РОБИТАҲОИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ВА ҲАМПАЙМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

57

(дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия)

Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 8 апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд, ки аз ин сана 30 сол сипари гардид. Аз соли 1992 то ба соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 250 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.

Дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи на танҳо бунёди давлатдории миллӣ, балки ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Яке аз самтҳои асоси ва авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия мебошад.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз оғози соҳибистиқлолӣ инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд.

Рушд ва раванди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23 апрели соли 2014 чунин баён намуда буданд: «Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо шарики асосии стратегии мо – Федератсияи Русия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.

Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Русия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Русия аст ва чунин хоҳад монд».

Робитаҳои Тоҷикистон ва Русия ба принсипҳои эътимоду боварӣ, ҳусни тафоҳум ва шарики озмудашуда асос ёфтааст. Чунин сатҳи робитаҳои давлатӣ пеш аз ҳама натиҷаи муколама ва машваратҳои доимии роҳбарони сиёсии ҳар ду мамлакат аст.

Сарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои давлатӣ, корӣ дар форумҳои байналмилалӣ боздидҳо ва мулоқотҳо ба амал оварда аз рӯи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта табодули назар менамоянд. Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 1999 ба Русия ба муносибатҳои шарикии стратегии ду мамлакат заминаи мустаҳкам гузошт. Дар ҷараёни сафари расмӣ ду санади хеле муҳим – Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои ҳам иттиҳодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри ХХI нигаронидашуда ва Аҳднома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. То ба ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ягон давлати хориҷӣ чунин аҳдномаҳоро имзо накарда буд.

Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарики стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардиданд.

Дар таҳкими муносибатҳои иттиҳодӣ ва шарикӣ тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба нақши пешбарандаро сарони давлатҳо мебозанд. Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расмӣ ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доимӣ гирифта, аксаран бо натиҷаҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон апрели 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014, 2019, 2025 ба Русия сафарҳои расмӣ анҷом дод. Президенти Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012, феврали 2017, 2020, 2024 сурат гирифтанд. Ин сафарҳо ва ташрифот ҳам аз нигоҳи фосилавӣ ҳам аз нигоҳи муҳтаво хеле беназир буда аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни ин ташрифот масъалаҳои муҳими баҳамсозии Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои ҳарбӣ ва сарҳадот таъмини амнияти минтақа, тавсеаи алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ барраси гардида, якқатор созишномаҳо оид ба тадбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи гидроэнергетика ва фулузоти ранга, истихроҷи газ, нафт ва канданиҳои фоиданок ба имзо расиданд.

Намунаи барҷастаи таҳкими муносибатҳои шарики байни ду кишвар ташрифи расмии Президенти Русия В.В. Путин ба Тоҷикистон 5 октябри 2012 ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни он санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ, энергетика, расондани маводи нафтӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират имзо гардиданд. Соли 2013 ҷиҳати тадбиқи ин санадҳо Созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардиданд, китибқи он ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда нархи имтиёзнок муқаррар карда шуд. Шароити буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар карда шуда,муҳлати кор ва сабти номнависии онҳо дароз карда шуд. Сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқии обӣ дар шимоли ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуд.

Сатҳи баланди равобити сиёсӣ омили муҳими рушди ҳамкории стратегии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва иттилоотии дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ мебошад.

20 декабри 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

Зимни вохурӣ рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, муҳокима карда шуданд.

Ҳамчунин масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки кӯшишҳои ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар ҳама соҳаҳо натиҷаҳои назаррасро медиҳанд. Дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати Русиягӣ, аз ҷумла муштарак, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мебаранд, ки аз лиҳози назаррастарини он ҷамъияти саҳомии Русиягии «ЕЭС Русия», ки зимни сохтмони НБО Сангтӯда тақрибан 1,5 млрд. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва ҷамъияти саҳомии «Газпром», ки зиёда аз 50% бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро таъмин намудааст, ба ҳисоб мераванд.

Дар 5 соли охир, маблағгузорӣ ба Тоҷикистон ба 5 млрд. доллари амрикоӣ расид, ки ҳамасола маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳуриамон 37-40% маблағгузории берунаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Санаи 16 март Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ намуданд. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Ҳангоми ташриф масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин тавсия ва рушд ҳамкориҳо дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг низ дар суҳбати сарони ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби Сарони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар ин зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт бо забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таълим мегиранд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни соли равон дар Федератсияи Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар барои мукаммалсозии ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт, талош хоҳанд кард.

Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд. Ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлат қарор дошт.

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои куҳӣ зарар дидаанд;

– Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028;

– Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

– Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ.

Баъди имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаи музокироти сатҳи олӣ бо изҳорот суханронӣ намуданд.

Ҳамин тавр, аз натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ба хулосае омадан мумкин аст, ки вазъи кунунии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Русия бозҳам устувор боқӣ мемонад.

МИРЗОЕВ Ҳ.Т. -номзади илмҳои таърих,устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ