ТАҲКИМИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

290

Воқеан яке аз марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатории миллӣ ва соҳибихтиёрии тоҷикон ба баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон рост меояд. Бояд иброз дошт, ки пас аз барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлол расидани давлатҳои иттифоқӣ Тоҷикистон ҳам ба мисли дигар акторҳои сиёсӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Вале мутаассифона нигаҳдошти ин падидаи нодир ба осонӣ муяссар нагардиду ҷомеа ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шуд. Тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар боиси ташаккули ҳизбу ҳаркатҳои мухталиф гардид, ки ҳадафи аксари онҳо ҳокимияти олӣ буд. Аз хориҷ гурӯҳҳои мушаххас сарпарастии ҳаракатҳои тундарвро дар Тоҷикистон ба душ гирифта, ба маркази амалӣ гардидани ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии хеш табдил додани он талош намуданд. Пояҳои ҳукумати кишвар аз боиси фалаҷ гардидани аксар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ заиф гардид. Хатарҳои зиёд ба тамомияти арзии давлат ва истиқлоли миллӣ таҳдид мекард. Дар чунин марҳилаҳи сарнавиштсози миллату давлат бо ташаббуси қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳи миллат зарурати даъвати Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ пеш омад.

Аз санаи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия аз 236 нафар 193 нафар ширкат намуда, 23 масъалаи муҳиму зарурии ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии раванди баргузории иҷлосия инбихоби Раиси Шӯрои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ниҳоят 19-уми ноябр аз ҷониби ҳайати вакилони мардумӣ раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Вазъи минбаъдаи мамлакат бори дигар собит намуд, ки интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дурустарин қарори ҳайати валкилони халқ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар воқеъ гардиши куллие дар таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосия намояндагони халқи кишвар ба умеди раҳоӣ ёфтан аз парокандашавии давлат тақдири онро ба чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд. Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медид ва барои дар амал татбиқ намудани ин заҳмати зиёд кашид. Роҳи сулҳу ваҳдати миллиро дар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва бахшиши ҳамдигар медид. Дар чашми миллат нобоварӣ ба оянда медурахшид. Аммо ин ҳама бадбахтии ба амаломадаро Худованд тавассути як фарзанди ин диёр, писари деқон, заҳматпеша ва аз ғами халқу миллати хеш бохабар – Эмомалӣ Раҳмон баратараф намуду ба миллати тоҷик имкони ҳастӣ ва давлатдорӣ ато намуд. Эмомалӣ Раҳмон сарварест, ки 6 сол ҷони худро дар хатар монду ҳайати мухолифинро ба имзои созишномаи сулҳ ва ризояити миллӣ розӣ кунонид.

Роҳи 30-соли сипаринамудаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки ӯ ба боварии на танҳо намояндагони халқ, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён сазовор гардид. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он ба ҳайси як давлати миллӣ арзишҳо ва манофеи миллиро аз ҳамаи дигар арзишҳову манфиатҳои фаромилӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динию мазҳабӣ воло дониста, дар ҷойи аввал гузошта, ҳамеша барои беҳбудӣ, пешрафт ва сарбаландии тоҷикону Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст.

Омили асосии муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудиҳши ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва наҷоти давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эсос кардан ва ба халқ такя кардани ӯ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифин дар самти ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот ба ягон гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ ва қудратӣ хориҷӣ такя накард. Эмомалӣ Раҳмон дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонист, халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонад ва давлатро аз вартаи нобудӣ берун кашад. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз байн халқ баромада буд, аз дарду талаботи ҷомеа ба хубӣ огаҳ буд ва дарк мекард, ки ба миллати тоҷик чи лозим аст ва чи бояд кард, ки сулҳу оштиро миёни миллат ба вуҷуд овард. Мардумӣ будани ин фарзанди фарзонаи миллат то имрӯз собит шудаистодааст. Ӯ ягона шахсияте буд, ки дар чунин ҳолати вазнину марккаби ҷанги шаҳрвандӣ ба халқ такя карду манфиати эшонро ҳимоя намуд. Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки бештар диққати Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаи сарнавиштсоз ҷалб карда буд, баргардонидани муҳоҷирони иҷбории ба Афонистон рафта буд. Аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин мамлакати ҷангзада Сарвари давлатро бештар нигарон карда буд. Аз ин рӯ, ӯ яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таҳкими боварии тарафайнро дар Тоҷикистон пеш аз ҳама дар баргардонидани муҳоҳоҷирон медид.

Бо ибтикори Сарвари давлат аркони муҳимми давлатӣ ба монандӣ сохторҳои қудратӣ, Конститутсия, артиши миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ташкил ва қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо дар амал татибиқ шуду Истиқлоли давлатӣ аз зери хавфу хатар ва таҳдидҳои бемаҳал ҳифз карда шуд. Танҳо рамзҳои давлатӣ соҳибихтиёрии миллату давлати тоҷиконро муаррифӣ карду артиши миллӣ пояҳои истиқлолро ҳифз намуд. Конститутсия бошад, мавқеи ҳар шахсро дар ҷомеа ва дар назди давлат муайян карду рушду дурнамои давалатдории тоҷиконро мушаххас ва равашан намуд. Танҳо ҷуръати инсонӣ ва тасмими қавии ин фарзанди фарзонаи миллат, ки бори гарони бунёди давладории миллиро ба душ гирифт, худ қаҳрамонӣ ва корномаи беҳамто аст. Ӯ бе дудилагӣ, бо тасмими мардонагӣ ва шуҷоати фавқулода ба души худ масъулияти вазнину мураккаби хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, эъмори пояҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдории миллиро гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномаи хеш дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, барқарор намудани муносиботи дипломатӣ бо тамоми давлатҳое, ки мехоҳанд бо кишвари мо дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди дуҷониба ҳамкорӣ намоянд, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягиро бо кишварҳои минтақа пеш гиранду ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд, таъкид намуда буданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистон минбаъд такмил ёфта, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлат ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушод” интихоб карда шуд, ки минбаъд ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳхоҳ амал карда, натиҷаҳои дилхох дод ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муайян кард. Дар айни замон бо интихоби сиёсати воқеъбинона, дурандешона ва пешбурди низоми пешрафтаи давлатдорӣ Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар раванди ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод шинохта шудааст.

Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон таъкид намудааст, ки “Сиёсати хориҷии “дарҳои кушода”-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтааст”.

Вақте тамоми талошу заҳматҳо ва дастовардҳои даврони Истиқлолро ба таври объективӣ натиҷагирӣ менамоем ба боварии комил метовон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих шарафмандона иҷро намудааст. Ана ҳамин талошу заҳматҳо ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки аввал хатарҳои давлати нав ба истиқлолрасида бартараф гардиду, пояҳои устувори рушди бомароми Тоҷикистон гузошта шуд.

Хидмати бузурги Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи сарабаланди Тоҷикистон ва таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик дар он аст, ки ин чеҳраи мондагори миллат ва сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷиконро аз парешонӣ ва парокандагӣ ҳифз кард. Бо ин метавон Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон номид.

Ҷаъфаров Сайҳомид, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ