СЕМИНАРИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

387

Бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ семинари илмию назариявӣ таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 31 соли Истиқлол: таҳаввули муносибатҳои байналхалқӣ» баргузор гардид.Семинарро декани факултет н.и.т., дотсент Саидҳомид Ҷаъфарзода ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳамият ва мубрамияти мавзуи семинар ибрози назар намуд.Дар кори семинар устодону коршиносон вобаста ба мавзуҳои зерин бо забони тоҷикӣ ва русӣ баромад намуданд: “Афзалиятҳо ва самтҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (дар қаринаи шарики стратегӣ)”. Сухангӯ: номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х. Д.“Ҳамкории илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар даврони Истиқлол”. Сухангӯ: декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷаъфарзода С. Х.“Мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир”. Сухангӯ: и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Нуриддин П. Р.“Глобальные преобразования и достижения Республики Таджикистан в международной политике за 30 лет независимости”. Докладчик: доктор политических наук, доцент, зав.кафедрой международных отношений и дипломати РТСУ Қурбонова З. М. “Республики Таджикистан в современной системе международных отношений”. Докладчик: доктор политических наук, профессор Сибирского института управления РАНХиГС при Президенте Российской Федерации Нуриддинов Р. Ш.“Тоҷикистон ва Россия: шарики стратегӣ дар ибтидои асри ХХI”. Сухангӯ: мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Розиқов Ф. М.“Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар даврони Истиқлол”. Сухангӯ: мудири кафедраи мутолиоти Шарқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонов М.“Таҳдидҳои замони муосир ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи дигаргуниҳои геоолитикӣ”. Сухангӯ: номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ Пайвандов Х. Б.“Масъалаҳои таҳаввул ва ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ”. Сухангӯ: номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Славянии Россия-Тоҷикистон Наимов И. Н.“Самтҳо ва хусусиятҳои хоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар қаринаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ”. Сухангӯ: муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ДМТ Басиров Б. С. “Дипломатияи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Сухангӯ: муовини сардори раёсати робитаҳои берунаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев К. С.“Нақши Истиқлоли давлатӣ дар таъмини манфиатҳои миллӣ”. Сухангӯ: номзади илмҳои таърих, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов С. С.Дар анҷоми семинар аз ҷониби садорати факултет иброз гардид, ки баргузории семинари илмию назариявӣ ва маърузаҳои ироашуда воқеан таҳаввулоти муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 31 соли истиқлолият пурра инъикос намуданд.