РОҒУН – СИМОИ ТОҶИКИСТОНИ СОЗАНДА

276

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати касби истиқлолият ва сиёсат хирадмандониа пешвои миллат дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, дорои фарҳанги хосса ва анъанаҳои давлатдорӣ муарифӣ гаштааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳар як кишвари мустақил эҷоди симои (имиҷи) мусбат дар муносиабтҳои байналхалқӣ ба шумор меравад. Зеро истиқрори равобити мутақобила бо кишварҳои ҷаомеаи ҷаҳонӣ, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ аз мавҷудияти имиҷи мусбат, эътимод ба ояндаи давлат ва дунамои рушди он сарчашма мегирад.

Яке аз омилҳои эътироф гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дастовардҳои он дар самти дипломатия ва сиёсати хориҷӣ буда, табдили кишвар ба нуқтаи амнтарини сайёра бозгӯйи ин воқеияти бебаҳс ба шумор меравад. Вале дар баробари дастовардҳои дигар бунёди Кохи нури тоҷик – иншооти бузургтарини аср Неругоҳи барқӣ-обии Роғун бозгӯйи сиёсати созанда ва симои ташаббускори миллату давлати тоҷик ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, ташаббуси бунёди Неругоҳи барқӣ-обии Роғун, ки дар заминаи мубризаҳои зиёди дипломатӣ, исботи дуруст будани мавқеи кишвар дар саҳнаи байналхалқӣ, тарғиби «энергияи сабз», мусоидат ба ҳалли масоили обу иқлим ба даст омадааст, омили ташаккули симои мусбат ва азми созандагии миллати тоҷик эътироф мегардад. Мутобиқи таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад ва баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.

Аз ҷониби дигар, бунёди НБО “Роғун” бо шаҳомат ва бузургии худ ба ташаккули симои созандаи миллати тоҷик заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт. Иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар аст ва он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди 335 метр муайян шудааст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад. Бо дарназардошти баландии сарбанд ва шароити кӯҳсор “Роғун” баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори онро бо ҳаҷми умумии 13,3 км3 ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд.

Сохтмони НБО Роғун на танҳо ба манфиати ҷумҳурии мо, балки ба манфиати ҳамсоякишварҳо, низ хоҳад буд. Зеро он тарғибгари иродаи матин, қувваи бузурги эҷодгари мардуми тоҷик, рушди саноатӣ, нерӯи сабз, ҳалли мушкилоти таъминоти об дар минтақа ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ба шумор меравад.

Бунёди чунин неругоҳ аз ҷониби Тоҷикистон воқеан кишварро аз ҷониби дигар – созандагӣ, ҳамбастагии шаҳрвандон, устуворӣ ва қатъият дар райъ, қабули қарор ва мтақоид сохтани аҳли башар муаррифӣ хоҳад кард. Ҳамзамон НБО “Роғун” ҳисси ифтихори миллиро дар замири мардум боло бурда, боварии миллатро дар бунёди иншоотҳои бузургу муқтадир афзоиш медиҳад. Ташаккули симои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ, эътибору нуфуз ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ ва тарғибгари сулҳу ободӣ аз касби истиқлолият манша гирифта, бунёди мустақилонаи НБО “Роғун” яке аз меваҳои он мебошад.

Боварӣ дорам, ки мардуми бонангу ори Тоҷикистон дар қаринаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ватан, рушди он ва тақвияти симои созанда дар саҳнаи ҷаҳонӣ беш аз пеш кӯшиш намуда дар муаррифии Тоҷикистон саҳми муассири худро хоҳанд гузошт.

Амриддин ШАРИПОВ, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ