интихоб гардид.

Инчунин пешниҳоди баргузории мушовараи ҳарсолаи ВКХ ва мулоқотҳои коршиносон роҳандозӣ шуданд. Ин ташаббусҳо аз назари воқеъбинонаи кишварҳо шаҳодат дода, қадам ба қадам ҳадафҳои воқеӣ гузошта мешаванд. Ҳоло гап дар бораи бунёди сохтори минтақавӣ намеравад.

То оғози раванди Остона кишварҳои минтақаро асосан бозингарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо назардошти манфиатҳо худ ва ташаббусҳои алоҳида ҷамъ меоварданд. Акнун кишварҳои минтақа бошуурона ва мақсаднок мехоҳанд нақши худро аз объекти муносибатҳои байналхалқӣ ба самти иштирокчии муҳимми он тақвият бахшанд. Муҳимтар аз ҳама кшварҳои Осиёи Марказӣ масъулияти ташаккули сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро ба зиммаи худ мегиранд.

Дар маҷмуъ, умед дорем, ки ин амалҳои мақсаднок заминаи воқеии рушди ҳамгироии минтақавӣ гашта, инъикосгари манфиати мутақобила, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилиҳои умумӣ, афзоиши мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.

Шарипов Амриддин.

Дотсенти кафедраи дипломатия ва

сиёсати хориҷии ҶТ

Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда

  1. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов 11.06.2010 19:00, Ӯзбекистон. http://www.president.tj/node/1853
  2. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов 11.09.2014  шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/7448
  3. Комилов К. Таджикско-узбекский конфликт на web-страницах региональных информационных агентств https:// cyberleninka.ru /article/n/tadzhiksko-uzbekskiy-konflikt-na-web-stranitsah-regionalnyh-informatsionnyh-agentstv.
  4. Концепция внешней политики Республики Казахстан на 2014-2020 гг. Утверждена Указом Президента Республики Казахстан от 21 января 2014 года № 741. http://mfa.gov.kz/ru/erevan/content-view/koncepcia-vnesnej-politiki-rk-na-2014-2020-gg
  5. Назарбаев Н.А. Стратегия становления и развития Казахстана как суверенного государства. – Алматы, 1992, – С. 49.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2018. http://www.president.tj/node/19088
  7. Послание Президента Республики Узбекистан Шавката Мирзиёева Олий Мажлису. 22.12.2017. https://president.uz/ru/lists/view/1371
  8. Сайидзода З.Ш. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ. – Душанбе: Контраст, 2016. – 216 саҳ С.23
  9. Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ: ташаккул, таҳаввул ва дурнамо. (МТС назди Президенти ҶТ) Душанбе, 2005, 175 с., С.26
  10. Центральная Азия: геополитика, геоэкономика, безопасность. / Редколл.: Р. М. Алимов, Ш. Р. Арифханов и др. — Ташкент. «Шарк», 2002, С.63, 71

[1] Центральная Азия: геополитика, геоэкономика, безопасность. / Редколл.: Р. М. Алимов, Ш. Р. Арифханов и др. — Ташкент. «Шарк», 2002, С.63

[2] Центральная Азия: геополитика, геоэкономика, безопасность. / Редколл.: Р. М. Алимов, Ш. Р. Арифханов и др. — Ташкент. «Шарк», 2002, С.71

[3] Сайидзода З.Ш. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тољикон ба арсаи сиёсати љањонї. – Душанбе: Контраст, 2016. – 216 сањ С.23

[4] Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ: ташаккул, таҳаввул ва дурнамо. (МТС назди Президенти ҶТ) Душанбе, 2005, 175 с., С.26

[5] Пурратар нигаред. Мулоќот бо Президенти Љумњурии Узбекистон Ислом Каримов 11.06.2010 19:00, Ўзбекистон. http://www.president.tj/node/1853 Мулоќот бо Президенти Љумњурии Узбекистон Ислом Каримов 11.09.2014  шањри Душанбе http://www.president.tj/node/7448 Комилов К. Таджикско-узбекский конфликт на web-страницах региональных информационных агентств https:// cyberleninka.ru /article/n/tadzhiksko-uzbekskiy-konflikt-na-web-stranitsah-regionalnyh-informatsionnyh-agentstv.Санаи мурољиат 16 09 2018.

[6] Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї. 26.12.2018. http://www.president.tj/node/19088. Санаи мурољиат. 28.12.2018

[7] Назарбаев Н.А. Стратегия становления и развития Казахстана как суверенного государства. – Алматы, 1992, – С. 49.

[8] Послание Президента Республики Узбекистан Шавката Мирзиёева Олий Мажлису. 22.12.2017. https://president.uz/ru/lists/view/1371. Санаи мурољиат. 29.12.18.

[9] Концепция внешней политики РК на 2014-2020 гг. Утверждена Указом Президента Республики Казахстан от 21 января 2014 года № 741. http://mfa.gov.kz/ru/erevan/content-view/koncepcia-vnesnej-politiki-rk-na-2014-2020-gg