ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

559

Имрӯз, 22 феврали соли 2023 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ маҳфили илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.Дар он декани факултет муҳтарам Ҷаъфаров С.Х., мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ Розиқов Ф.М, собиқадорони соҳа полковник Ғафуров С.Ҷ., полковник Юсупов Ш.Ф. ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар суханрониҳо қайд гардид, ки 30 сол мешавад, ки Артиши миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро дар тӯли 30 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид.Ҳамчунин қайд гардид, ки ватандӯстиву ватанпарастӣ, муҳаббат ба арзишҳои меҳанпарастӣ, ҳифзи амнияту осоиш ва якпорчагии Ватан аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шахси худогоҳу худшинос ба ҳисоб мераванд.