Самти ҳамкориҳои байналмилалии факултет

Самти муҳимми фаъолияти факултет дар соли 2024 тақвияти ҳамкориҳои илмӣ бо дигар донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва ниҳодҳои байналмилали хориҷӣ ба ҳисоб мерафт.

  1. Донишгоҳи иктисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия (Тошкент),
  2. Академияи дипломатии Озарбойҷон (Боку),
  3. Донишгоҳи давлатии Белорус (Минск),
  4. Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Фороби (Алмаато),
  5. Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (Университет),
  6. Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов,
  7. Донишгоҳи Россиягии Дустии Халқҳо,
  8. Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Мактаби олии иқтисодӣ” (НИУ ВШЭ) Москва,
  9. Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид,
  10. Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,
  11. Донишкадаи равобити байналмилали назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,
  12. Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия.

Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотии факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷии дар боло ишора шуда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар соли 2024 ҳамкориҳои судманд дар самтҳои табодули асарҳои илмӣ ва китобҳо дар шакли электронӣ, иштирок дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ тариқи маҷозӣ, иштирок дар озмуну тренингҳо, хондани лексияҳо ва гузаронидани семинарҳо сурат гирифтааст.