РУШДИ РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ

23

Ҷаҳони муосир ҷаҳони иртибот ва ҳамкорист. Кишварҳои олам бо садҳо риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ба ҳам пайваста, робитаи гуногунҷабҳаи мамлакатҳо тавассути парламентҳо низ амалӣ мегардад. Бо дарки ин воқеият Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ ва байнипарламентиро баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обрӯю нуфузи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ маҳсуб медонад. Айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли:

— Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз соли 1992);

— Иттиҳоди Байнипарламентӣ (аз соли 2005);

— Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз соли 2006);

— Иттиҳоди Парламентии Созмони ҳамкории исломӣ (аз соли 2007);

— Ассамблеяи Парламентии Осиёгӣ (аз соли 1999);

— Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (аз соли 2010) ба шумор меравад.

Дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи на танҳо бунёди давлатдории миллӣ, балки ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Яке аз самтҳои асосӣ ва авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия мебошад.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз оғози соҳибистиқлолӣ инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд.

Рушд ва раванди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23 апрели соли 2014 чунин баён намуда буданд: «Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо шарики асосии стратегии мо – Федератсияи Русия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.

Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Русия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Русия аст ва чунин хоҳад монд».

Робитаҳои Тоҷикистон ва Русия ба принсипҳои эътимоду боварӣ, ҳусни тафоҳум ва шарики озмудашуда асос ёфтааст. Чунин сатҳи робитаҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи муколама ва машваратҳои доимии роҳбарони сиёсии ҳар ду мамлакат аст.

Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарики стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардиданд.

Дар таҳкими муносибатҳои иттиҳодӣ ва шарикӣ тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба нақши пешбарандаро сарони давлатҳо мебозанд. Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расмӣ ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доимӣ гирифта, аксаран бо натиҷаҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати милл- – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014, 2019, 2025 ба Русия сафарҳои расмӣ анҷом дод. Президенти Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012, феврали 2017, 2020, 2024 сурат гирифтанд. Ин сафарҳо ва ташрифот ҳам аз нигоҳи фосилавӣ ҳам аз нигоҳи муҳтаво хеле беназир буда, аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳӣ медиҳад.

Санаи 17.04.2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Зимни иштирок ва суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони Ассамблея изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.

Дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар доираи ин сафари корӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.

Дар ин самт мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Парламенти мамлакат на танҳо низоми қонунгузории кишварро дар ҳамаи самтҳо такмил дод, балки дар ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналимилалӣ низ қадамҳои устувор мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳимми минтақа ва байналмилалӣ, ҳамеша ҷиҳати паст намудани шиддати авзои мураккаб, барқарор намудани сулҳу суботи кишварҳои минтақаву дунё саъю талош меварзад, ки дар ин самт аҳамияти дипломатияи байнипарламентӣ ва ниҳоди амаликунандаи он Маҷлиси Олӣ хеле бузург аст.

МИРЗОЕВ Ҳ.Т. -номзади илмҳои таърих,устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ