СЕМИНАРИ ИЛМӢ БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ УСТОДОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ РУСИЯ БА НОМИ ПАТРИС ЛУМУМБА (РУДН)

143

29 ноябри соли 2023 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ семинари илмӣ бо иштироки ҳайати устодон аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба (РУДН) ва факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ, меҳмонон Внукова Злата Андреевна – роҳбари шуъбаи рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳии РУДН, Курилев Константин Петрович – мудири кафедраи назария ва таърихи муносибатҳои байналмилалии РУДН ва Лариса Оринина – роҳбари Бахши кор бо ҳамкорони хориҷӣ ва табодули академии шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ, Внукова Злата Андреевна доир ба фаъолияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) маълумот дода, имкониятҳои табаддули магистрҳоро дар шакли 1+1 аз рӯи ихтисосҳое, ки миёни ДМТ ва РУДН созишномаҳо имзо шудааст баррасӣ намуд. Курилев Константин Петрович дар хусуси ҳамкориҳои илмӣ миёни устодони ду донишгоҳ ҷиҳати навиштани китобу маолаҳои муштарак, ташкили конференсияҳои маҷозии муштарак ва имкониятҳои таҷрибаомӯзии устодони ҷавон дар РУДН суҳбат намуд. Лариса Оринина доир ба тақвияти ҳамкориҳо миёни ду донишгоҳ, роҳҳои аз худ намудани квотаҳои таҳсилотӣ дар зинаи магистратура ва бунёди низоми иттилоотии ягон миёни донишгоҳҳо маълумот доданд.