СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

268

Аз соли 2016 инҷониб 29 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии мамлакат, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.

Ба ин муносибат имрӯз (26.09.2024) дар пояи факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо ибтикори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи кормандони хадамоти дипломатӣ мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Масоили мубрами сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори мизи гирд намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дипломатӣ ва илмии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби Истиқлоли давлатӣ ба даст омад. Зеро муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз барои азхудкунии нозукиҳои соҳа ва ташаккули шахсияти сазовори халқу миллат тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Яке аз боргоҳҳои татбиқи ҳадафҳои наҷиби ҷавонон – факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Омӯзиши махсусияти хизмати дипломатӣ аз устодони соҳа, баргузории дарсҳои амалӣ-назариявӣ аз ҷониби дипломатҳои касбӣ ва собиқадорони соҳа, навиштани корҳои таҳлилӣ, муҳокимаи масоили мубрам ба тавсеаи ҷаҳонбинии намояндагони ояндаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.