РУШДИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО ПОКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

502

Бояд ёдовар шуд, ки равобити Тоҷикистону Покистон бо марҳалаҳои гунонгун оғоз шудааст, ки аввалини он шиносои адабӣ ва забонии ин ду сарзамини соҳибфарҳанг дар замони собиқ Шуравӣ бо мавҷуд будани шуъбаҳои урду ва ҳиндии марказҳои илмӣ буд, ки бисёре аз мутахассисони кишвар хадамоти илмиро барои рушди фарҳанг то ба имрӯз ба иҷро расонданд.

Пайвандгари адабии Тоҷикистону Покистон омӯзиш ва ҳифзи забони урду мебошад, ки он барои мо мардуми Тоҷикистон чун духтари зебои форсӣ-тоҷикӣ хело аҳамият дошта, таърихи ғании 350 солаи ин забони ошиқона саршор аз адабиёт, фарҳанг, шеъру ғазал ва осори исломист, ки мо онро мавриди омӯзиши илмӣ қарор диҳем, зеро он бо шеваҳои забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамвасл ва ҳамнасл буда, дорои манобеъи маҳфузшудаи ғанӣ мебошад.

Мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистон ба монанди Аллома Муҳаммад Иқбол (тав. 9-ноябри 1877 ваф. 21 апрели 1938), Ҳофиз Ҷалондари (офарандаи суруди милии Покистон), Мирзо Асадулло Ғолиб (1797-1869), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Надим Қосимӣ (тав. 20-ноябр 1916 ваф. 10 июли 2006) шавоҳиди ин мархалаи таърих мебошад, ки зиёиёни тоҷик онҳоро чун сарчашмаи илмию адабӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Эълони бародаршаҳрии байни Душанбе ва Лоҳур аз солҳои пеш аз даврони истиқлол низ дастовардҳои фарҳангии ин ду сарзамин мебошад, ки то ҳол боқӣ мондааст. Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун ва китоби нависандаи покистонӣ Профессор Муҳаммад Ахтар (1934-1915) дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор додаанд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.

Дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи илмӣ-фархангии Покистон ва Тоҷикистон таи солҳои 50-90 дар китоби Қ. Расулиён “Покистон” маълумоти муфассал гирд оварда шудааст (Расулиён Қ «Покистон» Д, 2005, С.57). Дар китоби муаррих Қаҳҳор Расулиён ”Покистон” таваҷҷӯҳи асоси ба оғози муносибатхои илмию фарҳангӣ ва вазъи кунуниву дурнамои равобити гуногунҷабҳаи тарафайн равона карда шудааст. Пас аз ба истиқлолият соҳиб шудани кишварҳои собиқ шуравӣ давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба ҷумҳуриҳои нави соҳибихтиёр мароқи зиёд зоҳир намуданд. Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки Тоҷикистонро бо Покистон мепайваст ин умумияти таърихӣ, фархангӣ ва динӣ доштани ин халқҳо буд. Ҳамчунин дар як минтақа ҷойгир шудани онҳо ва вобаста ба ин манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақа барои барқарор намудани густариши муносибатҳои ҳамаҷониба заминаи хуб фароҳам оварда буд. Ин буд, ки Покистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда муносибатҳои расмии дипломатӣ барқарор намуд.

Бояд зикр намуд, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи барномаҳои мухталиф шаҳрвандони зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунд. Дар навбати худ имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи зиёди шаҳвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар риштаҳои гуногун ба омӯзиш фаро гирифта шуданд (www.tajikembassy.pk).

Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон борҳо эътироф намудаанд, ки кишварҳояшон «якдигарро ҳамчун шарики дарозмуддати худ мешуморанд ва барои истифода аз имкониятҳои фаровоне, ки дар заминаи ҳамкроӣ дар тамоми соҳаҳо доранд, ҳамаи корҳоеро, ки аз дасташон меояд, мекунанд».

Хусусан, ки чунин заминаҳо барои суръат бахшидан ва амалӣ гардонидани ҳамкориҳои ҳаматарафа дар соҳаҳои истеҳсоли нерӯи барқ, бунёди корхонаҳои муштарак, дорусозӣ, туризм, роҳсозӣ, тиҷорат, фарҳанг, илм, тарбияи мутахасисон, мубориза барзиди терроризм ва экстремизм ва ғайра мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтугӯҳои ҳайатҳои тоҷикию покистонӣ таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо Покистон дар чаҳорчӯбаи робитаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҳамчун омили сулҳ ва оромӣ дар минтақа назар мекунад» (Назаров Т, Саторзода А « Дипломатияи муосири тоҷик» Д.2006. С. 140-41).

Дар самти сиёсӣ, идеологӣ ва дар миқёси байналмилалӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигар Тоҷикистону Покистон ҳамеша мавқеъҳои якдигарро дастгирӣ менамоянд, ки ин аз ҳамоҳангии хуб ва наздик будани мавқеъҳои сиёсӣ ва байналмилалии ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Бояд зикр кард, ки дар минтақаи Осиё кишварҳое ҷойгиранд, ки аз ҷиҳати иҷтимоиаашон пешқадам мебошад. Дар ин радиф Сингапур, Филипин, Корея, Малайзия, Таиланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистонро, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон зикр кард. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Чин аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Марказӣ, хусусан бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, пайванди сарҳадӣ дошта, минтақаро бо уқёнуси Ҳинд мепайванданд. Мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсии Осиёи Марказӣ барои бозкушоии масирҳои тиҷоратӣ бо манотиқи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз ҷумла Покистон мувофиқанд. Лоиҳаи “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” яке аз барномаҳои муштараки иқтисодии минтақа мебошад, ки таввасути амалисозии он масири тиҷоратии онҳо рушд меёбад. Лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими тиҷоратӣ дошта аз ҷониби роҳбарони ин кишварҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст ва амалисозии он имконияти нави иқтисодиро дар пайвасти роҳи тиҷоратии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин Ӯзбекистон ва Туркманистон фароҳам меорад. Ин даҳлез аз лоиҳаҳои мадди аввали барномаи “Як камарбанд-як роҳ” мебошад. Лоиҳаи Даҳлези иқтисодии Покистон-Чин аз лоиҳаҳоест, ки дар саросари Покистон барномарезӣ шуда, арзиши иқтисодии он ба 55 миллиард доллар расидааст. Лоиҳаи “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” василаи навест, ки таввусути он, хусусан бандари “Гводар”, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурсати кӯтоҳ моли содиротии худро ба ҷаҳониён расонида метавонад.

Ҳамин тавр 23 феврали соли 2005 Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 50 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор дар моҳи марти соли 1994, дертар соли 1996, 2002, 2004, 2005, 2009, 2011, 2015, 2017, 2021 ва 2022 аз Ҷумҳурии исломии Покистон боздиди расмӣ ба амал оварданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаҳои тозаро боз намуд.

Самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, бунёд ва амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ташаббусгар ва ҳамоҳангсози асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст, ки иборат аз сохтани 1,222 км линаи интиқолӣ ва истгоҳҳо,эҷоди кӯмакҳои техникӣ ва молӣ тавассути комиссияҳои муштарак ва рушд ва кӯмак намудани мардуми ҷойгирифтаи масири лоиҳа амалӣ мегардад. Бо амалисозии он кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин восита ба андозаи кофӣ аз буҳрони масорифи энергетикӣ раҳоӣ меёбад. То ба имрӯз бо барқарории муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 50 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Тибқи омор дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода ба 500 миллион доллар расонанд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони урду барои донишҷуён таълим дода шуда, ҳамзамон маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад, ки ба манфиати равобитии таълимиву фарҳангии ҳар ду кишвар кӯмак мерасонад. Устодони ботаҷриба дар ин боргоҳ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Дар ин зимн, барои таҳкими бештар ва табодули илмию адабӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Авру Осиёи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаеро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъсис дод, ки ин ҳам аз аҳамият доштани ҳамкории стратегии минтақа шаҳодат медиҳад.

Илова аз он Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон барои таҳкими адабию фарҳангӣ, сиёсату сайёҳат чун дипломатияи мардумӣ фаъолият дорад.

Бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 декабри соли 2022 бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт. Зимни музокирот, Сарони ду давлат роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои бародаронаи ду кишвар, ки бар мабнои муштаракоти таърихию фарҳангӣ, ҳамбастагии ҷуғрофӣ ва эътиқод асос ёфтаанд, тасдиқ карданд. Сарони давлатҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки рушди онҳоро ба самти ҳамкории стратегӣ, ки ба нафъи ду кишвар аст, идома диҳанд. Сарвазири Покистон аҳаммияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар доираи сиёсати “Дидгоҳи Осиёи Марказӣ”-и Покистон, ки бар панҷ рукни ҳамкориҳои дуҷониба, яъне сиёсӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика ва иттисол, амнияту мудофиа ва робитаҳои байнимардумӣ асос ёфтааст, таъкид кард. Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро, ки айни замон ба сатҳи равобити сиёсӣ мувофиқ нест, ба сатҳи зарурӣ афзоиш диҳанд. Сарони давлатҳо ба тадриҷ рушд намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мубориза бо терроризм ва амният қайд карданд. Онҳо бори дигар азми худро барои густариши минбаъдаи фаъолият баҳри рафъи чолишҳои амниятии ду кишвар ва минтақа таъкид карданд. Ҷонибҳо терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум намуданд. Ҳар ду ҷониб саҳму талошҳои якдигарро дар муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм баланд арзёбӣ карданд. Зарурати таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, савдои одамон ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид. Ҷонибҳо аз таҳдидҳои нав ва зуҳурёбанда, бинобар афзоиши ҳамлаҳои террористӣ бар асари бегонаситезӣ, табъизи нажодӣ, ифротгароӣ ва дигар шаклҳои таҳаммулнопазирӣ ба хотири дин ё эътиқод изҳори нигаронӣ карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ аз кумакҳои доимии башардӯстона ва моддию техникии Покистон барои рушду равнақи Тоҷикистон қадрдонӣ кард. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бартарият ва таҷрибаи ниҳодҳои Покистон дар самти омӯзонидан ва тайёр кардани мутахассисонро дар соҳаҳои гуногун баланд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маорифро тариқи табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ҳар ду кишвар тасдиқ карданд.

Бояд таъкид намуд, ки санаи 2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони воломақом анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;

— Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;

— Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;

— Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Покистонро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.

Натиҷаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро боз як қадами муҳим дар самти густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар замина мегузорад.

Дар зарфи зиёда аз 30 соли охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Покистон дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, натиҷаи самарабахш ба бор овард, дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба имрузҳо гардиши молу маҳсулот, содироту воридот миёни ду кишвар беш аз пеш зиёд гардидаанд, ки амалишавии онҳо ба таъмини сулҳу амният дар минтақа ва баланд гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба рушду тақвияти илму фарҳангии халқҳои ду сарзамин мусоидат менамояд ва ба стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй аст.

Ҳабибҷон Мирзоев – номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ