ТАҶРИБАИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ШОИСТА БАРОИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

16

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯзҳо ҷаҳон бо тазодҳое рӯбарӯст, ки бо чӣ анҷомидани ин ҳама набардҳо, ҳатто барои абарқудратҳову таҳлилгарони вежаи соҳаҳои сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ тақрибан мушаххас нест. Яъне, метавон гуфт, ки ояндаи минтақа ва ҷаҳон беш аз пеш имрӯз ғайри қобили пешбинист ва ба таъбире таҳи ин роҳ дигар рӯшан нест. Ҷое хонда будем, ки “Сулҳи ҷаҳон шабеҳи навори кутоҳи таблиғотиест, ки чанд дафъа дар фосилаи намоиш додани филме аз телевизион пахш мешавад”. Дар назари аввал ин ҳарф танзомез аст, вале вақте ки нооромиҳои ҷаҳонро бо дидаи таҳлил менигарем, айни ин гуфтаро ба чашми сар мебинем ва дармеёбем, ки рӯз то рӯз Сулҳ барои башарият табдил ба гавҳари нодир шудан дорад. Аз наҳси ба ҷони ҳам дарафтодани абарқудратҳост, ки дигар ба таъбири шоирона “сулҳи баҳоровар” барои чаҳор фасл ҷаҳонро тарк кардааст.Аз вазъи хунборе, ки ҳоло олам ба он дучор аст, метавон соатҳо бо қалби пуралам ва дидаи пурнам ҳарф зад.Вале чи илоҷ, ки аз марги фоҷиабори мардуми бечора дар гӯша-гӯшаи олам чашми ба ном ҷаҳондорон намепарад…

Ҳадаф аз иншои ин чанд сатри боло бори дигар моил кардани қалбу забони мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба зикри ояти шукрона аз ватандорист. Шукрона аз Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллие, ки ба шарофати сиёсати созанда ва хидматҳои дирӯзу имрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо таъмин аст. Аз ин хотир, моро мебояд, ки ба вазъи печидаи ҷаҳон ба дидаи таҳлил бингарем ва ба таъбири маъмулу маънидори Пешвои миллат амал кунем ва “ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”. Зеро имрӯз як лаҳза дар роҳи ватандорӣ фориғболӣ кардан, метавонад хатарҳои зиёде дар пай дошта бошад. Пас, моро мебояд, ки вазъи печидаи оламро ҷиддӣ бигирем ва новобаста аз тахассусу пеша дар навбати аввал худро бояд сарбози ҷонфидои Ватан бидонем. Бояд ҳар тоҷикро ҳамчун ватандори сарсупурда нангу номуси ватандорӣ силоҳ бошад ва бо истифода аз ин нангсилоҳ ҳифзи амнияту сулҳ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар меҳвари зиндагии хеш қарор диҳад ва амиқ дарк намояд, ки мо бидуни ҳастии ҳамдилӣ тавони пеш бурдани рӯзгори шоистаро надорем. Бо дарки ин маънӣ, бояд дар Тоҷикистон ҳифзи Ваҳдати миллӣ чун шиори хоси ватандорӣ ва идеяи миллӣ амал кунад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо, мехоҳем, ки дар идомаи матлаб ба суоли “Чаро бояд аз таҷрибаи ба Ваҳдати миллӣ даст ёфтани Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳи сартосарӣ дар ҷаҳон ва танзими муносибатҳои байналмилалӣ истифода кард?” ба таври мухтасар посух диҳем.

Нахуст ин, ки агар вазъи печидаи ҷаҳони имрӯзаро ба нооромиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон монанд бидонем ва бо чашми таҳқиқ бингарем, бешубҳа моҳияти масъаларо мефаҳмем ва зарурати истифода аз таҷрибаи ба Ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистонро дар кори ҷаҳондорию ҷаҳонсозӣ, пеш аз ҳама, таъмини сулҳи сартосарӣ ва танзими муносибатҳои байналмилалӣ эҳсос мекунем. Ба он хотир, ки Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ муҳайё нашудааст. Шояд Истиқлоли давлатӣ як андоза маҷонӣ ба даст омад, вале дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон мувоҷеҳи садҳо мушкилот гардид. Ин печидагиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро дида, ба зеҳни кас намерасид, ки Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ мерасад. Ҳатто, дар ибтидо “Ман ба шумо сулҳ меорам” гуфтани Сарвари давлат барои аксарият то андозае боварнакарданӣ ба гӯш мерасид. Аммо ба рағми нотавонбинон ва мардуми умедаздастдода ин марди дар аҳди хеш устувор, бо азми дурусту саъйи комил ватансозии хешро идома дод ва натиҷаи ин ҳама ҷаҳду талоши эшон ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллии Тоҷикистон шуд, ки имрӯзҳо, хушбахтона бо дидаи бедору дили аз меҳру муҳаббат саршор аз 28-солагии он истиқбол мегирам.

Чаро аз роҳи пурхавфу хатари ба Ваҳдати миллӣ даст ёфтани Тоҷикистон мухтасар қисса кардем? Барои он, ки аҳаммияти истифода аз он дар ҷаҳонсозӣ бармало шавад. Метавон ба печидагиҳои ин айём нигарист ва Тоҷикистони он солҳо дар хоку хун оғуштаро дид. Дар воқеъ, он айём Тоҷикистон тифлеро мемонд, ки дар ҳоли афғон кардан буд ва додрас намеёфт. Аммо ба арсаи ватансозӣ по гузоштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро комилан дигар кард ва Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ ба Ваҳдати миллӣ расид. Яъне, имрӯз бояд ҷаҳондорон аз Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи ба амният ва сулҳи сартосарӣ расондани ҷаҳон машварат бипурсанд. Ҳадиси эшонро бишнаванд, то бигӯяд, ки чӣ гуна тавонист, як кишвари дар хоку хун оғуштаро табдил ба ваҳдатистон кард.

Хушбахтона, имрӯз Пешвои мо дар баробари амалӣ кардани сиёсати созанда дар Тоҷикистон, мусоидат кардан ва саҳми назаррас гузоштан дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонро низ дар меҳвари фаъолияти хеш қарор додаанд, зеро хуб дарк намудаанд, ки ба вуҷуд омадани нооромӣ дар ҳар гӯшаи олам ба Тоҷикистон низ таъсири манфии худро хоҳад расонид. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи даст гирифтани иқдомҳои бузурге монанди ҳалли мушкилот дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва зиндагибоб нигоҳ доштани иқлими сайёра аслан фориғ аз ҷангу даъво нигоҳ доштани ҷаҳондорон аст. Пешвои миллати мо мехоҳанд, ки бигзор абарқудратҳо дар ин мавридҳо бештар фикр кунанд ва азми дарафтодани ба ҷони ҳамро аз афкори хеш берун созанд.

Сарвари давлати мо, ки намояндаи шарафманди миллати Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, боз ҳам бо пайравӣ аз афкори созандаи эшон, ҳамдилиро дар ҷаҳон тарғиб намудаистодаанд. Зеро Мавлоност, ки ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ афзалтар шумурда, мегӯяд: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабони беҳтар аст..”.Агар ба умқи маънии ин мисраи Мавлоно амиқ бингарем, дармеёбем, ки дар ин ҷаҳон агар ҷаҳондорон бихоҳанд, ҳеч зарурате барои ҷангидан бо ҳам вуҷуд надорад. Месазад, бо истифодаи зарфиятҳои дар олам мавҷуд дар фазои ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва сулҳи сартосарӣ зиндагӣ кард, вале афсӯс, ки дар зеҳни иддае аз ҷаҳонхоҳон афкори арҷ гузоштан ба ҳамдилӣ умуман вуҷуд надорад.

Бо назардошти ин вазъи печида метавон бори дигар иброз кард, ки дар ин роҳ, андешаҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷодаи сулҳоварӣ таҷрибаи хубе доранд, бояд дуруст ва мақсаднок истифода шавад, то ҷаҳон аз чанги ҷанг бираҳад ва Сулҳ дар олам ҳарфи аввалро бизанад. Пас, бидуни шак метавонем, таҷрибаи ба Ваҳдати миллӣ даст ёфтани Тоҷикистонро шоистаи истифода дар кори ҷаҳонсозӣ унвон кунем.

Дар яке аз суханрониҳои хеш низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон таҷрибаи сулҳофаринӣ дар Тоҷикистонро сабақи арзишманди ватанӣ ва ҷаҳонӣ унвон карда, қайд намудаанд, ки “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт”.

Моро мебояд, ки таҷрибаи ба Ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистонро чун китоби муқаддас ба даст бигирем, бихонем, дар таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ аз он истифода кунем ва ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки башарият дар сурати қадр кардани ҳамдилӣ ва эҳтиром гузоштан ба Сулҳ дар анҷом додани корҳои бузурге тавоно мешавад.Шоиста аст, ки ин ҷашни ватандорӣ-Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ба ҷумла мардуми шарафманди диёрамон Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон таҳният бигӯям. Мутмаинам, ки мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша, ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасем, Тоҷикистонро дӯст медорем ва ҳамдилиро асоси ватансозӣ медонем.

Асламшозода Фотима, м.к. факултети муносибатҳои байналхалқӣ,

Назарова Хайринисо Акрамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ