Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти чунин неъмати бебаҳо чун истиқлолият худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти ў ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолии мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамгироии мамлакат бо ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ саъю талошҳои зиёде намудааст. Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳури Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Баррасии ҷонибҳои мухталифи ин масъала яке аз рукнҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ба шумор меравад.
Бинобар ин, лозим донистем, то роҷеъ сиёсати хориҷӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам дар шароити ривоҷи иқтисоди бозаргонӣ дар миқёси олам ва ҳамчун маҳаки асосии чунин муносибатҳо маҳсуб меёбанд, баъзе мулоҳизоти хешро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2024 пешниҳод шуд, иброз дошта бошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлу равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро дар мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии ватан ва мардуми худро дар чаҳорчубаи сиёсати “дарҳои кушода” дар сатҳи шоиста таъмин намояд.
Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ мавқеъи хешро пайваста таҳким бахшида, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.
Барои боз ҳам такмил додани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳури Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас додаан. Ин аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ва роҳнамо барои рушди кишвари азизамон Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекунанд, ки “вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем.
Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва муаррифии давлати тоҷикон дар саҳнаи байналхалқӣ равона гардидааст. Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли 34- соли истиқлолият сиёсати хориҷии кишвари мо марҳилаҳои ташаккул, рушд ва таҳаввулро сипарӣ намудааст, ки бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Тайи ин муддат дар самти сиёсати хориҷӣ ва дипломатия тоҷикон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд
Ҳамчунин Пешвои миллат дар паёми имсолаи худ қайд мекунанд, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид. Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дигар самти муҳим – иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд. Тоҷикистонро дар саёра ҳамчун кишвари ташаббускори дипломатияи обӣ мешиносанд ва эътироф низ намудаанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбадТашаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ садо доданд, ки нисбат ба ин ташаббусҳо қарорҳои дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардиданд. Яке аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон, ки айни ҳол давраи амали он ҷараён дорад, ин даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки дар ҳошияи ин ташаббус ибтикороти хоса идома дорад. Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, ки эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад, воқеан як пешниҳоди саривақтиву бамаврид буда, дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи иқлимӣ, махсусан тағйирёбии он нақши бориз дорад. Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир иқлими тамоми сайёра босуръат дар ҳоли дигаргунӣ аст ва ин нигаронкунанда мебошад. Дар натиҷаи он чандин ҳазор пиряхҳои хурду бузург об шуда истодаанд, ки манбаи асосии обҳои тозаи нӯшиданианд.
Дар Паёмии имсолаи худ Пешвои миллати қайд мекунанд, ки “ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд. Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад”.
Бояд гуфт, ки нахустин кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ифротиву ғаразноки ҷонибҳои манфиатхоҳ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буданд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори ҷавону дурандеш ва сиёсати санҷидаву бобарори он тавонист, сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятро дар мамлакат таъмин намояд ва зуҳуроти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористиро дар кишвар решакан намояд.
Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем.Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд.
Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад. Дар ҷаҳони муосир,ки ҳамгироӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст ба рушди устувори босубот,болоравии иқтисодиёт ва таъмини амнояти кишварҳо дар сатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи ҷумҳуриро дар фаъолияти сохторҳои бисёрҷонибаи глобалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайён намудаанд. Стратегияи мазкур дар шароити ҷаҳонишавии чи равандҳои хоҷагидориву иҷтисодӣ ва чи хатарҳои амниятӣ,ба мисли терроризму экстремизм,гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба сиёсати хориҷии кишвар тавозуни прагматикӣ бахшида,имкониятҳои онро дар мавриди ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар меафзояд. Вобаста ба сиёсати хориҷӣ Пешвои миллат қайд мекунан, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Бад – ин равиш метавон гуфт,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 34 соли истиқлолият дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид.Тавсеаи равобит бо кишварҳо созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, кишвари мо бар асоси сиёсати дарҳои боз робитаҳои гуногунсамтро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳое,ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд,густариш медиҳанд.
Гумон мекунам ки барои ҳар як фарди соҳибватани тоҷик ин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амал ва зиндагӣ бошад: «Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгў ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем».
МИРЗОЕВ ҲАБИБҶОН
–номзади илмҳои таърих, устоди
факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ