Дар таърихи башарият шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки зиндагӣ, умр ва сарнавишти шахсияшонро бо сарнавишти халқу миллати хеш таъвам мегардонанд. Ин қабил шахсҳо бештар дар лаҳзаҳои ҳассос, дар марҳилаҳои муҳиму сарнавиштсоз рӯи саҳнаи таърих меоянд ва бо ибтикороти фидокоронаи худ ба хотири бақои миллат, сарсабзию шукуфоии кишвар ва таъмини рӯзгори осудаи мардум дар дили халқ абадан ҷой мегиранд. Барои мо тоҷикон, ки миллатамон дар охири садаи ХХ ва ХХI дар вазъияти ногувори таърихӣ қарор гирифт ва онро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, Худованд шахсиятеро рӯи саҳнаи сиёсӣ овард, ки бо ҷоннисориҳои ва фидокориҳои содиқонааш киштии ба коми тӯфони нобудирафтаи онро наҷот дод. Таърихи навини халқу миллати тоҷикро ба масири дурусту ростӣ, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун гардонид. Ин шахсияти исонафас, наҷотбахш ва раҳнамои бохирад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Барои он ки мо нақши таърихии сарвари давлатро дуруст шинохта бошем, ки фарз аст як маротиба саҳифаҳои пуртазод ва пурфоҷеаи таърихи навини халқаамонро варақгардон кунем.
Вақте давраи фурӯпошии давлати шуравӣ ва оғози Истиқлолии Тоҷикистонро пеши назар меорем, ин масъала боз ҳам равшантар мегардад. Воқеан, он солҳо барои мо, тоҷикон давраи сарнавиштсоз буд. Бештари халқҳои собиқи шуравӣ дар он солҳо ба осонӣ масири истиқлоли худро муайян карданд ва аз шаҳди истиқлолу озодӣ ком ширин мекарданд. Аммо сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин шаҳдро дар коми халқи мо ба заҳр табдил дод. Ҷумҳурии як замон хеле ободу осуда ба макони кашмакашиҳо ва хунрезиҳои бемаънӣ табдил ёфт. Ин ҳолат кулли ақлҳои солим, шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мардуми соҳибандешаю срҳибхирадро дар ҳолати карахтӣ қарор дошт. Касе ба равшанӣ дарк намекард, ки ин офати сиёсию иҷтимоӣ аз куҷо сар зад ва моро ба куҷо мебарад.
Вақте ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ кард, аксари намояндагони мардумӣ дар ҳолати ҳайратзадагӣ буданд, онҳо намедонистанд, ки корро аз куҷо сар кунанд. Ин ҳолатро мо аз наворҳои ин Иҷлосияи таърихӣ ба осонӣ мушоҳида мекунем. Дар ин Иҷлосия, баъди интихоби раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он солҳо аз ҷумлаи ҷавонтарин депутатҳо буд, вақте ба минбар баромад, дар толор як нуре, як равшание пайдо шуд, ки он на танҳо ҳолати рӯҳию равонии аҳли толорро тағир дод, балки дар дили тамоми сокинони Тоҷикистон нури умедро ба ояндаи кишвар фурӯзон кард. Ин равшании умедбахш, ки аз чеҳра, аз дилу нияти раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ тӯлуъ намуд, роҳи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мунаввар намуд. Халқи тоҷик дар шахси сарвари давлат каси наҷотбахши халқу миллат ва давлатро пайдо кард, шинохт ва дар атрофи ӯ муттаҳид гардид.
Афроди калонсол, ки он рӯзҳоро паси сар намуданд ва шоҳиди бевосита чун мурғи самандар аз зери оташ дубора эҳё гардидани миллат ва давлати тоҷиконро ба чашми сар диданд, моҳияти ин гардиши муҳимми таърихи навини халқро беҳтар дарк карданд.
Иқдоми нахустини Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ба ватан баргаштани гурезаҳо ва онҳое, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ тарки ватан карда буданд, оғоз шуд. Ин амали Сарвари давлат маънои онро дошт, ки Тоҷикистон ватани ҳамаи шаҳрвандони кишвар, сарфи назар аз мансубияти нажодию миллии онҳост. Ин обухоки ватан ва макони ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониён мебошад. Ба ҳамин хотир зарурат пеш омад, ки ӯ ҳамаи сокинони бар асари ҷанг гурезаю парешоншударо дубора ба ватан баргардонад ва сарнавишти ояндаи кишварро ба дасти онҳо диҳад . Интихоби Президенти Тоҷикистон, ки дар солҳо баргузор гардид, бори дигар эътимоду боварии халқро ба шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод ва собит гардид, ки роҳмано балки Пешвои воқеии миллатро пайдо намуд. Ӯ ба мардум аз ояндаи нек, аз ободию пешравӣ, аз зиндагии шоистаю сазовор, аз сулҳу оромӣ ва осудагию пешравиҳои азими Тоҷикистон башорат дод. Дар шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ақли солим, хирад ва заковати баланди таърихию сиёсӣ раҳнамо ва чароғи ҳидояти миллати тоҷик барои ояндаи дурахшон гардид.
Мардум бо роҳнамоии Пешвои соҳибхиради хеш дар як муддати кутоҳ захмҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро табобот кард ва оқибатҳои онро бартараф намуданд ва барои пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ватан камари ҳиммат бастанд. Дар натиҷа, дар як фосилаи кӯтоҳи замони Тоҷикистон на танҳо чеҳраи иҷтимоиву иқтисодии худ, балки чеҳраи сиёсиашро комилан дигаргун намуд. Вай аз як ҷумҳурии харобу ҷангзада ба як кишвари амну ором ва рушду тарақиёбанда табдил ёфт, ки ин натанҳо муҳимтарин дастоварди даҳсолаҳои аввали истиқлол мебошад, балки он натиҷаи амалӣ ва равшани пиёдасозии консепсияҳои бунёдии давлатсозии Пешвои миллат буд. Таҳия ва пешниҳоди ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои мушаххаси рушду иқтисоди соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишвар далели равшани гуфтаҳои боло мебошад.
Натиҷаи талошҳо ва ибтикороти ватанпарастонаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, узви даҳҳо созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ гардид ва дар ҳалли проблемаҳо ва мушкилоти замони муосир саҳми худро мегузорад.
Сол аз сол эътибору обрӯи байналхалқии кишвари мо меафзояд, ки ин ҳам натиҷаи хиради сиёсӣ, дурандешӣ ва ояндабинии оқилонаи Сарвари давлат мебошад
Ба таври куллӣ ҳамаи дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ,иҷтимоӣ, давлатсозӣ, фарҳангсолорӣ, эҳёи дубораи арзишҳо ва суннатҳои миллию таърихии тоҷикон дар замони мо ба таври қавӣ пайванд мехӯрад бо шахсияти Пешвои миллат, бо ибтикорот ва иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкорона ва ватанпарастонаю миллатдӯстонаи эшон.
Фарзонаи Шамсиддин – н.и.т.,омӯзгори факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ