САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ДАВЛАТИ КУВАЙТ

118

3 ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” ба Давлати Кувайт сафар карданд.

Дар шаҳри ал-Куват миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт арзи сипос намуданд.

“Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни баррасии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба давлати Кувайт барои дастгирӣ аз иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзи сипос карда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки кишвари дӯст аз қабули Қатъномаи Созмони Милал аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда” ҳам ҷонибдорӣ мекунад.

Бо назардошти хавфу таҳдидҳои замони муосир ба амну субот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дошт.

Дар доираи мулоқот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ ба имзо расид, ки барои ҷонибҳо судманд номида шуд.

Бояд гуфт, ки равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31-уми марти соли 1995 барқарор гардида, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2013 дар шаҳри Ал-Кувайт ба фаолияти худ оғоз намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба (солҳои 1995, 2012, 2013, 2016, 2024) ба Давлати Кувайт сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додааст.

Муаллими калони кафедраи мутолиоти Шарқ н.и.т. Қамаров А.З.