Семинари илмӣ бо иштироки ходими пешбари Маркази ҳиндшиносии Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсия Россия

172

24 ноябри соли 2023 дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ семинари илмӣ бо иштироки ходими пешбари Маркази ҳиндшиносии Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсия Россия Татяна Николаевна Загородникова баргузор гардид.

Семинари мазкур дар асоси ҳамкориҳои Маркази мутолиоти минтақавӣ ва муқоисавии факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ ва Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсия Россия доир гардид ва дар оянда ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди илмӣ идома хоҳанд кард.

Мавзуи семинари илмӣ “Равобитҳои Россия ва Ҳиндустон дар масири таърих дар заминаи сарчашмаҳои нодир” номгузорӣ шуда буд. Дар доираи ин мавзуъ Татяна Николаевна Загородникова дар ҳузури ҳайати устодон, донишҷӯён ва магистрҳои факултет маърӯза намуда, ҷанбаҳои ҳиндушиносии муосирро баррасӣ намуд. Инчунин Татяна Николаевна Загородникова таълифоти хешро доир ба ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ миёни Россия ва Ҳиндустон муаррифӣ намуда, доир ба нақши тоҷиконе, ки дар самти ҳиндушиносӣ фаъолият намудаанд, андешаронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки ин сеюмин маҳфили Маркази мутолиоти минтақавӣ ва муқоисавӣ дар соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад ва дар моҳҳои дигар чунин маҳфилҳои илмӣ бо ҷалби дигар коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ доир хоҳанд гашт.